preloader

интизор шавед...

Пайдоиш ва рушди геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар Тоҷикистон. Бахши охир

  • 26-май-2024
  • 197 дидани саҳифа

Ҳамкорӣ бо Фармоишгарон- сохтмончиён дар шакли лоиҳакашӣ ва сохтмон аз нигоҳи илмию техникӣ пеш бурда мешавад, ки мисоли он сохтмони маҷмааи биноҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин як қатор биноҳои баландошёна дар ш. Душанбе мебошад.

Институт дар амалисозии лоиҳаҳои барқарорсозии НБО-ҳои Норак, Қайроқум, Сарбанд фаъолона иштирок менамояд. Аз тарафи машваратчиён ва таҳлилгарони байналмилалӣ пешниҳоди институт оид ба таркиби миқдории системаи мушоҳидаҳои муҳандисию сейсмометрии сарбанди НБО-ҳои Норак, Қайроқум, Сарбанд аз 12 нуқтаи андозагирӣ, ки бо таҷҳизоти муосири рақамии сейсмикӣ бо ҷойи 5 нуқта, ки онро машваратчиёни байналмилалӣ пешбинӣ карда буданд, қабул карда шуд. 

Институт дар тавсиаи шабакаи сейсмикии маҳаллии НБО-и Роғун, аз ҷумла дар насби таҷҳизоти нави рақамии сейсмикӣ дар ҳудуди пойгоҳҳои зилзиласанҷии институт иштирок мекунад. Дар асоси шартномаҳои дуҷониба ҳамкорӣ бо маъмурияти НБО-и Роғун, аз ҷумла оид ба коркард ва таҳлили заминҷунбиҳое, ки шабаки сейсмикии маҳалии НБО-и Роғун ва ғайраҳо сабт мекунанд, оғоз карда шуд. 

Фаъолият дар самти «илм дар истеҳсолот» тақвият меёбад.  Аз ҷумла, комплект иборат аз 5 пойгоҳи зилзиласанҷии рақамие, ки дар намуди ёрии техникии Бонки умумиҷаҳонӣ дар чаҳорчўби лоиҳаи «Баҳодиҳии хатари сейсмикӣ барои беҳтарсозии идентификатсияи хатари фалокатҳо» ба даст оварда шудааст, барои гузаронидани корҳои микроноҳиябандии сейсмикӣ ва ҳам барои ҳалли масъалаҳои дигари амалӣ, аз ҷумла, сохтани буришҳои муҳандисию геологии майдони таҳқиқшаванда истифорда мешавад. Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо оид ба татбиқи маҷмааи ченгирии «Стрела-П» барои муайян кардани мушаххасиҳои динамикии биноҳои баландошёнаи ш. Душанбе оғоз гардид. 

Дар институт вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» гурўҳи зондкунонии фосилавӣ ба кор оғоз кард, ки аз тарафи он мониторинги ярчҳо дар минтақаи силсиланерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш гузаронида шуд. Натиҷаҳои арзёбӣ бо истифодаи усул ва барномаҳои муосир таҳлил карда шуданд ва модели зудфаҳмӣ нисбат ба хатари ярчҳои минтақаи силсиланерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш сохта шуд. Ҳамчунин, бо барқароршавии фаъолияти гурўҳи илмию таҳқиқотии нефт ва газ дар институт корҳои экспедитсионии геологӣ барои дурнамо, аз нуқтаи назари захираҳои нефт ва газ, дар ноҳияҳои пастхамии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Бо ташаббуси институт ва иштироки бевоситаи он роҳбарияти шаҳри Душанбе лоиҳаи ташкили системаи мониторингро дар Стели 121-метраи Соҳибистиқлолӣ дастгирӣ менамояд, ки он пойгоҳи муҳандисию сейсмометриро дар бар мегирад. Ин иқдом падидаи муҳим дар барқарорсозии хадамоти муҳандисию сейсмометрӣ дар биноҳои баланд ва нодири ш. Душанбе бо мақсади коҳиш додани хатари сейсмикӣ мебошад. 

Айни замон Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаи пешбари ҷумҳурӣ дар мавриди таҳқиқоти илмии сохти геологӣ ва канданиҳои фоиданок, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар мебошад ва барои ҳалли масъалаҳои ҳам бунёдӣ ва ҳам амалӣ сафарбар шудааст.


Кормандони институт дар кори симпозиумҳо, конференсияҳо ва семинарҳои сатҳҳои гуногун фаъолона иштирок менамоянд. Дар институт мунтазам конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, машваратҳо оид ба масъалаҳои муҳими геология, сохтмони зилзилабардор ва сейсмология гузаронида мешаванд, сексияи геологии Олимпиадаҳои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» фаъолият мекунанд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ дар китобу монографияҳо, нашрияҳои даврӣ, рисолаҳо инъикос меёбанд, ҳангоми таҳияи меъёрҳои лоиҳакашӣ барои сохтмон ва шароити сейсмикии Тоҷикистон истифода мешаванд. Оид ба натиҷаи корҳои илмӣ кормандони институт дар саҳифаҳои рўзномаҳо, маҷаллаҳо, тавассути радиою телевизион баромад мекунанд. Институт ҳар сол 2-3 монография, як қатор маҷмуаҳои мавзуъӣ ва қариб 100 мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои даврӣ ба чоп мерасонад.  

Китобу монографияҳои нашрнамудаи институт

Дар давраи соҳибистиқлолӣ кормандони институт беш аз 140 китобу монография, 2000 мақолаи илмӣ, фишурдаи мақолаҳо, 20 маҷмуаи маводҳои конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба нашр расонида, 20 патент барои ихтироот ба даст оварданд.

Тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар институт тавассути аспирантура, магистратура ва докторантура (доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос), анҷом дода мешавад, ки дар онҳо дар солҳои охир 4 доктори PhD, 15 аспирант, 12 унвонҷў ва 40 магистрант таҳсил намуданд. Ҳамаи аспирантҳо, магистрантҳо ва докторҳо PhD таҳсилро зери роҳбарии мутахассисони соҳибтаҷриба – доктор ва номзадҳои илм мегузаранд. Ғайр аз ин, олимони ҷавони институт дар асоси шартнома ва истифодаи грантҳои илмию таҳқиқотии байналмилалӣ дар магистратура ва докторантура (доктори фалсафа (PhD)- и институтҳои тахассусии Академияи илмҳои Хитой, Олмон, Полша таҳсил менамоянд. Ҳамасола олимони ҷавон ва мутахассисони дар доираи созишномаҳо ва лоиҳаҳои амалкунандаи институт бо институтҳо ва марказҳои илмии давлатҳои аъзои ИДМ ва хориҷи дур дар курсҳои таълимӣ, мактабҳои тобистона ва семинарҳои гуногуни таълимӣ барои баланд бардоштани тахассус ва азхудкунии усулу технологияҳои нав иштирок менамоянд ва сертификатҳои дахлдор мегиранд. Мутахассисони тахассуси геология дар озмоишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ таҳқиқотҳои минералогию геологии ҷинсҳои кўҳӣ ва маъданҳо мегузаронанд, ки натиҷаҳои онҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ бо системаи Web of Science ва Scopus ба нашр мерасанд.

Олимони институт аъзои шўроҳои илмию техникӣ ва шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шўрои олимон ва шўрои илмию методӣ, аъзои шўроҳои диссертатсионӣ ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), номзадҳои илм дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ ва факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Айни замон институт аз ин 7 озмоишгоҳи илмию таҳқиқотӣ иборат аст: палеонтология ва стратиграфия, геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис, канданиҳои фоиданок, баҳодиҳии хатарнокии сейсмикӣ,  таҳқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ, зилзилабардории биною иншоот, зилзилабардорӣ ва иншооти гидротехникӣ.

Дар институт ҳамчунин чор гурўҳи иловагии ёрирасон амал мекунанд: шабакаи мониторинги сейсмикӣ ва геофизикӣ, ки аз 50 пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ, сейсмогеохимиявӣ ва муҳандисию сейсмометрӣ иборат буда, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудаанд; гурўҳи таҳлили усулҳои физикию кимиёвӣ; гурўҳи технологияҳои геоиттилоотӣ ва зондкунонии фосилавӣ ва осорхона. Шумораи кормандони илмии институт 61 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла 4 доктори илм (аз онҳо 2 нафар аъзои вобастаи АМИТ), 17 номзади илм в 40 нафар кормандон бе дараҷаҳои илмӣ.

Натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдодаи институт дар самти омўзиши сохти геологии Тоҷикистон ва конҳои канданиҳои фоиданок, арзёбии хатарнокии сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон ва хатари сейсмикӣ барои ҳудудҳои шаҳрсозӣ, коркарди тавсияномаҳо оид ба таъмини бехатарии сейсмикии биною иншоот, аз ҷумла биноҳои баландошёна ва иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ ҳамеша зарурат доранд ва аҳамияти махсусро соҳибанд. Институт дорои неруи зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои илмӣ ва муҳандисию техникии дар назди он гузошташаванда мебошад.


П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода

М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои геология ва минералогия  

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту