preloader

интизор шавед...

Донистаниҳо аз ЗАМИНЛАРЗА

  • 17-июн-2024
  • 130 дидани саҳифа

Ҳар сол дастгоҳҳои зилзиласанҷии олам бештар аз миллион заминларзаро ба қайд мегиранд. Афзоиши нуқтаҳои мушоҳидаи заминларза ва такмиили ҷунбишҳои сейсмикӣ имкон дод, ки ҳар даҳсола назар ба даҳсолаи пеш шумори бештари зилзилаҳо дар умқи Замин сабт шаванд. Агар аввали солҳои 1900 наздик ба 40 заминҷунбии то 7 балл ва аз он бештар ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар асри 21  шумори онҳо дар як даҳсола то ба беш аз 4000 адад расид. Заминларза дар Тоҷикистон як хатари хеле ҷиддӣ барои дарозмуддат дониста мешавад.
МАЪНОИ ЛУҒАВӢ
Зилзила - زلزله,  залзала, заминҷунбӣ, заминларза - ҷунбиш ва ларзиши қишри кураи Замин, ки дар вақти шиддатнок рӯй доданаш боиси харобии биноҳо ва ҳалокати одамон мешавад, заминҷунбӣ, заминларза (Фарҳанги забони тоҷикӣ).
Шуданд он ҳар ду аждарҳо шитобон,
Дарид аз зилзила кӯҳу биёбон.
Хисрави Деҳлавӣ
Зилзила – ҷунбиши сахт ва ҳаракати шадид, ҷунбиши замин ва заминларза...ҷунбиш ва ҳаракати пустаи (қабати болоии) ҷомид (хушк)-и кураи Замин, ки дар сурати шиддат сохтмонҳо ва шаҳрҳоро хароб ва ҷамъи касиреро (зиёдеро) ҳалок мекунад. Зилзилаҳо маъмулан ба сабаби лағжиши тӯдаҳои санг, фаъолиятҳои оташфишонӣ ва билохира резиши сақфи ғорҳои бузурги зеризаминӣ ҳодис мешаванд (ба вуҷуд меоянд) (Деҳхудо). 
Зилзол, залзол – ларза, ҷунбиш 
Андар он рӯз, ки аз наъраи мардони набард,
Дар дили кӯҳ чу симоб дарафтад залзол. 
Бадри Чочӣ
Зилзила фикандан - ба зилзила андохтан, ба шӯру ғалоғула ва бесарусомонӣ даровардан:
Баромад зи вайронкунон ғулғула,
Фиканданд дар бому дар зилзила.
Шодӣ 
ШАРҲИ ИЛМИИ ЗИЛЗИЛА, ЗАМИНЛАРЗА
 Зилзила, зарбаҳои зеризаминӣ ва ларзиши сатҳи Замин, ки дар натиҷаи баъзе просесҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд. Манбаи Замин ҷоест, ки дар он қабатҳои  ҷинсҳои кўҳӣ ба сабаби фурўравиҳо дар қаъри Замин оташфишонии вулқон ва ҳаракатҳои тектоникӣ нисбат ба якдигар якбора мелағзанд ва зарбаи зеризаминӣ ба амал меояд. Ҳар сол дар ҷаҳон садҳо ҳазор заминларза ба амал меояд, ки аксари онҳо чун зарбаҳои суст танҳо бо асбобҳои махсус қайд карда мешаванд. Ин гуна асбобҳо сеймографҳо ном доранд, ҷунбишҳои замин ё ҳолати оромии онро мунтазам сабт мекунанд. Фақат ягон – ягон заминларзаҳои харобиовар ва аз он ҳам камтар заминларзаҳои фалокатбор рўй медиҳанд. Сабабҳои пайдоиш ва механизми заминларзаро сейсмология меомузад.
Манбаи заминларза аз ҳаҷми муайяни ҷинсҳои қўҳӣ  иборат аст, ки энергияи калони бо таъсири протсесҳои физикавию химиявӣ дар он ҷамъ шуда, дар фосилаи кўтоҳи вақт хориҷ мешавад ва ҳамчунин лапишҳои зилзила ба атроф паҳн мегардад. Аз нуқтаи назари геологӣ манбаи заминларза аз тарқиш ё силсилаи  тарқишҳо  дар ҷинсҳои кўҳии дохили Замин  иборат аст, ки қад – қади онҳо лағжиши лаҳзавии ҷинсхои кўҳӣ  ба амал меояд. Масоҳати тарқиш ба миқдори энергияи хориҷшуда мутаносуби роста аст.
Дар сарзамини Тоҷикистон ҳар сол то 2000 зарбаҳои зеризаминӣ ба қайд гирифта мешаванд, аммо фақат қисми ками онҳоро одамон дарк карда метавонанд. Дар ин ҷо тақрибан 3 - 4 сол як мартиба замиҷунбиҳои сахт ба ҳисоби миёна дар ҳар 10-15 сол як маротиба заминларзаҳои фалокатбор ба амал меояд. Заминларзаҳои Қаротоғ, Сарез ва Ҳоит барои Тоҷикистон фалокати воқеӣ буданд. Заминҷунбии Қаратоғ (1907), ки дар шохаҳои ҷангалу кўҳҳои Ҳисор ба вуҷуд омад, аз силсилаи зарбаҳои зеризаминӣ иборат буд ва аз зери замин ғулғулаи сахте шунида мешуд. Махсусан, се зарба сахтарин буданд, ки фосилаи байни онҳо 15 дақиқаро ташкил  медод. Ларзиши 9-10 балла майдони 2000 км2- ро фаро гирифт. Дар нишебиҳои кўҳ табақаҳои замин ва ҷинсҳои кўҳӣ фурў рафта, тарқишҳо ба амал омадаанд. Дар натиҷаи ин заминларза 150 қишлоқ хароб ва бештар аз 1000 кас ҳалок гардид. Зарбаҳои 4 балларо дар масофаи 400-500 км берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳис кардан мумкин буд. Осори заминларзаи Қаратоғ то ба имрўз боқӣ мондааст. Ҳангоми мушоҳидаи мавзеи зилзила ҳудуди ҷинсҳои кўҳиеро, ки ба болои собиқ деҳаи Қаратоғ фурў рехтаанд, бо осонӣ фарқ кардан мумкин аст. Сатҳи ин ҷинсҳоро фақат ҷо – ҷо гиёҳу буттаҳо ва ягон – ягон дарахтон пушидаанд... (Энсклопедияи Советии тоҷик. – Душанбе,1980. – С. 490-492).

АЗ ТАЪРИХ. Аввалин заминларза дар таърихи башар соли 2050 то милод ба қайд гирифта шудааст.Шадидтарин зилзилаи таърих соли 1201 дар ноҳияи соҳилҳои шарқии баҳри Миёназамин рух дод. Дар ин фочеа беш аз 1 миллион сокинони Миср ва Сурия ҷони худро аз даст доданд. 

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ
(Идома дорад)

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту