Боронҳои шадиди рӯзҳои охир баъзан як ҳолати ногувореро барои шаҳри Душанбе низ ба миён оварданд. Дар аксар минтақаҳои шаҳр сел омад ва табиист, ки сел бо худ ҳар гуна хасу хаспораву сангу регу шағал меорад ва равуову дар умум зиндагии инсонҳоро барои як муддати кутоҳ ба мушкил рӯбарӯ месозад.
Расму таомули халқи мост, ки фавран сарҷамъ мешаванд ва паёмадҳои ҳар офати табиро дастаҷамъона бартараф месозанд.
Ин анъана дар Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ роиҷ аст. Кормандони ин ниҳоди илмӣ маъмулан баъди ҳар боду борони шадид як рӯзи истироҳатро сарфи поксозии ҳавливу атрофи бинои Институт мекунанд.
Рӯзи шанбеи гузашта кормандон барои баргузории як ҳашар аз субҳ ҷамъ омаданд ва ҳавливу атрофи бино ва ҷӯйҳову селгузарҳоро аз ҳар гуна селовардаҳо тоза карданд.
Роҳҳоро руфтанд, баргҳои бар асари борони шадид рехтаи дарахтонро рӯфтанд ва бо ин амали худ симои Институти баъди рӯзҳои борониро нуронӣ карданд.
Расмҳо аз ҳамин ҳашар.