preloader

интизор шавед...

Кашфи як сайёраи шабеҳ ба Замин, ки маълум нест атмосфера дошта бошад

  • 08-июн-2024
  • 272 дидани саҳифа

Донишмандони Донишгоҳи Уорики Бритониё мегӯянд, ки онҳо як сайёраеро кашф кардаанд, ки андозаи Заминро дорад ва он метавонад қобили сукунат бошад. Ин гурӯҳ, ки бо НАСА ва Агентии фазоии Аврупо ҳамкорӣ кардааст, мегӯяд, Gliese 12b ҳарорати гарми тобистон дорад ва яке аз чанд лундаҳои маълуми сангист, ки инсон метавонад дар он зиндагӣ кунад. Аммо чун аз Замин ба масофаи дур, баробар ба 40 соли рӯшноӣ ҷойгир шудааст, омӯхтани он имконнопазир аст.

Доктор Томас Вилсон, астрофизики Донишгоҳи Уорик гуфт: "Ин як кашфи воқеан ҳаяҷоновар аст ва ба таҳқиқоти мо дар бораи сайёраҳои монанд ба Замин дар Роҳи Каҳкашон кӯмак хоҳад кард."

Ин сайёра дар атрофи ситораи марказии худ дар 12,8 рӯз як маротиба давр мезанад ва ба андозаи Замин баробар аст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ситораи марказии ин система, ки Глисс 12 ном дорад, дар бурҷи "Ҳут" як паканаи сурхи сард аст ва миқдори энергияе, ки сайёра аз ин ситора гирифтааст, 1,6 маротиба аз энергияе, ки Замин аз Офтоб мегирад, зиёдтар аст. 

Ин гурӯҳ аз маълумотҳои ироакардаи NASA ва ESA истифода кардааст, то дар ҳақиқат нишон диҳад, ки ин сайёра вуҷуд дорад ва дорои кадом андоза, гармӣ ва дурӣ аз Замин аст.  

Доктор Вилсон афзуд: "Ин сайёраи наздиктарин ба Замин аст, ки то кунун мо медонем ва дамои он ба Замин монанд аст. Нуре, ки мо мебинем, аз соли 1984 (40 сол пеш) аст, яъне то ба мо расидани нураш ин қадар вақти зиёд лозим буд. Сайёраҳо ба монанди Gliss 12b хеле каманд, аз ин рӯ қобилияти омӯхтани он ва дарёфти маълумот дар бораи атмосфера ва ҳарорати он як ҳодисаи нодир аст."

Лариса Пилторп, яке аз муаллифони пешбари таҳқиқот, ки аспиранти Донишгоҳи Эдинбург ва Коллеҷи Донишгоҳи Лондон аст, гуфт, ки он "номзади беназир" барои омӯзиши минбаъдаи атмосфера аст, то дар кушодани баъзе ҷанбаҳои эволютсияи манзумаи шамсӣ ба мо кумак кунад”. 

Вай боз афзуд: "Замин қобили зист аст, аммо Зуҳра нест, зеро оби мавҷуд дар он ба куллӣ аз даст рафтааст. Атмосфераи Gliss 12b метавонад чизҳои зиёде дар бораи масирҳое, ки сайёраҳо аз назари қобили сукунат будан тай мекунанд, ба мо биёмӯзад”. 

Манбаъ: ВВС форсӣ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту