Ин мақола бо номи “Дурнамои мавҷудияти захираҳои нафту газ дар минтақаи Кофарниҳон дар мисоли сохтори антиклиналии соҳили (карасирт)” дар шумораи 4-уми маҷаллаи чоп шудааст. Муаллифони ин мақола кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ С.Р. Мавлонӣ, Э.М. Аслзода, Ф.А. Раҳимов, кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ мебошанд.
Дар мақола маълумот дар бораи таърихи омӯзиши геологӣ-геофизикии маҳватаи Кофарниҳон пешниҳод шудааст. Натиҷаи корҳои омӯзишии анҷомёфта дар ҳудуди майдонҳои Соҳилӣ, Айваҷ таҳлил шуда, оиди мавҷудияти релефи барҷастаи Айваҷ, ки боқимонда аз замони герсинии палеозой мебошад ва ноҳияи мувофиқ барои кашфи захираҳои нафту газ дар жарфҳои нисбатан кам мебошад, назария пешниҳод шудааст.
Муаллифон менависанд, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ кишварҳое мустақиле, ки ба зудӣ дар Осиёи Марказӣ пайдо шуданд, худро дар ду тарафи марзҳои давлатӣ ёфтанд. Марзҳое, ки даҳсолаҳои охир вуҷуд надоштанд ва он ҳама мутааллиқ ба як кишвари паҳновар бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Системаи энержии якпорча дар саросари минтақа нопадид шуд. Кишварҳои дорои чашмаҳои фаровони нефт ва газ ба фурӯши он ба Тоҷикистон бо нархҳои бозор шуруъ карданд. Аммо чун қарзҳо сари вақт пардохта нашуданд, интиқолу таҳвили газу нефт қатъ гардид. Ин боис шуд, ки Тоҷикистон барои истифодаи захираҳои энержӣ лимит ҷорӣ кунад.
Дар ин шароит комилан мантиқист, ки Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, бехатарии энержии худро аз роҳи коркарду кашфи конҳои нав ва истихроҷи захираҳои мавҷуда таъмин кунад.
Интихоби минтакаи антиклиналии Кофарниҳон ва омӯзиши сохти геологии қисми ҷанубии он ҳамчун объекти ҷустуҷӯи мустақилонаи конҳои нефту газ маҳз бо ҳамин сабабҳо сурат гирифта буд.
Идома ва шакли комили ин мақоларо шумо метавонед ин ҷо мутолиа кунед: АСАРҲОИ ИНСТИТУИ ГЕОЛОГИЯ...НАШРИ 4