preloader

интизор шавед...

Пайдоиш ва рушди геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар Тоҷикистон. Бахши чорум

  • 16-мар-2024
  • 94 дидани саҳифа

Таҳқиқоти сохторӣ-геологӣ ва геофизикӣ бо мақсади ҷустуҷўи минерализатсияи пинҳони конҳои сурма-симоби минтақаи кўҳии Зарафшон-Ҳисор аз ҷониби Х.М.Юсупов гузаронида шудааст.  Хусусиятҳо ва қонуниятҳои асосии паҳншавии фазоии минерализатсияи эндогенӣ дар Тоҷикистони Марказӣ омўхта шуданд. Хусусиятҳои минералогия, геохимия ва генезиси конҳои тилло, сурма-симоб, волфрам, полиметаллҳо ва флюорит ошкор карда шуданд (Н.А.Блохина, Т.Н.Новикова, Д.Х.Ахмеров, К.П.Мясников, Ю.А.Шуликовская, Г.А. Ишан-Шо, К.В.Вазиров, А.Р.Файзиев, О.Р.Баротов ва дигарон).

Параметрҳои физикию кимиёвии ташаккулёбии рагҳои кварси дорои кристаллҳои шаффоф муайян карда шуда, нақши омилҳои термобарогеохимиявӣ дар раванди ташаккули булури кўҳӣ нишон дода шудааст ва усули ҷустуҷўи холигиҳо аз рўйи булури кўҳӣ пешниҳод шудааст (С.А.Морозов). Дар асари М.А.Ҳаррис шароит ва шакли тақсимоти маъдан ва тиллои пошхўрда дар қаламрави ҷумҳурӣ тавсиф шудааст.

Баъзе масъалаҳои умумии металлогенияи Помир - хелҳои рушдёфтаи форматсияи маъданҳо, робитаи онҳо бо сохторҳои минтақавии тектоникӣ ва чуқури буриши денудатсионӣ аз ҷониби Л.Н.Афиногенова ва А.А.Алиев омўхта шудаанд. Қонуниятҳои асосии паҳншавии фазоии маъданҳои асосӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар асарҳои Л.Н.Афиногенова ва Р.Б.Баротов таҳқиқ шудааст. Тадқиқот дар мавриди геохимияи элементҳои нодир дар форматсияҳои магматикӣ, метаморфӣ ва маъдании ҷумҳурӣ босуръат инкишоф ёфтанд. Кларкҳои минтақавӣ ва маҳаллии элементҳои нодири литофилӣ дар тамоми ҷинсҳои интрузиви Тоҷикистон ҳисоб карда шуда, элементҳо-ғашҳо дар маъданҳои конҳои гуногун омўхта шудаанд, ки ин имконияти дурусти арзёбии мураккабии ашёи хоми минералиро фароҳам овард (В.В.Могаровский, А.К.Мелниченко).

Институти геология аз ҷиҳати амалӣ коркардро оид ба тавсифи хусусиятҳои гидрогеологии минтақаҳои обёришавандаи Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шимолӣ, омўзиши обҳои минералӣ ва гарм ба анҷом расонида, пешгўии зуҳуротҳои ярчиро таҳия намудааст.

Тадқиқоти гидрогеологии табиати мелиоративи дошта аз солҳои аввали мавҷудияти институт оғоз ёфтааст. Нақшаи якуми ноҳиябандии гидрогеологии водии Вахш оварда шуд, сабабҳои шўршавӣ ва ба ботлоқ табдил ёфтани қисматҳои алоҳидаи он дар ҷараёни обёрӣ аниқ карда шуданд, масъалаҳои мелиоративӣ ва обёрӣ бо истифода аз шабакаи дренажии уфуқӣ таҳия карда шуданд (С.Н.Домарев, Н.И.Обидин, E.E.Керкис, И.Н.Полетаев). Омўзиши шароити гидрогеологӣ ва кимиёвии обҳои зеризаминии Тоҷикистон ба П.А. Панкратов имкон дод, ки дар бораи истифодаи комплексии онҳо барои обёрӣ ва обтаъминкунӣ тавассути истифодаи дренажии амудӣ тавсияҳои асоснок пешниҳод намояд. Хусусиятҳои гидрокимиёвии обҳои рўизаминӣ ва зеризаминии массивҳои обёришавандаи Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ сохта шуданд (И.И. Сабут).

Қонунияти ташаккулёбии обҳои термоминералӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ муқаррар карда шуда, оид ба истифодаи амалии намудҳои гуногуни ин об тавсияҳо дода шуданд (Н.М.Чуршина). Хусусиятҳои гидрогеокимиёвии обҳои маъдании Қарамазор таҳқиқ карда шуданд (Т.Л.Насимов).

Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ харитаи ноҳиябандии муҳандисӣ-геологии қаламрави Тоҷикистон тартиб дода шуд, минтақаҳои нисбат ба ярч ва фурўғалтишҳо хатарноктарин муайян карда шуда, меъёрҳои пешгўии ин зуҳурот муқаррар карда шуданд (В.И.Преснухин, А.Б.Марков). Атласи харитаҳои махсуси муҳандисӣ-геологии Тоҷикистон сохта шуданд, тавсияҳо оид ба истифодаи оқилонаи ҳудуди кўҳӣ бо мақсади рушди сохтмони саноатӣ-шаҳрвандӣ дода шудаанд. Натиҷаҳои бадастомада дар нашри асарҳои зерин дохил шуданд: “Гидрогеологическое обоснование ирригационно-мелиоративных мероприятий в Таджикистане”, “Гидрогеология и инженерная геология Таджикистана”, “Оползни Таджикистана”, “Минеральные воды Таджикистана”, “Душанбинский артезианский бассейн” ва ғайра.

Дар Институт барои омўзиши таърихи геологии ҳудуди Тоҷикистон корҳо анҷом дода шуданд. 3 ҷилд рефератҳои асарҳои геологии нашршуда ва шарҳи онҳо барои солҳои 1941-1960 интишор шуданд, инчунин библиографияи корҳои геологӣ дар Тоҷикистон аз соли 186l то соли 1970 ба табъ расид (Ҳ.Н.Назаров). Дар бораи таърихи илми геология 2 китоб нашр карда шуд.

Соли 1995 бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шўъбаи география ва экология ба Институт ҳамроҳ карда шуд. Кормандони шўъба (Х.М.Муҳаббатов, И.М.Потапова, П.Г.Макиевский, А.Ф.Финаев, Р.Б.Сатторов, Г.М.Ковалевская) асосҳои илмии комплексии дурнамои тағйирёбии муҳити табиӣ, захираҳои кӯҳӣ ва аридии минтақаҳои Тоҷикистон ва тағирёбии онҳоро бо таъсири чорабиниҳои калони хоҷагии халқ таҳия намуда, таҳқиқоти зарурии экологиро дар минтақаи ҳавзаи баҳри Арал гузаронида ва дар асоси онҳо тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани вазъ дар минтақаи ташаккули ҷараёни об коркард карданд.

Дар робита ба шароити Тоҷикистон, ки дар минтақаи бархўрд бо плитаҳои Гондвана ва Лавразия ҷойгир аст ва минтақаи орогенияи ҷавонро фаро мегиранд, таҳқиқот оид ба нео- ва сейсмотектоника аҳамияти хоса доранд. Ҳанўз солҳои 40-ум И.Е.Губин дар заминаи омўхтани шароити геологии зуҳуроти харобиовари заминҷунбӣ дар ҷануби Тоҷикистон усули сейсмотектоникии ноҳиябандии сейсмикиро асоснок кард, ки он то имрўз дар шакли пешрафта истифода мешавад.

Кормандони Институти геология якҷо бо сейсмологҳо ҳангоми омўзиши минтақаҳои сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ-обии Норак ва Роғун усули ноҳиябандии муфассали сейсмотектоникиро кор карда баромаданд. Ба як системаи муайян даровардани кафишҳо дар Тоҷикистон аз рўйи аломатҳои гуногун сурат гирифт (А.М.Бабаев). Муқаррар карда шудааст, ки минтақаҳои муҳимтарини сейсмогенӣ дар Тоҷикистон бо ҳаракатҳои навин аз рўйи кафишҳои чуқур ва канории пайдоиши қадим муайян карда мешаванд; кафишҳои дараҷаи аввал, ба монанди Ҳисору Кокшал, метавонанд бо қувваи то 9 балл ва ё зиёда аз он таконҳои сейсмикиро ба вуҷуд оранд. Харитаҳои минтақаҳои неотектоникӣ ва сейсмогении Тоҷикистон тартиб дода шуданд (А.М.Бобоев, В.М.Рейман, Л.М.Лысков, В.А.Белский, О.П.Сапов, М.Т.Тоҷибеков, Г.Ш.Ачилов, Н.Раҷабов). Тадқиқоти палеосейсмодислокатсионӣ имкон доданд, ки рушди реҷаи сейсмикӣ сари вақт ва қувваи эҳтимолии заминҷунбӣ дар минтақа бо қувваи баланд арзёбӣ карда шавад (В.К.Кучай).

Харитаи минтақаҳои зилзилазои Тоҷикистон

 

Дар асоси хусусиятҳои муайяншудаи геологию геофизикии минтақаҳои хатарноки сейсмикӣ ва арзёбии миқдории гузаронидашуда дар ҳамкори бо Саридораи геологияи ҶШС Тоҷикистон ва Институти, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология соли 1975 харитаи нави ноҳиябандии сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон сохта шуда, соли 1978 дар амал татбиқ карда шуд ва то имрўз ҳамчун санади меъёрии ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии ҷумҳурӣ хидмат мекунад. Мураттибони харита В.Г.Кошлков, К.М.Мирзоев ва А.М.Бабаев мебошанд, ки дар соли 1977 ба Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Сино мукофотонида шуданд.

Хартиаи меъёрии хатари сейсмикии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Саҳми олимони Институти геология дар рушди истеҳсолоти кишвар хеле назаррас аст. Дар асоси шартнома мунтазам намудҳои гуногуни тадқиқоти геологӣ гузаронида мешаванд. Институт тарҳҳои стратиграфӣ, ноҳиябандии тектоникӣ, магматизм ва металлогенияро барои истифода дар амалияи корҳои аксбардории геологӣ пешниҳод кардааст. Тавсияҳо оид ба самтҳои корҳои ҷустуҷўӣ-иктишофӣ барои намудҳои гуногуни канданиҳои фоиданок, истифодаи оқилонаи обҳои зеризаминӣ ва пешгўиҳои зуҳуротҳои номатлуби табиӣ, аз қабили фурўғалтӣ ва ярчҳо дода мешаванд.

 

П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода

М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим,

номзади илмҳои геология ва минералогия

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту