Заминларза низ чун дигар офатҳои табиӣ гунаҳои мухталиф дорад, ки ҳар кадом вобаста ба шароите рух медиҳанд. Аз ҷумла:
ЛАРЗИШ ДАР БАҲР – лаппиши ногаҳонии об дар баҳрҳои озод ва уқёнусҳо, ки дар аксар маврид боиси фалокатҳо мешавад. Мавҷҳои азими об ба соҳилҳо мерасад ва хисороти азиме ба сохтмону бандарҳо мерасонанд.
Сабаби лаппиш дар оби баҳрҳои озод заминларзаест, ки маркази он дар қаъри баҳру уқёнус аст. Паёмадҳои он хатарборанд ва камтар аз паёмадҳои заминларзаҳо дар хушкӣ нестанд. Ларзиш дар баҳр метавонад бо сунамӣ (обларза) ҳамроҳ бошад, ки бо як суръати ниҳоят баланд ба самти соҳил ҳаракат кунад.
Таърихи башар ин гуна ларзишҳои шадид дар обро зиёд дар хотир дорад ва яке аз онҳо заминларзаи Лиссабон мебошад. Дар он се ҳиссаи шаҳр хароб шуд ва 90 ҳазор нафар ҷон бохтанд.
Ин мусибат 1-уми ноябри соли 1775 соати 9:20 дақиқа рух дод ва қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер 8,7 баллро ташкил медод. Дар 6 дақиқаи аввал наздик ба 90 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Ба дунболи такони шадиди замин, ки аз қаъри баҳр боло мешуд, сунамӣ соҳилҳоро фаро гирифт ва баъдан сӯхтори бесобиқае атрофро ба комаш кашид.
Ин заминларза ҳамзамон чанг ба домани ихтилофоти сиёсӣ зад ва ба такаббури мустаъмарахоҳии Португалия, ки дар асри 18 ҳоким буд, зарбаи шадид расонд. Ин рӯйдод дар маҳфилҳoи сиёсии файласуфони Давраи маърифат васеъ баррасӣ мешуд ва ба рушди консепсияи теодитсия32 мусоидат намуд. Омӯзишии илмии ин ҳодиса сабаб шуд, ки илми наве бо номи сейсмология33 арзи вуҷуд кунад. Имрӯз геологҳо ба ин назаранд, ки он заминларза ба шиддати 8,7 балл минтақаро такон дод ва маркази он дар уқёнуси Атлас, тахминан 200 километр ҷанубу шарқии димоғаи Сан-Висенте буд. Бино ба шаҳодати таърихнигорон барномаи барқароркунии шаҳри харобшударо маркиз де Помбал сарварӣ мекард.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ
(Идома дорад)