Муаллифи ин мақола Н.К. Оспанова, корманди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ мебошад. Тавре аз номаш пайдост дар атрофи он номҳои биологие баҳс мекунад, ки ба геологҳо мутааллиқ аст. Зеро дар байни таксонҳое, ки ҳангоми мувофиқаткунонии стратиграфӣ дар қаламрави Тоҷикистон истифода мешаванд, бисёр таксонҳое ҳастанд, ки номашон ба ифтихор ё хотираи геологҳо гузошта шудааст.
Муаллиф менависад, ки ҳадафи таълифи ин мақола ошно кардани доираи васеи хонандагон бо феҳристи номҳои дар ихтиёр буда ва ба ин васила бори дигар қадрдонӣ аз хидмати ҳамкорон мебошад.
Дар ин рӯйхат номи 160 таксони палеонтологӣ, ки ба номи 91 олим номгузорӣ гардидааст, оварда шудааст.
Кори як геолог на танҳо аз кашфиёте, ки вай дар ҷараёни фаъолияташ ба адст меорад, ё мукофотҳое, ки вай барои кори анҷомдодаи хеш мегирад, қадр карда мешавад. Ба номи ӯ гузошта шудани исми ин ё он кандании фоиданок ва таксонҳо нав кашфшуда дар олам набототу ҳайвонот як навъ эътирофи хидматҳои ӯст.
Дар миёни геологҳои Тоҷикистон низ шахсони арҷманду хидматкарда вуҷуд доштанд, ки номи онҳо ба феҳристи шиносоии гурӯҳҳои мухталифи ҷонварону гиёҳон изофа шуд. Ба таври маъмул ин маълумотҳо аз доираи маҳдуди таҳқиқоти ин ё он гурӯҳҳои муайяни организмҳои сангушуда берун намеравад.
Аммо то кунун, ки беш аз 100 сол аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон корҳои геологӣ анҷом шуда, дар онҳо садҳо ва ҳазорон геологҳо ҷалб шудаанд. Феҳристе ба дурустӣ тартиб дода шудааст, ки дар он исми ин пажӯҳишгарон омадааст. Аксари онҳо дар асари «Исми геологҳои рус дар номҳои палеонтологӣ», ки соли 2000 дар Петербург нашр шудааст, зикр гардида, вале баъзе таксонҳо ба ин рӯйхат шомил нашудаанд. Ҳамчунин, табиист, ки номҳои таксонҳое, ки баъд аз санаи зикршуда, яъне чопи феҳристи ёдшуда ба миён омадаанд, дар асар инъикос ёфта наметавонистанд.
Муаллифи мақола дар муқаддимаи навиштаи худ овардааст, ки ҳадаф аз иншои ин матлаб пурра кардани ҳамин феҳрист бар пояи он маълумотҳоест, ки имрӯз дастрасанд.
Таксонҳо аз рӯи гурӯҳҳои алоҳидаи организмҳо, дар дохили гурӯҳҳо — бо тартиби хронологӣ, яъне бо тартиби муайян кардани онҳо номбар карда мешаванд.
Муаллиф менависад, ки мо маълумоти интихобшударо (асосан ҳангоми тавсифи номи марҷонҳо) дар бораи касе, ки ин таҳқиқотро анҷом додааст, пешниҳод кардем.
Дар мақола хонанда бо номҳои геологҳи кишвар Манзур Ҷалилов, Абдувоҳиб Собиров, Рауф Баротов ва Азиз Баротов, Абдулҳақ Файзиев, Аскар Исломов, Генадий Солибоев ва даҳҳо нафари дигар ошно хоҳад шуд, ки муаллифи мақола маълумоти кутоҳе дар бораи ӯ ва кашфиёташ ироа кардааст.
Бо асли ин мақола шумо метавонед ин ҷо ошно шавед: АСАРҲОИ ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯ. НАШРИ 4