preloader

интизор шавед...

Академик Осимӣ дар бораи хидматҳои Абурайҳони Берунӣ дар рушди илми геология

  • 05-май-2024
  • 232 дидани саҳифа

Абурайҳони Берунӣ дар таърихи тамаддуни инсоният мақоми хосе ишғол кардааст. Ў монанди Абўнасри Форобӣ ва Абуаалӣ ибни Сино аломаи замони худ буд. Математика ва астрономия, география ва геодезия, геология ва минерология, илмҳои тиб, таърих ва филология, таърихи дин ва фалсафа, хуллас ягон соҳаи илму маърифати замонаш аз назари ў дур наафтодааст. Берунӣ аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштааст, ки онҳо ба пешрафти илми асрҳои миёна таъсири муайяне расонидаанд.

Муаллифи таърихи бисёрҷилдаи илм Сартон менависад, ки Берунӣ  ҳамчун тадқиқотчӣ ба идеалҳои замини мо хеле наздик аст. Роҳи танқидӣ ва суботкорӣ, ҳақиқатдўстӣ ва ҷасорати илмии Берунӣ дар асрҳои миёна ҳамто надоштанд. Берунӣ мутафаккири амиқназар ва табиатшиноси таҷрибакор буд. Ў кўшиш кардааст, ки амалия ва назарияи илмро ба ҳам пайвандад. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии Абўрайҳони Берунӣ чӣ дар мамлакати мо ва чӣ дар мамлакатҳои хориҷии шарқу ғарб тадқиқоти бисёре чоп шудааст. Асарҳои асосии ў қисман ба русию англисӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд.

 Абурайҳон Муҳаммад бинни Аҳмади Берунӣ соли 362/973 дар шаҳри Кот тобеи Хоразм дар оилаи нодору нокоме таваллуд ёфтааст. Вай давраи кўдакӣ ва айёми таҳсилро дар зодгоҳи худ мегузаронад.

     Диққати Абурайҳони Беруниро аз айёми кўдакияш бештар илмҳои дақиқ, аз ҷумла астрономия ва вобаста ба ин математика, алалхусус геометрияю тригонометрия ҷалб кардааст. Ў мушоҳидаҳои астрономиро хеле барвақт сар када, то ҳатто худаш асбобҳои астрономӣ месозад. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои ҳодисаи гирифтани офтоб чашмони ў ҳанўз дар айёми ҷавонӣ хира мешаванд. Абурайҳон астрономия ва математикаро аз олими машҳури он замон Абунасри Мансур бинни Ироқ меомўзад. Илова бар ин бар олим муяссар мегардад, ки дар муддати кўтоҳе забонҳои арабӣ, ибрӣ, суриёнӣ, санскритӣ, ҳиндӣ ва паҳлавиро омўхта, натанҳо доир ба илмҳои ҳайат, фалсафа, математика, ҷуғрофия, маъданшиносӣ, таърих, тиб ва адабиёт баҳсу мунозира намояд, балки оид ба ҳар яки онҳо асарҳои мукаммале эҷод мекунад. Танҳо хотиррасон кардани чунин ҳақиқат басанда аст, ки ин донишманди бузург ба шўру ғавғо, ҷангу ҷидоли сулолаҳо, кинаву адовати ҷоҳилон, дарбадарию бехонумонӣ нигоҳ накарда, дар ҳафтоду панҷ соли умри бобаракати худ саду ҳаштод асари калонҳаҷму хурд иншо менамояд, вале сад афсўс, ки аз чунин маҳзани илму заковати одамӣ фақат чаҳоряк ҳиссаи он, яъне беш аз чиҳил асари олим аз бўҳрону осебҳои замона бар амон омада, имрўз дар ганҷинаи дастхатти кишварҳои гуногуни ҷаҳон маҳфузанд....

Берунӣ вобаста ба астрономия бо математика алалхусус бо геометрияю тригонометрия ба таври ҷиддӣ машғул шуда, дар ин соҳа низ саҳми арзандае гузоштааст. Ў кўшиш кардааст, ки комёбиҳои математикаи юнониён ва ҳиндиҳоро ба ҳам пайвандад. Ба ин кор ў то як андоза муваффақ шудааст. Васеъ ҷорӣ шудани системаи даҳии ҳисоби ҳиндиҳо ба туфайли ҷидду ҷаҳди Берунӣ имконпазир гардид. Берунӣ муодилаҳои кубиро ҳал намудааст, ҷадвалҳои синуси 15 ва тангенси 1 –ро тартиб додааст. Ў муайян кардааст, ки радиуси доира ба 1 баробар аст. Берунӣ усули гирифтани проексияи параллелӣ ё силиндриро кашф кардааст.

Берунӣ ба хилофи Птоломей исбот кардааст, ки қитъаи Африко аз тарафи ҷануб ба уқёнус мепайвандад. Ў дар Шарқ якумин шуда, шакли курраи арз (глобус)-ро сохта онро барои муайян кардани масофаи байни маҳалҳо истифода бурдааст.

Хидмати Берунӣ дар илми геология низ бузург аст. Берунӣ шояд якумин шахсест, ки масъалаи эволютсияи геологиро ба таври ҷиддӣ мавриди муҳокима қарор дода буд. Пайдоиши кўҳҳо ҷунбиши қитъаҳо, ҷойивазкунии баҳру хушкӣ аз доираи тафаккури ў берун намондааст. Берунӣ менависад, ки тағйиротҳои бузурги геологӣ пеш аз пайдоиши инсон ба вуҷуд омадаанд ва онҳо чунон суст мегузаранд, ки одамон онҳоро пай бурда наметавонанд. Дар амал он ҷое, ки имрўз баҳр аст, як замон хушкӣ ва дар ҷойи хушкии имрўза баҳр будааст.  Ақидаҳои Берунӣ дар бораи таърихи геологии ҳавзаи дарёи Омў ва ҳавзаи дарёи Ганг ба ақидаи имрўзаи мо хеле наздиканд. Берунӣ муайян кард, ки дарёи Омў як вақтҳо ба баҳри Хазар (Каспий) мерехтааст. Вай қонуни вобаста бо суръати ҷараён паси ҳам таҳнишиншавии ҷинсҳои гуногунвазнро муайян кард. Ин қонунро ба таври ҳаққонӣ “қонуни Берунӣ” номидан мумкин аст.

     Берунӣ усули муайян кардани вазни хоси минералҳоро муҳайё карда, бо ин усул вазни хоси якчанд сангҳои қиматбаҳоро хеле саҳеҳ таъин кардааст. Таърифу тавсифи муфассали сангҳои қиматбаҳое, ки дар он замон маълум шуд, ба қалами Берунӣ тааллуқ дорад.

     Олим суръати рўшноиро бо суръати овоз муқоиса карда, беандоза бузург будани онро қайд намудааст. Шояд ба ин хулоса мушоҳида ҳассос дар натиҷаи муқоисаи рўшноии барқ ва садои раъд омада бошад. Ў фаввораҳои табииро омўхта, сабаби онҳоро дар асоси принсипи гидростатикии зарфҳои пайваста ба таври илмӣ маънидод мекунад.

     Ингуна фикру ақидаҳо ва проблемаҳои бузурги илмӣ ҳалли худро дар чунин шоҳасарҳои ў ёфтаанд, ки онҳо хушбахтона то замони мо нигоҳ дошта шудаанд.

“Ал-осор-ул-боқия ан ал-қурун-ул-холия”, ки дар таърихи илму маданият бо унвони ихтисорёфтаи “Осор-ул-боқия” дар соли 1000 бахшида ба Шамсулмаолӣ Кобус бинни Вушмагир (976-1012) навишта шудааст. Абурайҳони Берунӣ дар ин асар оид ба пайдоиши таърихҳо, солшумораҳои гуногуни халқҳои машриқзамин, оину кешҳо ва муборизаи байниҳамдигарии намояндагони онҳо, рўзҳои бузурги таърихӣ, тақвимҳои мухталиф ва инчунин қисман дар бобати ҳолати ситора ва дигар ҷирмҳои осмонӣ, афсонаву ривоятҳо дар бораи шахсони таърихӣ таваққуф менамояд. Ба ифодаи дигар муаллиф маҳз дар ҳамин асараш таърихи тамаддуни умумиинсониро бо тартиби муайяне байён намуда, тарзи такомулёбии афкори ҷамъиятиро бо далелҳои ақлӣ нишон медиҳад.

“Китоби таҳдиди ниҳоят-ал-амокин ли тасҳиҳи масофат-ил-масокин”-и (Геодезия) Берунӣ усулҳои муайян кардани тулу арзи географӣ, таърихи муайян кардани ҳаҷми Замин ва маълумотҳои муфассали географиро дар бар мегирад. Берунӣ бо ҳамин асар геодезияро ба илми мустақил табдил додааст.

     “Китоби фи-таҳқиқи мо-ли-л-Ҳинд” ё “Мо-ли-л-Ҳинд” маҳсули сафари Абурайҳони Берунӣ дар Ҳиндустон мебошад. Дар ин асар таърихи маданияти халқҳои ҳинд, урфу одат, кешу оин ва афсонаҳои мардуми ҳинд, обзори умумии географии Ҳиндустон, илму фалсафаи ҳинд, шарҳ дода шудааст. Ин асар дар адабиёти ҷаҳонии ҳиндушиносӣ ҳамто надорад, зеро ки дар асоси мушоҳида ва омўзиши бевоситаи муаллиф ва истифодаи сарчашмаҳои боэътимоди ҳиндӣ ба забони санскрит, навишта шудааст.

     Асари дигаре, ки номи Беруниро ҷовидонӣ гардонидааст, “Ал-қонун-ул-масъудӣ фи-л-ҳайат ва-л-нуҷум” , ё мухтасаран “ Қонуни масъудӣ” мебошад. Монанди он, ки “Алқонун” – и Абуалӣ ибни Сино энсиклопедияи илми тибби асрҳои миёна аст, “Қонуни масъудӣ” – и Абурайҳони Берунӣ низ энсиклопедияи астрономияи замони худ мебошад. Китоб соҳаҳои астрономия ва математикаро пурра дар бар гирифта, илова бар ин, дар бораи фаъолияти астрономҳои Машриқзамин: Эроншаҳрӣ, Сулаймон ибни Исми Самарқандӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқӣ Сарахсӣ ва дигарон маълумоти пурарзише медиҳад.

     “Китоб-ул-ҷамоҳир фи-маърифат-ул-ҷавоҳир”.Дар ин китоб муаллиф масъалаҳои омўхтан ва тадқиқ намудани сарватҳои зеризаминӣ, пайдоиши минералҳо ва тавсифи сангҳои қиматбаҳоро мавриди баҳс қарор медиҳад. Дар асар сарватҳои зеризаминӣ Осиёи Миёна низ зикр шудаанд. Чунончӣ, Берунӣ ба конҳои тиллои Қаротегину Шугнов, лаъли Бадахшон, симобу нуқраи ағбаи Зарафшон, нафти водии Фарғона ва ғайраҳо ишора мекунанд.

     “Китоб-ус -сайдона фи-т-тиб (б)” (Фармакогиозия) асарест, ки Абурайҳони Берунӣ дар охирҳои умри худ таълиф намуда, дар он оид ба тарзи аз набототи сарзамини мо тайёру омода сохтани ҳар гуна доруҳо маълумот медиҳад.

     “Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-тинҷим”  асарест, ки онро муаллиф ба ду забон – арабӣ ва форсии дарӣ (тоҷикӣ) навиштааст.

     Муаллиф “Китоб-ут-тафҳим”– ро дар соли 421/1029 пас аз бозгашти Ҳиндустон бахшида ба Райҳона ном духтари яке аз дўстонаш Ҳусейн, таълиф менамояд.

 

Муҳаммад Осимӣ

Бахше аз муқаддимаи “Китоб-ут-тафҳим...” (Душанбе: Дониш, 1973. – С. 5-10.), ки ба қалами устоди шодравон, академик Муҳаммад Осимӣ навишта шудааст.  

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту