preloader

интизор шавед...

Геология ва рушди иқтисоди кишвар

  • 15-мар-2024
  • 56 дидани саҳифа

                                          Дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат,

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси

намояндагони кишвар

Геология ва рушди иқтисоди кишвар

Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони кишвар баён доштанд, ки: «…фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд…»  Гузашта аз он, Сарвари давлат Вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки «…ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ ва мушаххассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд».


Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидааст, ки геология яке аз соҳаҳои муҳими имрӯзи ҳаёт маҳсуб мешавад, ки дар рушд ва пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми беандоза калонро дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чанд санади муҳимро ба тавсиб расонидааст, ки ояндаи рушди соҳаи геологияро муайян менамояд. Минҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 309 аз 6 — уми январи соли 2022 г. оид ба эълом доштани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 -уми ноябри соли 2015 таҳти рақами 728 оид ба «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва баҳодиҳии захираҳои металлҳои камёфту нодир барои солҳои 2016-2026» ва зумра дигар фармону қарорҳои Ҳукумати кишвар худ аз зумраи он дастурҳоеанд, ки кормандони соҳаро водор месозанд то дар ин самт ҳарчи бештар кӯшиш намоянд, ки зуҳуроту конҳои нав ба навро мавриди омӯзиш ва ошкор қарор диҳанду баҳри истихроҷу истифода манзури корхонаҳои саноатии кишвар гардонанд.

Воқеан, Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ буда, дар қаъри кӯҳҳои хамӯши он захираи хело бузурги канданиҳои фоиданок маҳфузанд. Ва баҳри омӯзишу дарёфти ин захираҳо имрӯзҳо мутахассисони соҳа ва олимон пурмаҳсул меҳнат кашида истодаанд. Ва ба ин васила, дар амалӣ гардидани кулли барномаву стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин самтҳо саҳми худро гузошта истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисози ҳадафҳои стратегии худ ба Вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ ҳамасола маблағҳои заруриро дастрас менамояд, ки то мо тавонем дар ҷустуҷӯву ошкор ва иктишофи конҳои нав ба нави канданиҳои фоиданоки сарзаминамон босамар заҳмат кашем.

Дар пиёда намудани он барномаву стратегияҳое, ки Ҳукумати кишвар қабул кардааст, хоса геологони Экспедитсияи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагии ходимони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон самаранок фаъолият бурда истодаанд. Мутобиқи лоиҳаҳои «Арзёбӣ ва ҷустуҷӯйи зуҳуроти аместисти қаторкӯҳҳои Қаротегин» ва «Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ-иктишофии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар қаторкӯҳҳои Ишкошим ва Шохдара» тайи 2 соли охир геологони ин ниҳоди истеҳсолӣ дар ин ду минтақаи кишвар ба иҷроиши корҳои геологии саҳроӣ машғул шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Ошкор намудани зуҳуроти нави аместистӣ дар мавзеъи Таги Камари дараи Ҳакимии ноҳияи Рашт (қаторкӯҳи Қаротегин) ва чанд нуқтаву зуҳуроти сангҳои қиматбаҳову ороишӣ дар қаторкӯҳҳои Шохдараву Ишкошими Помири ҷанубу ғарбӣ аз шумули он хизматҳоест, ки геологони ин Экспедитсия ва ходимони илмии Институти мазкур дар пиёда намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ба сомон расонидаанд. Ва ин лоиҳаҳо тайи солҳои баъдин низ амал мекунанд ва дар пояи он лоиҳаҳо дар ояндаи наздик ошкор гардидану дарёфт кардани зуҳуроту конҳои нав ба нави канданиҳои фоиданок аз эҳтимол дур нест. Бояд зикр намуд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон мутахассисини соҳа дар ошкору дарёфт ва омӯзиши конҳои гуногуни кандани ҳои фоиданок ва истихроҷу ба истифода додани онҳо пурмаҳсул заҳмат мекашанд. Имрӯзҳо дар ҳудуди кишвар як зумра конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумлаи кони пошхӯрдаи тиллои Дарвози ғарбӣ, кони оҳани Тоҷикистони шимолӣ, тиллои Пакрути Тоҷикистони марказӣ ва ғайраҳо мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтаву дар сатҳи зарурӣ коркард карда мешаванд.

Пешрафту нумуъи ҳар як соҳаи муҳими иқтисодиёти кишвар аз ҷалбу тарбияи мутухассисини ҷавони соҳа сахт марбут аст. Ва дар самти омода намудану рӯйи кор овардани кадрҳои чавони маҳаллӣ дар соҳаи геологияи кишвар воқеан ҳам, мушкилот ҷой доранд. Зеро, имрӯз мо мебинем, ки дар корхонаву муассисоти илмиву истеҳсолии геологии кишвар сафи кам андар ками мутахассисин дар омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданоки маъданӣ фаъолият доранд. Хусусан, ин вазъият дар корхонаву муассисот ва идораҳои соҳавие, ки ба ҷустуҷӯву омӯзиш, баҳодиҳиву ошкор ва дарёфт кардани канданиҳои маъданӣ машғуланд, баръало эҳсос мешаванд. Чӣ дар факултаи геологияи ДМТ ва чӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва чӣ дар дигар муассисоти таълимӣ, ки дар ҳоли имрӯз ба тайёр кардани кадрҳои ҷавони маҳаллӣ барои истеҳсолоту муассисоти илмӣ фаъолият менамоянд, сафи олимони варзидаву устодони тавоно ва кордону соҳибкасби илмӣ, ки тавонанд дар ин самт саҳмгузор бошанд, хело ангуштшуморанд. 

Мо, кормандони илмиро имрӯз зарур аст, ки дар пиёда намудани сиёсати кунунии давлат, хоса дар самти амалӣ намудани барномаҳову стратегияҳои давлатӣ дар самти аз худ намудани захираҳои металлҳои камёфту нодир ва элементҳои радиоактивӣ паҳлӯи ҳам истода, кадрҳои маҳаллиеро рӯйи кор орем, ки воқеан ҳам ҷавобгӯйи талаботи кунунии иқтисоди кишвар бошанд.

                        Ш. Ф. Валиев,

                                   сарходими илмии ИГСЗТС  АМИТ,

                                               доктори илмҳои геология ва минералогия;

                                                                         Ф. Г. Ғафуров,

Мудири лабораторияи ИГСЗТС-и АМИТ, номзади илмҳои геология ва минералогия

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту