preloader

интизор шавед...

ЯК РӮЗИ БАҲОР, ЯК РӮЗИ ПОККОРИҲО ДАР ИНСТИТУТ

  • 20-апр-2024
  • 234 дидани саҳифа

Дуюмин моҳи баҳори нозанин ба поёни худ наздик мешавад. Ҳавои мо гоҳ борониву гоҳ офтобист. Аслан ҳавои баҳорӣ ҳамин аст: офтоб, борон, жола, раъду барқ.


Аммо инсонҳоро тозагиву назофат ба худ мекашад. Бояд гирду атроф, бару бум ҳамеша тоза бошаду озода. 

Баҳор боронҳои пуршиддат дорад ва маъмулан ин гуна боронҳо бо селҳои пурхатар меоянд. Пас одамон аз қабл бояд омода бошанд, то сел осеб ба заминҳои кишту манзилҳои истиқоматӣ нарасонад. 

Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ низ инро хуб дарк мекуннад. Ин аст, ки имрӯз дастаҷамъӣ даст ба поккорӣ заданд. 

Онҳо гирду атрофи бинои Институтро аз ҳар гуна хасу харӯбаҳои пок намуданд, ҷӯйборҳоро тоза карданд, то агар оби борон бештар аз меъёр ҷорӣ шавад, бе ягон монеа гузарад ва зарар нарасонад.

Онҳо ҳамчунин бехи ниҳолҳоро нарм карданд, алафҳои хушкро чиданд, ҳар гуна селовардаҳоро берун андохтанд. 

Гузаронидани рӯзҳои покиву назофат дар Институт ба ҳукми анъана даромадааст. Қариб ҳар шанбе онҳо ҷамъ мешаванд ва дастаҷамъӣ даст ба поккориҳо мезананд. Чуноне ки дар расмҳо мебинед....

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту