Ба сабаби ба кори Институти геология ва геофизикаи Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ гузаштани В.Н.Гайский солҳои 1964-1965 вазифаи директори институтро Ворожсов С.Л. иҷро намуд.
Соли 1965 институтро С.Ҳ.Неъматуллоев роҳбарӣ намуд. Корҳои дар институт зери роҳбарии ў гузаронидашуда, минбаъд рушд кард. Дар ин давра аз ҷониби Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ вобаста ба эҳтиёҷоти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва таҷрибаи андўхтаи институт самтҳои асосии таҳқиқот дар соҳаи сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар тасдиқ карда шуданд:
- омўзиши табиати раванди сейсмикӣ ва алоқаҳои зилзиланокӣ бо сохти геологӣ, маълумоти геофизикӣ, майдонҳои шиддатҳо, деформатсияҳои қишри Замин, такмили усулҳои ноҳиябандии сейсмикӣ, арзёбии хатари сейсмикӣ ва ҷустуҷўйи пешгӯйи эҳтимолии заминҷунбиҳои сахт;
- омўзиши ҳаракати хок ҳангоми заминҷунбиҳои сахт ва хусусияти шиддатҳое, ки дар ҷузъҳои конструктурии биною иншоот дар вақти заминҷунбӣ пайдо мешаванд, бо мақсади ба даст овардани заминаи геофизикӣ барои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар;
- гузаронидани ноҳиябандии сейсмикии ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳиябандии муфассали сейсмикии майдонҳои объектҳои бузурги саноатӣ ва гидротехникӣ;
- гузаронидани таҳқиқоти таҷрибавию назариявии объектҳои муҳандисии воқеӣ ҳангоми заминҷунбиҳо ва таркишҳо бо мақсади ҷамъоварии маълумоти амалӣ барои санҷиш ва аниқ кардани минбаъдаи методикаи ҳисобҳои муҳандисӣ аз рўйи маълумоти муҳандисию сейсмологӣ;
- дар асоси натиҷаҳои бадастомада аниқ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки онҳо барои муайян кардани хатари сейсмикӣ ва ҳисобкуниҳо барои биною иншооти дар ноҳияҳои сейсмикӣ лоиҳашаванда заруранд.
Бо мақсади рушд дар ин самтҳо дар институти сейсмология лабораторияҳои нав таъсис дода шуда, шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ васеъ карда шуданд, полигонҳои пешгўӣ сохта шуданд, хадамоти муҳандисию сейсмометрии полигони «Лоҳур», шаҳри Душанбе, саддҳои Сарбанд ва НОБ-и Норак ташкил карда шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳандозӣ карда шуданд.
Дар солҳои 70-ум аз ҷониби Т.И.Кухтикова, В.М.Кулагин, А.Я.Баринова, М.В.Кулагина, Г.К.Почоҷанова аз рўйи маълумотҳои сейсмологӣ буришҳои суръатии қишри Замин муайян карда шуда, схемаи релефи сарҳади Мохоровичич барои каламрави Тоҷикистон ва релефи таҳкурсии кристаллии депрессияи Тоҷик сохта шуданд. Схемаи сохтори қишри Замин ба ҳалли як қатор масъалаҳои ҷустуҷўи нафту газ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуданд.
Таҳти роҳбарии академик М.А.Садовский дар институт масъалаҳои назорати энергияи сейсмикии озодшаванда бо мақсади пешгирии заминҷунбиҳои сахт бомувафаққият ҳал карда шуданд. Яке аз самтҳои ҳалли ин масъала омўзиши пайдошавии «микрозаминҷунбиҳо» аз тарафи С.Д.Виноградов, К.М.Мирзоев, Н.Г.Саломов, И.С.Шепелин дар шароити лабораторӣ, яъне кафишҳои хурдтарине буд, ки ҳангоми имитатситяи таъсирот ба қувваҳои тектоникӣ ба онҳо таъсиркунанда пайдо мешаванд. Дар рафти ин таҳқиқот таъсири микролаппишҳои механикии муҳити атроф ба ҷаҳишмонандии деформатсияҳои пластикии маводҳои гуногун ошкор карда шуд. Қонуниятҳои умумитари дар рафти таҳқиқот ошкоршудаи раванди сейсмикӣ вобаста ба дараҷаи ғайриякҷинсии муҳит, суръати деформатсияшавӣ ва хосиятҳои мустаҳкамии маводҳои вайроншаванда имконияти гузаронидани таҷрибаҳои махсуси саҳроиро дар мавриди таъсироти вибратсионӣ (ларзишӣ) ба қитъаи марказӣ бо мақсади кам кардани энергияи сейсмикии озодшаванда боз намуданд. Чунин таҷриба дар ноҳияи НОБ-и Норак гузаронида шуд, ки он ҷо ба сифати вибратор сарбанди чуқури садамавии обпарто истифода гардид.
Таҳқиқоти ҳаракатҳои муосири қишри Замин бо таъсири қувваҳои тектоникӣ, мавҷҳои маддӣ, ки боиси кашиши Моҳу Офтоб ва равандҳои техногенӣ гардидааст, аз тарафи А.Б.Бахрушин, В.И.Старков, К.М.Анохина, Г.П.Артамасова, Э.Я.Старкова, С.Д.Ризоева таҳти роҳбарии А.Е.Островский ва иштироки Л.А.Латинина гузаронида шуданд. Дар пойгоҳи геофизикии «Кондара» санҷиши таҷрибавии амалан ҳамаи дастгоҳҳои барои ченгирии тамоюл ва деформатсияҳо истеҳсоли Бюрои таҷрибавию конструктории Институти физикаи Замин доир карда шуд. Бо ташаббуси академик М.А.Садовский дар заминаи методикаи дар институт коркардшудаи мушоҳидаҳои тамоюл-деформетрометрӣ дар ҳудуди Тоҷикистон шабакаи пойгоҳҳои комплексӣ таъсис дода шуд. Ин шабака имкон дод, ки таҳқиқоти равандҳои умумии деформатсионӣ барои мақсадҳои ҷустуҷўйи аломатҳои пешгўйикунандаи заминҷунбиҳо гузаронида шаванд, ҳамчунин масъалаҳои амалии алоқаманд ба сохтмони объектҳои бузурги гидротехникӣ ҳал карда шаванд.
Дар солҳои 70-ум ба мушоҳидаҳои геофизикии деформатсияҳои қишри Замин таҳқиқотҳо оид ба физикаи заминҷунбиҳо, параметрҳои сейсмогидрогеохимиявии обҳои маъдании гарми зеризаминӣ, тағйироти майдони геомагнитии маҳаллӣ илова гардид, ки онҳо дар ҳалли масъалаҳои геодинамикаи минтақаи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчўби консепсияи тектоникаи плитаҳо нақши муҳим бозиданд. Таҳқиқотҳои комплексии сейсмогеофизикиро дар оғоз М.В. Кулагин, К.М. Мирзоев, А.П.Каток, Р.С.Михайлова, О.В.Соболева, В.И.Старков ва дигарон, сипас Н.Г.Саломов, Ф.Х.Каримов, Р.У.Ҷураев ва дигарон роҳбарӣ карданд. Дар чаҳорчўби ин таҳқиқот механизми марказҳои заминҷунбиҳои тектоникӣ, ҳамалоқамандии равандҳои омодашавии заминҷунбиҳои қишрӣ ва мантийгӣ, ҷойивазкунии зилзиланокӣ, зоҳиршавии мавҷҳои тектоникии деформатсионӣ омўхта мешавад, механизми заминҷунбиҳои чуқурманбаъ моделсозӣ карда мешавад, нақши флюидҳо дар равандҳои сейсмотектоникӣ муайян карда мешавад, муоинаи микросейсмикии оқибатҳои заминҷунбиҳои харобиовар дар қаламрави Тоҷикистон пеш бурда мешавад, таҷрибаҳои лабораторӣ оид ба тағйироти суръати деформатсияҳои пластикии намунаҳои шиддатноки ҷинсҳои кўҳӣ ва ғайра гузаронида мешавад.
Аз ҷониби С.А.Шагинян, Б.П.Сухаревский, А.А.Деркачев, Б.Б.Бегиев, Д.Г.Бибарсова, Х.Содиқов, Э.Акилов, С.Ҳ.Неъматуллаев, А.А.Акишин, А.И.Золотарев дар ҳаҷми зиёд таҳқиқотҳои назариявӣ ва таҷрибавии мустаҳкамӣ ва устувории ҷузхои конструктории биною иншооти дар ҷумҳурӣ сохташаванда гузаронида шуданд. Объектҳо дар бузургии натуралӣ дар полигони таҷрибавии институт «Лоҳур» озмоиш карда шуданд. Дар ин полигон бино, иншоот, таҷҳизоти энергетикӣ ва технологӣ тавассути таркишҳои махсуси бавуҷудоварандаи заминҷунбӣ, ки барои озмоиш таъйин шудааст, аз санҷиши як қатор объектҳои воқеӣ гузаронида шуд, амалан тамоми дастгоҳҳои қайди ҳаракатҳои сахти қишри Замин, ки дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ истеҳсол шудаанд, озмоиш карда шуданд.
Гузаронидани озмоишҳо дар машқгоҳи таҷрибавии «Лоҳур»
Дар институт корҳо оид ба омўзиши рафтори биною иншооти воқеӣ ҳангоми заминҷунбӣ рушди назаррас ёфтанд. Барои гузаронидани ин таҳқиқотҳо хадамоти муҳандисию сейсмометрӣ (ХМС) дар биною иншоот ташкил карда шуданд. Нахустин чунин хадамот соли 1964 дар биноҳои машқгоҳи таҷрибавии «Лоҳур» бо иштироки фаъоли Д.А.Харин, В.А.Сорокин, Н.И.Марховс ва дигарон ташкил карда шуд. Таҷрибаи ташкил кардани ХМС дар шаҳрҳои калони Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар ноҳияҳои сейсмикӣ ҷойгир шудаанд, ба таври васеъ истифода мешавад. Дар шаҳри Душанбе ХМС дар биноҳо ва замин аз соли 1967 таҳти роҳбарии Б.Б.Бегиев, А.А.Лунев, А.Ф.Салиев ташкил карда шуданд. Кормандони Институти физикаи Замини АИ ИҶШС Д.А.Харин, Б.Г.Рулев, В.А.Токмаков дар ҳалли ин масъала кўмаки бебаҳо карданд. Дар оғози солҳои 90-ум ин хадамот ба гузаронидани мушоҳидаҳо ба 15 бинои шаҳрҳои Душанбе ва Норак низ машғул гардиданд.
Соли 1969 таҳти роҳбарии Г.С.Селезнев, Р.С.Шусер ва Ю.Л.Заславский хадамоти муҳандисию сейсмометрӣ дар сарбанди 30-метраи мавҷудаи НОБ-и Сарбанд ва дар давраи солҳои 1970-1980 чунин хадамот дар сарбанди 300-метраи НОБ-и Норак ташкил карда шуданд. Маводи зиёди таҷрибавие, ки аз тарафи ин хадамот оид ба ҳолати биною иншоот ҳангоми заминҷунбиҳо ва дигар таъсироти динамикӣ ба даст оварда шуд, имкон доданд, ки дар назария ва амалияи сохтмони зилзилабардор саҳми арзанда гузошта шавад, ҳамчунин коркарди ҳаллҳои нави конструктории биною иншооти зилзилабардор таъмин карда шавад.
Хадамоти муҳандисию сейсмометрии НБО-и Норак ва Сарбанд
Аз рўйи натиҷаҳои таҳқиқоти таҷрибавии А.В.Триппел, А.П.Клочко, М.Ҷабборов, С.В.Кожаринов, А.А.Лунев, Е.А.Аверянова усулҳои тақвият ва барқарорсозии биноҳои дар заминҷунбӣ зарардида коркард ва такмил дода мешаванд. Бисёре аз ин усулҳо дар амалия ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбиҳои сахт, ҳамчунин ҳангоми тақвият ва барқарорсозии биноҳои зарардида дар саноати сохтмонии ҷумҳурӣ татбиқи амалӣ ёфтанд.
Хусусан таҳқиқотҳои комплексии институт оид ба масъалаҳои сейсмология, сейсмологияи муҳандисӣ ва сохтмони зилзилабардор дар солҳои 70-80 инкишоф дода шуданд. Дар институт бори нахуст дар Иттиҳоди Шўравӣ корҳо оид ба пешгўйии заминҷунбиҳо ба роҳ монда шуданд. Харитаҳо бо нишон додани маҳалҳои бештар эҳтимолдоштаи пайдоиши заминҷунбиҳои сахт дар ҳудудҳои Тоҷикистон ва Шимоли Афғонистон омода ва нашр карда шуданд. Айни замон пешгўйии заминҷунбиҳо барои ин ҳудудҳо амалан барои тамоми маҳалҳои дар харитаҳо ҷудошуда эътироф гардиданд.
Тавассути шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ, геофизикӣ, тамоюл-деформометрӣ, геомагнитӣ, геокимиёвӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ҷустуҷўйи ҳомилони заминҷунбиҳо пеш бурда мешавад. Дар асоси аломатҳои пешгўйикунандаи ошкоргардида методикаи комплексии пешгўйии заминҷунбиҳо пешниҳод шудааст, ки барои бомувафаққият пешгўйӣ кардани як қатор таконҳои заризаминӣ дар Тоҷикистон ва ҳудудҳои ба он ҳамсарҳад имкон медиҳад.
Соли 1975 дар ҳудуди Тоҷикистон машқгоҳ ё тамрингоҳҳои геофизикии Душанбе, Норак, Роғун ташкил карда шуда, бо кўшишҳои С.Ҳ.Неъматуллоев, К.Роджан, М.Трифунак, А.А.Лунев, А.И.Золотарев, А.Ф.Салиев, А.Г.Сияков хадамоти ҳаракатҳои қавии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода
М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим,номзади илмҳои геология ва минералогия