Дар шаҳри Ҷинхуаи музофоти Жеҷианги Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки яке аз шаҳрҳои саноатӣ маҳсуб меёбад, вохӯрии кории намояндагони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бо олимони Донишгоҳи омӯзгории Жеҷианг дар доираи лоиҳаи “Муайян кардани марз ва арзёбии хатари офатҳои табиӣ-геологӣ дар алоқамандӣ бо боришоти шадиди атмосферӣ” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур чор рӯнамо дар доираи лоиҳаи зикргардида пешниҳод карда шуд, ки фарогири ҳамаи маълумотҳои то ҳол гирифташуда буданд, баррасӣ гардиданд. Дар ин асно, бо мақсади пуррасозии мазмуну мӯҳтавои натиҷаҳои ба даст овардашуда, саволу ҷавоб ва табодули афкор байни иштирокчиён сурат гирифт, ки ин барои мукаммал намудани мақолаҳои илмии ба нақша гирифташуда, заминаи мусоиде фароҳам овард. Дар охири ҳамоиш ташкил ва нақшасозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои соли 2024 бо назардошти фикру мулоҳизаҳои иштирокчиёни лоиҳа муҳокима ва мувофиқа карда шуданд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ бо мақсади боз ҳам густариши ҳамкориҳои судманди тарафайн баргузор карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки баргузори вохӯрии зикргардида дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати АМИТ дар самти робитаҳои байналмилалӣ аз 26.02.2024, №17 ва заминаи Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниидоравии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ барои соли 2022-2023, лоиҳаи “Муайян кардани марз ва арзёбии хатари офатҳои табиӣ-геологӣ дар алоқамандӣ бо боришоти шадиди атмосферӣ” пешбинӣ шуда буд.
Муродов Д.Ҳ.
Ходими калони илмии
ИГСЗТС-и АМИТ