preloader

интизор шавед...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”

  • 11-июн-2024
  • 91 дидани саҳифа

11.06.2024 09:35, шаҳри Душанбе

Олиҷанобон,

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайрамақдам мегӯям!

Боиси қаноатмандист, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе” дар давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва  молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд.

Моҳи марти соли 2023 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди баргузории Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд гардид, ки он дар рӯзномаи ҷаҳонии об саҳифаи навро боз кард.

Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард.

Яъне, мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзӯи бағоят муҳим муттаҳид созем.

Вале хотирнишон бояд кард, ки амалу иқдомҳои имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нестанд, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд.

Тайи панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидаем.

Тибқи гузориши коршиносон, соли 2023 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шудааст.

Эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ин ниҳояти кор нест ва дар чанд соли оянда мо боз шоҳиди дигар рақамҳои  рекордӣ хоҳем шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи ҳодисаҳои фавқулодаи марбут ба об дар шумораи умумии офатҳои табиӣ ва ҳаҷми хисорот аз онҳо низ сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад.

Дар давоми 20 соли охир ин ҳисса аз 80 ба 90 фоиз расида, ҳаҷми зарар бамаротиб зиёд шудааст.

Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо селу обхезиҳои соли равон дар минтақаҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон  мебошанд, ки ба иқтисоди кишварҳо садҳо миллион доллар зарари молиявӣ расониданд.  

Агар чанд сол пеш мо дар бораи чор баробар зиёд кардани талошҳо барои ноил гардидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор сухан мерондем, имрӯз, тибқи иттилои ниҳоди “Созмони Милал – Захираҳои об” мо амалҳои худро бояд шаш баробар зиёд намоем, то ба ин ҳадаф бирасем. 

Дар ин замина, моро зарур аст, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои дар доираи Конфронси оби Созмони Милал гирифтаамон, барои амалу иқдомҳои наву таъсирбахш кӯшиш кунем.

Маҳз ба ин хотир, мо пайгирии натиҷаҳои Конфронси Ню-Йорк ва гирифтани уҳдадориҳои навро дар меҳвари рӯзномаи Конфронси Душанбе қарор додем. 

Зикр бояд кард, ки истифодаи “Раванди оби Душанбе” ба ҳайси платформа барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милал яке аз уҳдадориҳои мо дар доираи Рӯзномаи амал дар соҳаи об аст ва мо омодагии хешро барои тавсеаи минбаъдаи ин раванд изҳор менамоем.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст.

Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Дар ин радиф, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки барои суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об асоси воқеӣ гузоштааст, қобили таъкиди махсус аст.

Фаъолияти кишвари мо дар пешбурди масъалаи об дар рӯзномаи глобалии иқлим нуктаи дигари мавриди таваҷҷуҳ мебошад.

 Аз Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим дар Глазго дар соли 2021 ва баъдан дар Шарм-уш-Шайх ва Дубай сар карда, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии шарик барои тақвияти мавзӯи об дар рӯзномаи иқлим фаъолона талош меварзад.

Бовар дорем, ки дар ин ҷода соли равон дар чаҳорчӯби Саммити навбатии иқлим дар Боку ба натиҷаҳои муассир ноил мегардем.

“Раванди оби Душанбе” ҳамчун майдони муколамаи васеъ ва озоди ҷонибҳои гуногуни манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2028 дар Душанбе нақши муҳим хоҳад бозид.

Имкониятҳои ин платформа, ҳамчунин, барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2026 метавонанд истифода шаванд.  

Дӯстони арҷманд,

Мо барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ низ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кардаем.

Аз ҷумла, барои пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мо “Барномаи ислоҳоти соҳаи обро барои солҳои 2016-2025” амалӣ карда истодаем.

Таҳияи “Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032”, инчунин таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об аз иқдомҳои муҳимми кишвари мо дар ин самт маҳсуб меёбанд.

Барномаву стратегияҳои мо дар ин самт масъалаҳои вобаста ба беҳбуди маданият ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро низ дар бар мегиранд. 

Мо талошҳои худро барои гузаштан ба “иқтисоди сабз” дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд.

Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад.

Мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100 фоиз расонем, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои “энергетикаи сабз” ба роҳ монем.

То соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил додани Тоҷикистон нияти дигари мо мебошад.

Дар ин замина, дар баробари истифодаи пурраи нерӯи таҷдидшаванда, мо “Барномаи кабудизоркунии табиати кишварро то соли 2040” қабул намудем, ки тибқи он дар ин давра бояд зиёда аз ду миллиард ниҳол шинонида шавад.   

Ҳамзамон бо ин, мо ба ҳамкории фаромарзӣ дар масъалаҳои об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

Дар робита ба ин, бори дигар омодагии кишвари худро барои минбаъд низ тақвият бахшидани ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва тавассути муколамаи созанда ҳал кардани масъалаҳои мубрами об иброз менамоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷаҳони имрӯза зери таъсири буҳронҳои шадид қарор дорад.

Дар баробари таҳдидҳои маъмул, бо шумули тағйирёбии иқлим, тайи солҳои охир мо, мутаассифона, шоҳиди хавфу хатарҳои нав мегардем, ки таваҷҷуҳи дучанди ҷомеаи ҷаҳониро аз ҷумла ба масъалаҳои мубрами об, тақозо менамоянд.

Таъсири манфии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, дар мадди аввал ба манбаъҳои обҳои нӯшокӣ ва полезӣ, таъкиди возеҳи ин гуфтаҳост.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки об сарчашмаи ҳаёт аст ва бе он зиндагӣ вуҷуд надорад.

Об - ҳаёти инсон ва тамоми мавҷудоти зиндаи табиат аст.

Об на танҳо захира барои нӯшидан аст, он барои тавлиди нерӯи барқ, истеҳсоли ғизо, рушди саноат, устувории муҳити зист ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт нақши калидӣ дорад.

Дар Ню-Йорк мо вобаста ба нақши муҳимми об дар таъмини саломатӣ, рушди устувор, тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди ҳамкориҳо ва иқдомҳои минбаъда дар доираи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” 5 муколамаи интерактивии созанда баргузор намуда, дар чорчӯби онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Ҷиҳати тақвияти ин дастовардҳо ва идомаи муколамаҳои созанда мо барномаи Конфронси Душанберо мутобиқ ба барномаи Конфронси оби соли 2023 таҳия кардем.

Ба ин мақсад аз кишварҳои ҳамраиси муколамаҳои Ню-Йорк даъват намудем, ки дар   баррасии мавзӯъҳои дахлдор боз ҳам пешсаф бошанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ин ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар пешбурди муколамаҳои Конфронси Душанбе изҳори сипос менамоям.

Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи шарикон, ки дар баргузории ҳамоишҳо ва чорабиниҳои канории Конфронс саҳми муносиб доранд, миннатдории худро баён менамоям.

Дирӯз Шумо шоҳиди Фестивали оби Душанбе шудед.

Мо кӯшиш менамоем, ки ҳар як ҳамоиши об дар Душанбе ба ҷамъомади идона табдил ёбад, чунки об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт сазовори эҳтиёт ва эҳтирому арҷгузории шоиста аст.

Онро бояд оқилона ва сарфакорона истифода барем, қадр намоем ва барои наслҳои оянда ҳифз кунем.

Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯза дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Умед дорем, ки паёмҳои муҳим аз муколамаҳои интерактивӣ, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои канории он дар раванди татбиқи уҳдадориҳои Рӯзномаи амали оби Конфронси Ню-Йорк, ҳамчунин,  дар қабули уҳдадориҳо ва иқдомоти нав нақши муҳим хоҳанд дошт.

Умуман, аз нигоҳи мо, соли 2024 метавонад соли арҷгузории шоиста ба захираҳои об гардад.

Конфронси Душанбе, Форуми оби Бали, Саммити оянда дар Ню-Йорк, ҳафтаҳои ҷаҳонии об дар Сингапур, Қоҳира, Стокҳолм ҳамчун занҷираи ягона метавонанд дар ин раванд саҳми муносиб гузоранд.

Дар ин зимн, мо интизори он ҳастем, ки мавзӯи об дар рӯзномаи дигар чорабиниҳои ҷаҳонӣ, махсусан конфронсҳои ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим дар Озарбойҷон ва ҷонибҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия мавқеи боз ҳам қавӣ касб хоҳад кард.

Ҳамаи ин чорабиниҳо, дар навбати худ, метавонанд барои баргузории муваффақона ва натиҷабахши Конфронсҳои оби Созмони Милал дар солҳои 2026 ва 2028 ва дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” заминаи хуб гузоранд.

Ҳозирини гиромӣ,

Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намоям.

Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад.

Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст.   

Ҳол он ки Тоҷикистон кишвари саноатӣ набуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии партовҳои гулхонаӣ ночиз аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси мо оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастгирии ҳамаҷониба ёфт ва тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумӣ, аз соли оянда сар карда 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин, зикр карданиам, ки Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, ҷиҳати фаъолсозии “Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, саҳми молиявии худро гузошт.

Мо аз кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, ки дар таҳкими имкониятҳои молиявии фонди мазкур саҳмгузор бошанд.

Тибқи қатъномаи зикргардида, Тоҷикистон соли оянда мизбони ҳамоиши аввалини бузурги байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шуморо барои иштироку саҳмгузорӣ дар он даъват менамоям.

Мехоҳам зикр намоям, ки ба мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикони худ тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милалро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ намоем.

Бовар дорам, ки ин иқдоми мо аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон дастгирии ҳамаҷониба хоҳад ёфт.

Дар фарҷоми сухан, ба Созмони Милали Муттаҳид ва  ниҳодҳои он, тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва молиявӣ, аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии “Раванди оби Душанбе” ва ҳамаи шарикони мо барои кумаку дастгириашон дар тадорукот ва баргузории  конфронси имрӯза изҳори сипос менамоям.

Ба ҳамаи шумо, муҳтарам иштирокдорони конфронс, комёбиҳо ва будубоши гуворо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе орзу менамоям!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту