preloader

интизор шавед...

«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе»

  • 28-май-2024
  • 153 дидани саҳифа

Дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе — шаҳри ҳушманд» «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе»,намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионӣ ва техникиву технологии муассисаҳои инноватсиониву технологӣ, илмиву таълимӣ, ширкатҳои бахши IT -и ҳудуди шаҳри Душанбе доир шуд. Дар он беш аз 40 идораву ташкилот, аз ҷула АМИТ зиёда аз 200 номгӯй лоиҳаву маҳсулотро пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки  баргузории намоишгоҳ омили муҳими бедор намудани ангезаву шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ гардид. Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Ҷавонону наврасоне, ки ба техникаву технологияи муосир ва ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, метавонанд дар чорабиниҳои ҳафта иштирок кунанд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту