Дар заминаи ҳамкории дуҷониба бо Осорхонаи минералогии ба номи А.Е.Ферсмани АИР ва дастгирии Раёсати АИ ҶТ пояи лаборатории гурӯҳи тадқиқотии физикию химиявӣ такмил ва азнавсозӣ карда шуд, ки ин имкон дод, ки таҳлили қисми асосии минералҳо бевосита дар институт гузаронида шавад. Ба туфайли ин дастовард дар солҳои охир (2016-2020) олимони институт (А.Р.Файзиев, М.А.Мираков, М.А.Шодибеков) дар якҷоягӣ бо ҳамкорон аз Осорхонаи минералогӣ (Л.А.Паутов, В.Ю.Карпенко, А.А.Агаханов) минералҳои навро ба монади фалғарит, бадахшонит, ғармит, крейтерит, шахдараит, ҳасановит, ермаковит, инчунин даҳҳо минералҳои нодир, ки то ҳол дар Тоҷикистон муайян набуданд (герсенбергит, уранополикраз, тунгстенит, теллури худрӯй, аурихалсит ва ғ.) кашф карданд. Умуман, кормандони институт то имрўз зиёда аз 30 минералҳои нави қаблан номаълум дар ҷаҳон ва зиёда аз 60 минералҳои нодирро дар Тоҷикистон муайян карданд.
|
|
Бо дастгирии Раёсати АИ ҶТ таъмири асосии толорҳои таҷрибавӣ гузаронида мешавад, модернизатсияи сейсмоплатформаи озмоишгоҳи зилзилабардории иншооти гидротехникии институт амалӣ карда мешавад, ки дар он таҳқиқи тобоварии сарбандҳои НБО-ҳои Норак ва Роғун ба зилзила гузаронида мешавад. Гузаронидани навсозӣ имкон дод, ки таҳқиқотҳо оид ба зилзилабардории биноҳо ва ҷузъҳои онҳо, аз ҷумла пур кардани каркаси биноҳои баландошёнаи дар ҷумҳурӣ сохташаванда ба роҳ монда шавад.
Гузаронидани озмоишҳои модели бинои 3-ошёнаи каркасӣ дар платформаи ларзасанҷии такмилдодашуда
Кормандони институт (П.А.Ясунов, Р.Ш.Каримов) дар гузаронидани назорати сифати сохтмони биноҳои баландошёна ва иншооти нодири ш. Душанбе, аз ҷумла объекти «Қасри теннис» барои 3000 ҷойи тамошобин ва «Қасри намудҳои обии варзиш» барои 2000 ҷойи тамошобин бо назардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар к. Карамов ва маҷмааи «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолона иштирок менамоянд.
Дар назди институт Шўрои диссертатсионии 6D.КОА-047 оид ба ҳимояи рисолаҳо ба дарёфти дараҷаи илмии доктори философия (PhD), доктор аз рўйи ихтисос, аз рўйи ихтисоси 6D061400 - геология, 6D070600 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок таъсис дода шуд. Мувофиқи Низомномаи КОА –и назди Президенти ҶТ дар ин шўроҳо ба ҳимоя корҳои диссертатсионие, ки ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геологияю минерология аз рўйи ихтисосҳои 25. 00. 01. – Геологияи умумӣ ва минтақавӣ, 25.00.10 – Геофизика, усулҳои геофизическии ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва 25.00.11 – Геология, ҷустуҷў ва иктишофи канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения иҷозат дода мешаванд.
Ба амалисозии лоиҳаи МБИТ “Бюллетени ягона ва арзёбии хатари сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ” («Унифицированные бюллетени и оценка сейсмической опасности территории Центральной Азии») оғоз бахшида шуд.
Таъсири микросейс ба сохтор ва хосиятҳои физикию кимиёвии намунаҳои металлӣ дар марҳилаи сахтгардонии моеъ – то 10-30% дар сахтӣ, микромахкамӣ, электроноқилияти сатҳӣ, мушаххасаҳои теплофизикӣ, ҳамчунин тағйирёбӣ дар сохторҳои кристаллӣ ошкор карда шуд (Н.Г.Саломов, Ф.Х.Каримов, М.Маҷидӣ). Як қатор моделҳо барои равандҳои сейсмотектоникӣ – ҷойивазкунии зилзиланокии қишрӣ ва мантийӣ, модела қабатнок барои марказҳои заминҷунбиҳо, гуногунии зоҳиршавии аномалияҳои тектономагнитӣ, ҷориши часпаку пластикии тўдаи кўҳӣ, зрозияи ҷинсҳои кўҳӣ, ки бо таъсири вибратсия ё термодеструксия рўй медиҳад, марҳиланокии пайдошавии ярчҳо дар нишебии кўҳ, статика ва динамикаи пиряхҳои устувори доимо ҳаракаткунанда ва ҷунбанда коркард шуд.
Аз январи соли 2019 директори Институт номзади илмҳои техникӣ П.Аминзода (П.А.Ясунов) таъйин карда шуд.
Зери роҳбарии ў натиҷаҳои таҳлили эҳтимолии хатари сейсмикӣ, аз ҷумла ҳангоми лоиҳакашии биною иншоот дар амал ба таври васеъ татбиқ карда шуд. Бо ташаббуси ў аз тарафи А.Р.Ишук бори аввал сохтани акселерограммҳои синтезшуда аз рўйи спектрҳо ҳисобкардашуда бо истифодаи комплекси барномавии SeismoMatch, ки ба институт аз рўйи лоиҳаи МБИТ пешниҳод шудааст, иҷро карда шуд.
Лоиҳаи харитаи хатари сейсмикии Тоҷикистон барои 475 соли такроршавии заминҷунбиҳо дар PGA.
Спектрҳои ҳисобии реаксия, ки аз рўйи натиҷаҳои ВАСО барои 475, 1000 ва 2500 соли такроршавии заминҷунбиҳо ба даст омадаанд.
Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти геофизикии АИ ҶТ корҳо оид ба такмилдиҳии шабакаи пойгоҳҳои сейсмикии Тоҷикистон пеш бурда мешаванд, ки яке аз ҷузъҳои он дар ҳудуди Тоҷикистон сохтани шабакаи пойгоҳҳои ҳаракатҳои қавӣ мебошад.
Институт яке аз иштирокчиёни таъсиси ташкилоти заминавии ИДМ оид ба сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар мебошад.
П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода
М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои геология ва минералогия