preloader

интизор шавед...

Заминларзаҳо ба дастгоҳҳои кайҳонии парвозкунанда чӣ таъсире метавонанд бирасонанд?

  • 12-май-2024
  • 173 дидани саҳифа

Мақолаи олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ О.А.Алимов ва М.И. Ғуломов “Таъсири фаъолияти сейсмикӣ ба аппаратҳои кайҳонии парвозкунанда аз рўи манбаъхои заминҷунбиҳои Помиру- Ҳиндукуш ва Измит” ба пояи натиҷаҳои мушоҳидаҳои радиотехникии ҳаракати дастгоҳҳои пастпарвози кайҳонии фосилавии таҳқиқи Замин навишта шудааст.

Дар мақола арзёбии характеристикаҳои боздории дастгоҳҳои кайҳонӣ пеш ва пас аз заминларзаҳои фалокатовари шаҳри Измит (Туркия) ва минтақаи Помир-Ҳиндукуш оварда шудааст.

Муаллифон ба ин назаранд, ки давоми 2-ҳафта пеш аз заминларзаҳои харобиовар таъғйроти боздории дастгоҳҳои пастпарвози кайҳонӣ дар атмосфераи Замин суръат меафзояд ва давоми 2-4 шабонарўз пеш аз ба амал омадани ҳодиса дигаргунии боздорӣ пурқувваттар мешавад. 

Маълумоти мазкур метавонад ҳамчун манбаи донишҳои иловагӣ доир ба пешгўии заминларзаҳои фалокатовар хидмат намояд.  

Матни комили мақолаи “Таъсири фаъолияти сейсмикӣ ба аппаратҳои кайҳонии парвозкунанда аз рўи манбаъхои заминҷунбиҳои Помиру- Ҳиндукуш ва Измит”-ро ин ҷо бихонед: АСАРҲОИ ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯ. НАШРИ 3

МАЪЛУМОТНОМАИ МО: Зилзилаи Измит, 1999

Заминларзае бо қудрати 7,6 балл тибқи ҷадвали Рихтер, буд, ки дар Туркия 17 августи соли 1999, соати 3:01 бо вақти маҳаллӣ рух дод. Он ҳудуди 25 сония тӯл кашид, ки аз 14 то 17 ҳазор нафарро кушт ва ҳудудиним миллион нафарро бехонумон кард. Мақомот шумори захмиёнро 43 959 нафар эълон карданд. Аммо баъзе манбаъҳо мегӯянд дар ин зилзила ҳудуди 70 ҳазор нафар куштаву ҳамин теъдод захмӣ шуданд.

Азбаски ин заминларза дар гармтарин моҳи сол иттифоқ уфтод, ҷасади фавтидагонро дар қабристони бародарӣ фавран мегӯрониданд, то сабабгори авҷи бемориҳои сирояткунанда нашаванд. 

Ин зилзила ба иқтисоди Туркия зарари ҷуброннопазир расонд. 120 000 хонаи харобшуда аслан дигар намешуд обод кард, 50 000 хона шадидан вайрон шуда буд. Сӯхтори азим корхонаи нефттозакуниро ба комаш кашид, ба ҳадде ки барои бартараф кардани он чанд рӯз лозим шуд. Дар шаҳр хати интиқоли неруи барқ, об пурра хароб шуд. Зарари расидаро 25 миллиард доллар гуфтанд. 

Дар натиҷаи ин заминларза дар баҳри Мармар сунами бархост, ки баландии мавҷи он бо се метр мерасид. Ҳатто дар Истамбул харобиҳо эҳсос шуданд. 

30 кишвари олам ба офатдидагони Измит ёрии башарӣ расондаанд. Ва ҷолибтар аз ҳама: Юнон аввалин кишваре буд, ки дар ин зилзила ба кумаки Туркия расид. Баъди чанд соати такони замин вазири корҳои хориҷии Юнон бо ҳамтои турки худ дар тамос шуд ва намояндаи худро ба маҳалли офат равон кард. Як дастаи имдодгарони юнонӣ фаъолиятҳои ҷустуҷӯву наҷот бурданд, чанд ҳавопаймои Юнон барои хомӯш кардани оташи сӯхтор дар корхонаи нефт ёрӣ расонданд. Баъди чаҳоряк асри рӯйдоди Қибрис (июли соли 1974) Туркия ва Юнон бори аввал дар самти ёриҳои башарӣ ҳамкорӣ мекарданд. 

Мухтасар дар бораи ИЗМИТ: ( тур. İzmit ) — шаҳрест дар Минтақаи Баҳри Мармари Туркия, дар минтақаи Чаталҷа-Коҷаели - Маркази маъмурии вилояти Коҷаели. Дар соҳили шимолии баҳри Мармар дар рахи танги соҳилӣ ва теппаҳои то 200 м ҷойгир шудааст. То соли 1337, шаҳр Никомедиа номида мешуд (юн.-қад. Νικομήδεια) ва ба империяи Рум ва сипас Византия тобеъ буд. Дар соли 1337, пас аз забти туркҳо деворҳои шаҳр хароб гардиданд ва қариб тамоми юнониён кушта шуданд ва ё фирор карданд. Ҳоло Измит маркази яке аз муҳимтарин минтақаҳои саноатии Туркия аст.


Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту