preloader

интизор шавед...

Чаро Тоҷикистон диққати табиатшиносону сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад?

  • 28-апр-2024
  • 358 дидани саҳифа

Суолест, ки посухи илмӣ мехоҳад. Он ки сарзамини мо ба зебогиву назаррабоӣ, доштани кӯҳҳои сар бафалаккашида, чашмасорони зиёди мусаффо, мавзеъҳои таърихиву этнографӣ ва ғайра дилкашу диққатҷалбкунанда аст, гапи нав нест. Гардишгаронро ҳамеша ҳамин гуна табиати нотакрор мафтун мекунад. Аммо табиатшиносонро чӣ?

  Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонист, ки баландии мутлақи он аз 300 то 7495 м буда, ҳудуди он дар минтақаи бархӯрди плитаҳои тектоникӣ – аз шимоли Авруосиё ва аз ҷануб Ҳиндустон ҷойгир шудааст, ки боиси пайдоиши сохторҳои имрӯзаи кӯҳии Помир ва Тян-Шон гардид. Инҳо ба системаи бузургтарин кӯҳҳои олам: Ҳимолой, Ҳиндукуш, Қароқурум, Куэн-Лун, Тибет дохиланд. 

  Дар ин ҷо сохторҳои геологие ба ҳам пайвастанд, ки объектҳои нодири табииро ифода мекунанд ва барои ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими илмӣ, аз ҷумла омӯзишу пажӯҳиши таърихи геологии Замин – аз замонҳои архей то замони ҳозира замина фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, ҳудуди Тоҷикистон ҳамеша диққати табиатшиносону сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Архей чист ва чаро омӯзиши он муҳим аст?

  АРХЕЙанг. Archean ба маънои нахустзистӣ яке аз давраҳои заминшиносӣ аст. Он яке аз чаҳор эони (юн. αἰών – аср, давра)таърихи Замин аст, ки аз 4,031 то 2,5 миллиард солро дар бар мегирад. Тахмин меравад, ки он бештар аз 1,8 млрд сол давом доштааст. Архей бо усули радиометрӣ муайян карда шудааст. Қадимтарин ҷинсҳои архей ба замони 3,5 — 4 млрд сол пеш тааллуқ доранд. Дар давоми эраи архей қабатҳои ғафси ҷинсҳои таҳшин ба вуҷуд омадаанд. Давраи архей бо ҳаракатҳои қавии тектоникӣ — чиндоршавии ҷинсҳои таҳшин, оташфишонии вулқонҳо ва пайдо шудани интрузияҳои калон анҷом меёбад. Аз ин давра ҷинсҳои ниҳоят тағйирёфтаи метаморфӣ — гнейс, варақсангҳои кристаллию графитӣ, мармару кварситҳо боқӣ мондаанд. Архей ба 4 давра тақсим мешавад: Неоархей, Мезоархей, Палеоархей ва Эоархей.

  Бинобар махсусиятҳои сохти геологӣ, ландшафт ва гуногунии шароити табиию иқлимӣ дар ҳар гӯшаи ин минтақаи кӯҳистон ёдгориҳои нодири табииро дидан мумкин аст, ки дар байни онҳо ёдгориҳои геологӣ аҳамияти махсус доранд: шаклҳои гуногуни релефй (сангҳо, харсангҳо, сахраҳо, шаршараҳо, водиҳои сабзу хуррам, дарёҳо, ғорҳо ва ғайра), ҷойҳои ҷолиби геологӣ, ҷойгиршавии боқимондаҳои ҳайвоноту наботот  ё осори фаъолияти ҳаётии онҳо, конҳои канданиҳои фоиданок ва сангҳои нодир, ҷойҳои пайдоиши маъданҳои муосир, осори заминларзаҳои шадид, кратерҳои метеоритӣ, чашмаҳои минералӣ, кӯлҳои нодир, пиряхҳои калонтарини кӯҳӣ ва дигар.  

  Мақолае, ки мехоҳем таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб кунем, “Мероси геологии Тоҷикистон – асоси туризми кӯҳӣ” ном дошта, ба қалами кормандони Институи геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи АМИТ М.Л. Гадоев, А.А. Собиров, М. Каюмарсӣ навишта шудааст.

  Ин мақола дар асоси маводи мавҷудаИ иқтидори геотуризми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар бораи баъзе ѐдгориҳои нодири табиии геологӣ маълумоти мухтасар додааст.

  Мақола дар шумораи ҳафтуми маҷаллаи “Асарҳои Институи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология” чоп шудааст.

Шумо бо ин мақола муфассал ин ҷо метавонед шинос шавед: Асарҳои Институти Геология, Сохтмони ба Заминҷунбӣ тобовар ва Сейсмология / Нашри 7

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту