preloader

интизор шавед...

СТУРЕГГА: Се ярчи қадимтарини таърихи башар

  • 15-июн-2024
  • 236 дидани саҳифа

Калимаи норвежии қадимии Storegga. Се ярчи қадимитарин дар таърихи башарро бо номи Стуррегга ёд мекунанд ва онро бузургтарин фоҷеаи таърихи башар медонанд.  

Ин се ҳодиса миёни солҳои 6200 ва 6000 то милоди Масеҳ рух додаанд. Вале то ба имрӯз таърихи дақиқи ин ҳодисаҳо маълум нестанд ва дар доираҳои илмӣ мавриди баҳс мебошанд. Метавон тахмин кард, ки ин ҳодисаҳо баъди зери об шудани халиҷи Ҳодсун (яке аз бузургтарин халиҷҳои дунё аст, ки дар Канада воқеъ мебошад) рух додааст.  

 Ярч дар тунукобаи 100 км ба самти шимолу ғарб аз Мёре-ог-Ромсдал, Норвегияи муосир рух дода, боиси як сунамии басо бузург дар қисмати шимолии уқёнуси Атлас шудааст. Гуфта мешавад, ки он наздик ба 290 километр соҳилҳоро фаро гирифт ва ба масоҳати 3500 км³ паҳн шуд.

 Тибқи таҳлили таърихгузории радиокарбони маводи наботӣ, ки дар таҳшинҳои сунамии онзамона кашф шудааст, ин ярч наздик ба 6100 сол пеш аз милод рух додааст. Изи сунамии баъди ярч ва таҳшинҳои он дар Шотландия, ҳавзаи Монтроз ва Ферт-оф-Форт дар қаламрави то 80 килеметр умқи соҳил ва дар баландии то 4 метр сатҳи ниҳоии дамишҳои имрӯза кашф шудааст.  

Таҳқиқотҳои анҷомшуда дар доираи омодагиҳо ба истихроҷи газ дар чашмаҳои Ормен Ланге нишон додаанд, ки ярч дар натиҷаи ҷамъ шудани маводҳо дар муддати давраи яхбандии бузург сурат гирифтааст ва ҳамин гуна фоҷеа метавонад боз баъди даврони нави яхбандӣ ба вуқӯъ пайвандад. 

Тахмин меравад, ки ин ярч бар асари заминларзаи шадид ва ҳамчунин озод шудани миқдори басо зиёди газ, аз ҷумла гази метан ва бар асари ҷойивазкунии гидрати метан ба вуҷуд омадааст.

Ҳангоми ярчи охир як қитъаи басо бузурги хушкӣ, ки бостоншиносон онро Доггерленд меноманд вуҷуд дошт. Доггерленд минтақае дар бахши ҷанубии баҳри Шимол дар зери оби дарё қарор гирифта, аммо дар қадим берун аз об буд ва Британиёро бо дигар қисматҳои қораи Аврупо мепайваст. Доггерленд бар асари боло рафтани сатҳи оби дарёҳо дар ҳудуди 4500 ё 4200 сол пеш аз милод ба зери об рафт. Ин фарзия вуҷуд дорад, ки қаламрави Доггерленд аз соҳилҳои ботлоқиву регӣ бо халиҷҳо иборат буд, ки барои шикор ва моҳидорӣ басо муносиб буд. Ҳамон шуғле, ки одамони давраи мезолитро ҷалб мекард.  

Аммо дар ин миён, чуноне аллакай ишора кардем, назарияи дигаре ҳам пайдо шуд, ки тибқи он Доггерлент басо ба оҳистагӣ дар натиҷа боло рафтани сатҳи оби баҳр тадриҷан зери об шудааст, на бар асари сунамӣ ё фалокати дигар. Ба ҳар ҳол ин ҳодиса амалан сокинони наздисоҳилии замони мезолитро ба ҳалокат расонд ва фарҳанги Британияро аз дигар қисматҳои Аврупо ҷудо кард.  


Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту