Мувофиқи лоиҳаи МАГАТЭ TAD/8/002 «Назорати шикастнопазирӣ ва ташхиси техникӣ» дар Институт таҷҳизоти муосир барои назорати шикастнопазирӣ ва ташхиси техникии биноҳо ва иншоот ва унсурҳои сохтории онҳо, ки дар муайян кардани ҳолати техникии бино ва иншоот васеъ истифода мешаванд, насб карда шуд.
Кормандони Институт дар омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаи байналмилалии «Коҳиши хавф аз рахнашавии кўли Сарез» дар давраи солҳои 2006-2007" лоиҳаи «Таъсиси шабакаи муосир аз 7 пойгоҳи рақамии сейсмикии фароххат бо системаи интиқоли маълумотҳои моҳвораӣ», ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ шудааст, фаъолона иштирок карданд.
Дар солҳои 2006-2009 лоиҳаи МНТЦ KR-1176 (Маркази ҷаҳонии илмӣ-техникӣ)«Сохтани пойгоҳи маълумоти геологӣ ва геофизикӣ барои ҳудуди Тоҷикистон бо истифодаи технологияҳои GIS» амалӣ карда шуд.
Дар солҳои 2008-2011 тадқиқотҳо дар доираи Лоиҳаи байналмилалии БРСММ – DIPECНO V «Шомил кардани биноҳои дорои аҳамияти аввалиндараҷаи иҷтимоии ш.Душанбе ба таҳлилҳои осебпазирии сейсмикӣ (мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, беморхонаҳо, поликлиникаҳо)» иҷро карда шуданд, ки ҳадафи он арзёбии дараҷаи объектҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари иншооти иҷтимоӣ дар Душанбе буд. Натиҷаҳои кор дар ин лоиҳа барои банақшагирӣ ва амалисозии чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ҳукумати шаҳри Душанбе супорида шуд.
Соли 2011 дар доираи Лоиҳаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Олмон оид ба коҳиши хатари экологӣ дар ҳудуди теппаҳои шаҳри Душанбе «Коҳиши хавфи офатщои табиӣ дар ш. Душанбе» ба анҷом расонида шуданд, ки дар рафти иҷрои ин семинарҳои омўзишӣ доир ба масоили коҳиши хавфи сейсмикӣ дар байни омўзгорони мактабҳои миёна ва намояндагони ҷамоату маҳаллаҳои воқеъ дар ҳудуди теппаҳои ш. Душанбе гузаронида шуд.
Дар солҳои 2009-2011 кормандони Институт (П.А.Ясунов) дар тарҳрезӣ ва сохтмони баландтарин сутуни парчами ҷаҳон, ки баландиаш 165 метрро ташкил медиҳад ва яке аз рамзҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, иштирок намуданд.
Дар соли 2011, марҳилаи нав дар рушди геология ва сейсмологияи кишвар оғоз ёфт. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02.2011, №34 Институти геология ва Институти ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ муттаҳид карда шуд.
Аввалин директори Институти муттаҳид гардида, номзади илмҳои геология ва минералогия Ю.М.Мамадҷонов таъин карда шуд. Зери роҳбарии ў дар баробари ҳалли масъалаҳои ташкили вобаста ба муттаҳидкунии институт, ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии Академияи илмҳои Чин ба роҳ монда шуд, ки натиҷаи он гузаронидани корҳои муштараки саҳроӣ оид ба таҳқиқи геология ва геодинамикаи Тёншон ва Помир, гузаронидани таҳлилҳои физикию химиявӣ дар лабораторияҳои пешбари Чин, ки бо техника ва таҷҳизоти муосир таъминанд, таҳсили кормандони институт дар магистратура ва докторантура PhD-и Чин ва ғайра мебошад. Корҳо оид ба таъсиси Маркази илмию таҳқикотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар назди институт ба роҳ монда шуданд.
Кормандони Институт П.А.Ясунов ва А.Р.Ищук дар солҳои 2012-2015 дар гузаронидани лоиҳаи арзёбии муҳандисӣ-техникии сохтмони НБО Роғун ба сифати аъзоёни гурўҳи корӣ аз ҷониби Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Маркази олмонии илм оид ба замин GFZ корҳо доир ба микроноҳиябандии сейсмикии ҳудуди ш.Душанбе ва ш.Хоруғ ва арзёбии осебпазирии бино ва иншооти пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла бо истифода аз аксбардории панорамавӣ, ченкунии ларзишҳои табиии як қатор биноҳо гузаронида шуданд. Бо Хадамоти сейсмологии Норвегия NORSAR тадқиқот оид ба арзёбии хатари сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон ва осебпазирии биноҳо дар ш.Хуҷанд гузаронида шуданд.
Дар солҳои 2012-2013 якҷо бо ҶСК «НИПИИ САНИИОСП» Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд оид ба арзёбии осебпазирии сохтмонҳои истиқоматӣ дар шаҳраки Ховарони шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.
Аз рўйи лоиҳаи SENSUM "Тадқиқоти маҷмуии кайҳонӣ ва саҳроӣ барои мониторинги фаврии осебпазирӣ ва барқарорсозӣ" («Комплексные космические и полевые исследования для оперативного мониторинга уязвимости и восстановления») аз тарафи Комиссияи Аврупо маблағгузоришаванда, арзёбии хатарҳои табиӣ барои ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло – Лахш), ки дар сарҳад бо Қирғизистон ҷойгир шудааст, иҷро карда шуд.
Тибқи Созишномаи сетарафаи байни институт, Маркази таҳқикотии амрикоии Ню Ингленд - NER (Вермонт, ИМА) ва Маркази мониторинги сейсмикии Донишгоҳи давлатии Или (Тифлиси Гурҷистон) (лоиҳаи пилотии CASRI) дар силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш (НБО-и сохташавандаи Роғун, НБО-и Норак ва Сарбанд) се пойгоҳи зилзиласанҷии универсалӣ бо системаи сабти рақамӣ насб карда шуданд, ки ҳам дар реҷаи пойгоҳи сейсмикии фароххат ва ҳам дар реҷаи ҳаракатҳои сахт кор мекунанд.
Насб ва ба кор андохтани пойгоҳҳои нави рақамӣ барои сабти заминҷунбиҳо дар ноҳияҳои НБО-и сохташавандаи Роғун, НБО-и Норак ва Сарбанд
Корҳо дар самти микроноҳиябандии ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалаҳои ҷойгиршавии иншооти гидротехникӣ бо истифода аз пойгоҳҳои муосири рақамии сайёри навъи EDL-4, ки аз ҷониби Маркази геофизикии Олмон GFZ ба институт дода шудааст, оғоз шуданд.
Корҳои лоиҳаи озмоишии ЮНЕСКО «Арзёбии осебпазирии сейсмикии биноҳои мероси фарҳангии Тоҷикистон» №7290113386 (Project «Seismic vulnerability assessment of cultural heritage buildings in Tajikistan»), анҷом дода шуд, ки дар рафти он тадқиқоти саҳроии вазъи муҳандисӣ ва техникии 21 бино дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд, хокҳо ва лаппишҳои хурди атрофи онҳо омўхта шуда, тавсифи таърихӣ ва меъмории биноҳои тадқиқшуда оварда шудаанд. Натиҷаҳо ба Намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд (соли 2015).
Тайи солҳои 2016-2019 институтро номзади илмҳои геология ва минералогия И.С.Оймуҳаммадзода роҳбарӣ кардааст.
Дар моҳи августи соли 2016 кормандони институт дар омодагӣ ва гузаронидани конференсияи байналмилалии "Амнияти сейсмикии Осиёи Марказӣ" фаъолона ширкат варзиданд, ки иштирокдорони он изҳор доштанд, ки сохтмони НБО Роғун барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар эҷод намекунад.
Дар ин давра корҳо бо Консорсиуми байналмилалии институтҳои сейсмологии IRIS торафт бештар рушд мекунад. Ва бо дастгирии IRIS, пойгоҳи сейсмикии Симиганҷ бо роҳи ҷиҳозонидани он бо асбобҳои муосири рақамӣ навсозӣ карда шуд. Айни замон пойгоҳи сейсмикии Симиганҷ ба шабакаи ҷаҳонии сейсмикии GSN бо интиқоли маълумот ба IRIS ва Институт шомил шуд.
Бо ташаббуси Институт бо мақсади муайян кардани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии сейсмикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» таҳия карда шуд ва бо дастгирии бевоситаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки дар палатаҳои поёнӣ ва болоӣ баррасӣ ва 30-уми майи соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда шуд.
П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода
М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим,номзади илмҳои геология ва минералогия