preloader

интизор шавед...

Антиклинал чист?

  • 02-июн-2024
  • 225 дидани саҳифа

Истилоҳи заминшиносӣ буда, чини болобарҷастаи қабатҳои онро антиклинал ё чини антиклиналӣ меноманд, ки аз юнонии ἀντι- — зид ва κλίνω — хам мекунам гирифта шудааст.

Ҷойи хамгашти қабатҳоро маркази антиклинал, тарафҳои онро болҳои антиклинал ва сатҳе, ки ҷойҳои хамгашти ҳамаи қабатҳоро бурида мегузарад, сатҳи меҳварӣ меноманд. Нисбат ба хобиши болҳо ва тамоюли сатҳи меҳварӣ чинҳои антиклинал дар якчанд ҳолат вомехӯранд: рост, каҷ, хуфта, ё сарнагун. Дар нақша тарҳи антиклинал гуногун мешавад: дарозрӯя — агар дарозиаш аз паҳноиаш зиёд бошад; брахиантиклинал — агар дарозиаш аз паҳноиаш зиёд бошад; гунбазшакл — агар дарозию паҳноиаш тақрибан баробар бошад. Антиклинали калон аз чандин антиклиналҳои хурд ва синклиналҳо иборат аст.

Одатан, дар маркази антиклинал ҷинсҳои қадимӣ ва дар болҳои он ҷинсҳои ҷавонтар мехобанд. Аксар конҳои газ, нефт ва баъзе маъданҳо дар тоқи чинҳои антиклинал ҷойгир мешаванд. Бисёр кӯҳҳои қисми ҷанубӣ ғарбии Тоҷикистон, инчунин кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор аз чинҳои антиклинал иборатанд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту