preloader

интизор шавед...

Геморфология чист?

  • 26-май-2024
  • 190 дидани саҳифа

ГЕОМОРФОЛОГИЯистилоҳ тоҷикӣ тарҷума нашудааст. Дар форсӣ заминрехтшиносӣ гуфтаанд ва ҳам аз истилоҳи аслии он – геоморфология фаровон истифода шудааст.

Асли истилоҳ аз юнонии γῆ «замин» + μορφή «шакл» + λόγος «дониш, илм» (анг: geomorphology) аст. Яъне, илм дар бораи релйефи сатҳи Замин, қаъри уқёнусу дарёҳо, пайдоиш, таҳаввул, қонунмандиҳои инкишоф ва нишонаҳои зоҳирии он аст. 

Геоморфология релйефи имрӯзаи геологиро ҳамчун натиҷаи инкишофи қаблии сатҳи Замин меомӯзад. Он дар заминаи равандҳои эндогенӣ ва экзогенӣ рушд ёфта, маълумоте, ки ба даст меорад, барои ҷустуҷӯи сарватҳои табиии зеризаминӣ, дар рафти ба нақша гирифтани иншооти саноатӣ, шаҳрвандӣ, ҳидроэнергетикӣ, роҳҳои оҳан ва мошинҳо, бандарҳои баҳрӣ, мураттабсозии ҳудудҳо, мубориза алайҳи эрозияи замин, ҷустуҷӯи конҳои маъданҳои филизӣ ва ғайрифилизӣ истифода мешавад.

Геоморфология ҳамчун илми мустақил дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ташаккул ёфт. Солҳои 70 ва 80 асри 19 олимон И. В. Мушкетов ва  Д. Романовский бори аввал дар ҳудуди Осиёи Марказӣ таҳқиқот анҷом дода, оид ба геморфология, палеонтология, петрография, тектоника ва сарватҳои табиӣ маълумот ба даст оварданд.

Дар таҳқиқи геморфологӣ дар Тоҷикистон олимон Б. Л. Личков, С. С. Шулс, А. Н. Промтов, О. К. Чедия ва В. В. Лоскутов, С. Ф. Машковсев, А. П. Марковский, Х. М. Абдуллоев, Ф. Ш. Раҷабов, С. М. Бобохоҷаев, Ғ. Т. Тоҷибоев ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд.(Донишномаи озод).

 

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту