preloader

интизор шавед...

Дар ярчи Папуа-Гвинеяи Нав беш аз 2 ҳазор нафар ҷон бохтанд

  • 28-май-2024
  • 107 дидани саҳифа

Ярче, ки мақомоти давлатии Папуа Гвинеяи Нав мегӯянд то кунун беш аз 2 ҳазор нафарро куштааст, ҳамоно дар ҳоли ҳаракат аст. Ҳокимони вилояти баландкӯҳи Энга ба сокинони маҳаллӣ дастур додаанд, ки ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматии худро тарк кунанд.

Намояндагони созмонҳои имдодарсон гуфтаанд, ки шонси зинда будани зери ярчмондагон чандон зиёд нест.
Ин ҳодиса субҳи бармаҳали рӯзи 24-май рух дода буд ва ярч як минтақи кӯҳистониро пӯшид.  Имдодгарон барои наҷоти ҷони инсонҳо талош мекунанд, вале роҳҳои харобшуда корҳои имдодрасониро ба мушкил рӯбарӯ кардааст. 

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Энга Сандис Сака ҳушдор додааст, ки вазъ метавонад бадтар аз ин шавад. То кунун аз минтақаи офат наздик ба 8 ҳазор сокинон ба маконҳои амн интиқол дода шудаанд. 

Хабаргузориҳо истинодан ба нақли Сандис навиштаанд, ки “фоҷеа идома дорад ва поёни он номаълум. Ҳар соат садои сангҳо аз зери хок ба гӯш мерасад, ки ба сони таркиш ва ё садои тир аст ва сангҳо ҳамоно ба зер меоянд”.

«Ин як ноҳияи сераҳолист – хонаҳо, корхонаҳо, калисо ва мактабҳо наздики ҳам ҷой гирифтаанд. Ҳоло ҳамаи онҳо ба замин ҳамвор шудаанд. Ин мавзеъ ба мисли рӯи Моҳ шуда, танҳо санг ба чашм мерасад”,-гуфтааст Сандис.

Дар минтақаи офат ҳоло ҳолати фавқулода эълон шудааст. Ҳарбиён назорати минтақаро ба уҳда гирифтаанд ва ҳамзамон дар ироаи кумакҳои башарӣ мусоидат мекунанд. 

Пештар СММ дар бораи ҳалокати 670 нафар хабар дода буд. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту