Имрӯз дар санаи 14.06.2024, дар саҳни бинои Академияи Милии Илмҳои Тоҷикистон бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмӣ ва татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 дар мавзӯи «Бист соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф барои солҳои 2020-2040 намоиши дастовардҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур тамоми муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз он ҷумла Институти Геология, Сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва Сейсмологияи АМИТ ҳузур доштанд. Олимони Институти Геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар ин намоиш дастоварду натиҷаҳои илмиву таҳқиқотии худро муаррифи намуданд.
Инчунин, бо мақсади ҷалби олимони ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба яке аз шабакаҳои телевизионӣ, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ оиди дастовардҳои илмии муассиса ва маълумоти мухтасар оид ба илми геология ва сейсмология мусоҳиба карданд.