preloader

интизор шавед...

Пайдоиш ва рушди геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар Тоҷикистон. Бахши ҳаштум

  • 05-май-2024
  • 241 дидани саҳифа

Институт ҳаҷми зиёди корҳоро дар мавриди масъалаи истифодаи маълумоти ҳаракатҳои қавии озмоишгоҳи Душанбе ва хадамоти муҳандисию сейсмометрӣ дар сарбандҳои Тоҷикистон барои арзёбии ба заминҷунбӣ тобоварии биноҳо ва иншооти мавҷуда ва таҳияи тавсияҳо оид ба арзёбии ба заминҷунбӣ тобоварии сарбандҳои баланди дар минтақаҳои сейсмикӣ аз маводи хокӣ сохташуда, мегузаронад.

Нишон дода шуд, ки таҷрибаи дар сохтмони НБО-и Норак ба даст омада, метавонад дар ҳалли мушкили ба ҳолати бехавф овардани кўли Сарез, ки сарбандаш 600 м мебошад, кўмаки бебаҳо расонад. Ин самти тадқиқот таҳти роҳбарии С.Ҳ.Неъматуллоев ва П.А.Ясунов ба иҷро расонида шуд.

Омўзиши ҳаракатҳои муосири қишри замин дар асоси натиҷаҳои ченкуниҳои деформометрӣ, ки бо роҳбарии В.И.Старков гузаронида шуданд, имкон дод, ки як қатор аломатҳои пешгўии заминҷунбиҳои шадид ошкор карда шаванд. Усули андозагирии деформометрӣ, ки В.И.Старков таҳия кардааст, барои ҳалли масъалаҳои марбут ба арзёбии устувории сарбанди Норак ҳангоми таъсироти эксплуататсионӣ ва сейсмикӣ, инчунин устувории деворҳои толори мошинҳо ва бинои трансформатории НБО Роғун равона шудааст.

Дар солҳои 2004-2011 Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияро Д.Н.Низомов роҳбарӣ кардааст. Таҳти роҳбарии ў дар институт тадқиқот марбут ба таҳия ва татбиқи усулҳои ададӣ дар механикаи сохтмон, назарияи ба заминҷунби тобоварӣ, сейсмологияи муҳандисӣ, механикаи вайронкунӣ (Д.Н.Низомов, И.И.Қаландарбеков, А.А.Ҳоҷибоев) иҷро шуда истодааст. Усули деформатсияи ҷамъшавӣ боз ҳам такмил дода шуд, ки истифодаи он имконияти ҳисоби биноҳо бо назардошти ғайрихатии мавод аз ҷиҳати физикӣ гузаронида шаванд. Бо истифода аз усули муодилаҳои сарҳадӣ ҳолати шиддатнокию шаклдигаркунии нақбҳои зеризаминии гуногун таҳқиқ карда шуд, масъалаҳои консентратсияи шиддатнокӣ дар иншооти зеризаминии НБО Роғун бо назардошти анизотропии массаи ҷинсҳои кўҳӣ таҳқиқ карда шуданд.

Ба масъалаҳои баланд бардоштани бехатарии сейсмикии биноҳои хусусӣ дар шаҳру нуқтаҳои аҳолинишини деҳот, ки бо истифода аз масолеҳи гилӣ ва сангӣ сохта шудаанд, таваҷҷўҳи зиёд дода мешавад (М.Ҷаборов, П.А.Ясунов). Замина барои ин таҳқиқи хосиятҳои сохтмонии намунаҳои масолеҳи гилӣ дар саросари ҷумҳурӣ, инчунин таҳқиқоти озмоишии девори гилӣ бе мустаҳкамкунӣ ва мустаҳкамкунӣ бо қолаби чўбини навъи "синч" ва тўрӣ бо воситаи шоху навдаҳои дарахтон дар шароити лаборатории Институт мебошад. Усули дар Институт таҳияшуда, яъне тақвият додани биноҳои чўбӣ бо қолаби чўбӣ ва тўрҳои аз шоху шохчаҳои дарахтон дар рафъи оқибатҳои заминҷунбиҳои бузурги Қумсангир (2005), Рашт (2006) ва инчунин ҳангоми таъмини бехатарии сейсмикии биноҳои дар деҳот аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ сохташуда, васеъ истифода мешавад.

Муқовимсозӣ ё таҳкиму пурққувват кардани хонаҳои маскунӣ   дар ноҳияҳои Қумсангир ва Рашт, ки ҳангоми заминҷунбиҳои сахт зарар дидаанд, аз тарафи ташкилоти байналмилалии Habitat for Humanity бо дастгирии машваратии мутахассисони институт гузаронида мешавад.

Таҷрибаи дар давоми гузаронидани корҳо андўхташуда оид ба таъмини бехатарии сейсмикии биноҳо аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ сохташуда дар меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони (МКС ҶТ 22-07-2007 «Сейсмостойкое строительство. Нормы проектирования») бо иштироки П.А.Ясунов таҳиягардида инъикос ёфтааст, соли 2008 мавриди амал қарор дода шуд

Аз ибтидои соли 2000-ум ҳамкорӣ бо ҳамкасбони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷи наздик ва созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллии байналмилалӣ, инчунин ҳамкории байналмилалӣ бо ҳамкасбони хориҷи дур барқарор ва ба роҳ монда шуд.

Ҳаҷми зиёди корҳо бо ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба аз нав арзёбӣ кардани хатари сейсмикӣ, арзёбӣ ва кам кардани хавфи сейсмикии биноҳои мавҷудаи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишини деҳоти Тоҷикистон, барқарорсозӣ ва навсозии шабакаи сейсмологии минтақавӣ ва хадамоти харакатҳои сахт дар иншоотҳои калони гидротехникӣ, пеш аз ҳама дар НБО Норак гузаронида мешавад.

Бо истифодаи пойгоҳи сейсмикии сайёри EDL-4 андозагирии ғалаёни мавҷҳои сейсмикӣ дар ҳудуди ш. Душанбе ва ноҳияи НБО-и Норак гузаронида мешавад

Харитаи эҳтимолияти равандҳои ярч (заминлағзиш) ҳангоми заминҷунбӣ

Дар асоси мушоҳидаҳои доимӣ ва дарозмуддати деформатсияи минтақаи пуштаи сарбанди НБО Норак ва ҳолати шаклдигаркунии қабати замин дар атрофи он, арзёбии равандҳои деформатсионӣ, ки бо реҷаи обпартоӣ дар обанбор ба вуҷуд омадаанд, ба даст оварда шуданд. Таҳти роҳбарии В.И.Старков тадқиқот оид ба равандҳои деформатсия ва конвергенсияи деворҳои толори турбинаи зеризаминӣ ва утоқи трансформатории НБО Роғун идома ёфта, баҳодиҳии миқдории нишондиҳандаҳои конвергенсияи деворҳои иншоот, тафовут дар деформатсияҳои ҷинсҳои кўҳӣ (алевролитҳо ва регсангҳо) дар атрофи нақбҳои кўҳӣ ошкор карда шуданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот баъдан ҳангоми қабули қарорҳо барои мустаҳкам кардани массиви ҷинсҳои кўҳӣ дар атрофи ин иншоотҳо ҳамчун маводи асосӣ хизмат карданд.

Таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Д.Н.Низомов як қатор лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ амалӣ карда шуданд, ки ба васеътар татбиқ намудани таҷҳизоти муосир ва усулҳои тадқиқотӣ дар раванди тадқиқот нигаронида шудаанд.

Дар солҳои 2009-2010 тибқи лоиҳаи CAREMON «Сохтани шабакаҳои рақамии пойгоҳҳои сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» дар пойгоҳи сейсмикии мавҷудаи «Ҷерино» дар ноҳияи Варзоб таҷҳизоти нави рақамии сейсмикии фароххатро бо интиқоли маълумот ба GFZ (Потсдам) ва институт насб карда шуд

Коркарди маълумотҳои ба Маркази технологияҳои геоиттилоотии институт аз пойгоҳи зилзиласанҷии «Ҷарино» ворид шуда, гузаронида мешавад.

П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода

М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои геология ва минералогия

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту