Дар аввалин рӯзи тобистону охири баҳор кормандони Институти геология, сохтмони ба зиминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз субҳ ба ҳашар баромаданд ва атрофи бинои Институтро тоза карданд.
Баҳори имсол сербориш буд ва ҳатто охирин рӯзҳои он бо боронҳои селовар гузашт. Ин боронҳои пуршиддат ҷо-ҷо барги дарахтон ва шохаҳои навбарро шикастанд, ҷӯйбореро, ки заминҳои сарсабзи атрофро обёрӣ мекунад, аз лойю сангу регу хасу хошок пур кард.
Лозим меомад ин ҳамаро тоза кунанд.
Кормандон на танҳо даст ба поккориҳо заданд, балки алафҳои сабзида расидаро дарав карданд, бехи ниҳолҳоро нарм сохтанд ва онҳоро ба мавсими обёрӣ омода карданд.
Ин анъанаи ҳамешагӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология аст, ки сари чанд вақт гирди ҳам меоянд ва гирду атрофи бинои институтро тоза мекунанд, дарахтонро об мемонанд ва алафҳои расидаро медараванд.