Баҳси илмии пайдоиш ва инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин як баҳси густардаест, ки аз қадим таваҷҷуҳи оламиён, бахусус донишмандонро ба худ кашидааст. Вале бо гузашти садсолаҳо ин баҳс ҳамоно идома дорад. Ҳар лаҳза кашфиёти наве дар ин мавзуъ арзи вуҷуд мекунанд. Илм донишҳои инсониро дар мавриди пайдоиш ва рушди ҳаёт дар рӯи Замин пурра мекунад, баҳсҳо зояндаи идеяҳои нав, фарзияҳои ҷадиданд. Аммо ҳанӯз ин баҳсро поён нест.
Касе намедонад, ки аввалин маротиба ҳуҷайраи зинда маҳз кай пайдо шуд. Синни нишонаҳои аввалини ҳаёт (боқимондаи бактерияҳо), ки дар қишри қадимии Замин пайдо шудаанд, наздик ба 3,5 миллиард сол аст. Фарз мекунем, ки синну соли сайёраи мо 3 миллиарду 600 миллион аст.
Барои возеҳият ин муддати басо тӯлониро дар доираи як шабонарӯз тасаввур мекунем. Ҳоло “соати дасти мо”, ки баробар ба 24 соат аст, дар аввал пайдоиши ҳаёт он 0 соатро нишон медод. Ҳар соат 150 миллион солро дар худ меғунҷонад ва ҳар дақиқа 2,5 миллион солро. Пас шумо ҳам бо мо бошед, то соат ба соату дақиқа ба дақиқа ба ҳақиқати пайдоиши ҳаёти Замин наздик шавем. Инак:
ДОКЕМБРИЙ (пешкомбрин) (анг. Prekambrion – пешкомбрин ё криптозой) – номи як давраи бузурги таърихи Замин. Қадимитарин давраи инкишофи ҳаёт ва он муддати хеле тӯлонӣ – бештар аз 3 миллиард сол идома дошт. Тибқи ҷадвали мо аз оғози субҳ то соати 8-и бегоҳ.
Мо аллакай дар бораи шароитҳое, ки аввалин организмҳои зинда ҳаёт ба сар бурданд, баъзе чизҳо медонем. Ғизои онҳо аз ҳисоби ба истилоҳ “шӯрбои аввалия”-и муҳити уқёнус ва ё бародарони начандон муваффақашон буд. Тадриҷан, бо гузашти миллионҳо сол ин шӯрбо омехтатар шуд ва тадриҷан захираи моддаҳои ғизоӣ ба охир расид.
Инкишофи ҳаёт ба бунбаст рӯбарӯ гардид. Вале таҳаввул муваффақона роҳи бурунрафт аз онро пайдо кард. Аввалин организмҳо (бактерияҳо) ба вуҷуд омаданд, ки қодир буданд бо ёрии нури офтоб моддаҳои ғайриорганикиро ба моддаҳои органикӣ табдил диҳанд.
Барои бунёди организм ба ҳамаи мавҷудоти зинда гидроген лозим аст. Рустаниҳои сабз онро дар натиҷаи таҷзияи об ва ҳосил намудани оксиген ба даст меоранд. Вале бактерияҳо ҳоло ин гуна наметавоннад кунанд. Онҳо на об, балки сулфиди гидрогенро таҷзия мекунанд (аз ин рӯ дар болои баъзе ботлоқҳо метавон қабати сулфидро пайдо кард).
Бактерияҳои қадим ҳамин гуна амал карданд. Вале миқдори сулфиди гидроген он замон дар Замин хеле кам буд ва дар натиҷа ба инкишофи ҳаёт буҳрони нав сар шуд.
Роҳи баромад аз ин мушкилро обсабзҳои сабзукабуд пайдо карданд. Онҳо таҷзияи обро омӯхтанд. Молекулаҳои об “чормағзи” одие набуданд, ки ба осонӣ кафондаву аз он гидроген ва оксиенро берун оранд. Ин 7 маротиба мушкилтар аз пайдо кардани сулфиди гидроген аст. Метавон гуфт, ки обсабзаҳои сабзу кабуд ҷасорати беҳамто нишон доданд. Ин рӯйдод 2 миллиарду 300 миллион сол пеш (дар ҷадвали мо наздик ба соати 9-и субҳ) рух дод.
Акнун ба сифати маҳсулоти иловагӣ дар атмосфера оксиген ба ҷудо шудан оғоз кард. Ҷамъшавии оксиген хатари ҷиддие барои инкишофи ҳаёт дар Замин ба вуҷуд овард. Шуруъ аз соати 11-и субҳ худ аз худ пайдошавии ҳаёт дар Замин имконнопазир шуд, миқдори оксиген 1%-ро ташкил дод.
Дар ҷараёни таҳаввул (эволтсия) организмҳои автотрофӣ (анг. аutotroph – организмҳое, ки моддаҳои органикиро аз ғайриорганикӣ синтез мекунанд) пирӯзии намоёнро ба даст оварда, ҳукмронии организмҳои аз оксиген нафасгиранда ба вуҷуд омад. Наздик ба соати 11-и субҳ дар Замин аввалин организме арзи вуҷуд кард, ки аз оксиген нафас мекашид. Ва нафаскашӣ низ ҳамин минвол ба вуҷуд омад.
То ин замон организмҳои зинда дар уқёнус мезистанд, онҳо худро аз нурҳои ҳалокатовари ултрабунафши офтоб дар қаъри об пинҳон карда буданд. Аммо ҳоло ба шарофати оксиген дар қабати болоии атмосфера қабати озон пайдо шуд, ки он шуъоро нармтар мекард. Зери ҳимояи озон ҳаёт метавонист ба хушкӣ барояд.
Дар муддати пешкомбрин (докембрий) табиат боз ба як қатор “ихтироот” даст ёфт. Наздик ба соати 2-и рӯз (мувофиқи ҷадвали мо) ҳуҷайраҳо дорои мағз шуданд. Тақрибан ҳамон вақт афзоиши ҷинсӣ ба вуҷуд омад ва он муҷиби тезтар шудани суръати таҳаввулот гардид. Махлуқоти аввалини бисёрҳуҷайра ҳам пайдо шуданд.
Дар охири докембрий (чуноне ёд дорем ин соати 8-и бегоҳ) ба баҳрҳои заминӣ ҳайвонҳои гуногун сокит шуданд: медузаҳо (ҷонварони баҳрии нармбадан), кирмҳои ҳамвор, исфанҷҳо, полипҳо. Ҳамаи онҳо нармбадан буданд ва устухон надоштанд. Дар ҳайвонот пайдо шудани устухон (скелет) (гӯшмоҳиҳо, зиреҳдорон ва ғайра) аз давраи нави геологӣ паём медод.
Таҳияи Б.Шафеъ
(Идома дорад)