Шурои олимони ҷавони институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф” барои соли 2024 миёни олимони ҷавон (то 35 сола)-и институт озмуни “Мақолаи беҳтарин” -ро дар се самт: геология, сохтмон ва сейсмология баргузор мекунад.
Дар озмун танҳо мақолаҳое ба эътибор гирифта мешаванд, ки соли 2024 ба нашр расидаанд.
Муҳлати охири қабули мақолаҳо ба озмун 01.12.24 мебошад.
Мақсад аз гузаронидани озмун ин ҷалби олимони ҷавон ба навиштани мақолаҳои илмӣ ва пайвасти илм бо истеҳсолот мебошад.
ШАРТҲОИ ОЗМУН
- Навоварӣ;
- Номи Институт ва муаллифи дар озмун иштироккунанда бояд дар аввал бошанд;
- Пеш аз пешниҳод кардани мақола ба озмун, муаллиф бояд вобаста ба мавзуи мақолаи худ дар семинарҳои илмии ШОҶ-и Инстиут, ки мувофиқи нақшаи тақвимии ШОҶ ҳар моҳе як маротиба бояд баргузор мегардад, маъруза (презинтация) кунад;.
Мақолаҳои беҳтарин аз тарафи комисияи озмун (Каримов Ф.Ҳ., Мавлонӣ С, Негматов Т. ва Раҳимбекова М.Р.) муаян карда мешаванд.
Озмун моҳи 9-уми декабри соли 2024 дар семинари илмӣ, ки бахшида ба рӯзи геологҳо гузаронида мешавад, натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Институт бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Марҳамат, ширкат кунед ва худро санҷед!
Шурои олимони ҷавони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмолгияи АМИТ!