Баҳси илмии пайдоиш ва инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин як баҳси густардаест, ки аз қадим таваҷҷуҳи оламиён, бахусус донишмандонро ба худ кашидааст. Вале бо гузашти садсолаҳо ин баҳс ҳамоно идома дорад. Ҳар лаҳза кашфиёти наве дар ин мавзуъ арзи вуҷуд мекунанд. Илм донишҳои инсониро дар мавриди пайдоиш ва рушди ҳаёт дар рӯи Замин пурра мекунад, баҳсҳо зояндаи идеяҳои нав, фарзияҳои ҷадиданд. Аммо ҳанӯз ин баҳсро поён нест.
ҚАДИМИТАРИН ДАВРАИ ЗИНДАГӢ (ПАЛЕОЗОЙ)
Давраи палеозой, ки 570 миллион сол пеш шуруъ шуда буд, 340 миллион сол давом кард. (Яъне, тибқи ҷадвали мо аз аввали соати нуҳи бегоҳ то соати даҳуними шаб). Олимон онро ба шаш давра тақсим мекунанд.
Давраи аввали он – кембрий (анг. Cambrion, ки 70 миллион сол давом кард) мебошад. Ҳамчуноне гуфта шуд дар ин давра дар ҳайвонҳои мухталиф скелеташон рушд мекунад. Ба назар мерасад, ки ҷисми мулоим барои ҳайвонот дигар бехатар набуд.
Табиат дар эҷоди худ дар кембрий гуногунранг пеш рафт: қариб ҳамаи намуди олами ҳайвонот аввалин намояндагони худро пайдо мекунанд. Масалан хордадорон мавҷудотеро мемонанд, ки ба лансетники имрӯз (ҷонвари моҳимонанди баҳрӣ) шабоҳат дорад. Обро аз тариқи тарқиши ғалмаса гузаронида, онҳо ҳамин тариқ ҳиссачаҳои хӯрданиро аз лойқа соф мекунанд.
Ҳоло барои мо тасаввур кардани баҳри бе моҳӣ мушкил аст, вале дар кембрия моҳиҳо ҳанӯз вуҷуд надоштанд. Барҳрҳо пур аз трилобитҳо (анг. Tilobites – синфи мунқаризшуда аз ҷонварони бандпой, ки барои олами ҳайвоноти давраи полеозой аҳаммияти ивжа доштанд. Гузаштагони мурдаи анкабӯтҳо, каждумҳо ва канаҳо) буданд.
Баъди кембрия давраи ордовик шуруъ мешавад ва он 60 миллион сол давом мекунад. Ҳамоно дар обҳо трилобитҳо нашъунамо доранд. Аввалин даҳангирдон - ҳамқавмони мормоҳиҳо ва миксинҳои имрӯза ба вуҷуд меоянд. Онҳо ҳанӯз манаҳ надоранд, вале сохти даҳон барояшон ин имконро медиҳад, ки сайдашонро доранд ва ин ба маротиб беҳтар аз софкунии лойқа барои ба даст овардани ғизо мебошад.
Дар давраи баъдӣ — силур, ки 30 миллион сол идома мекунад, аввалин рустаниҳо (псилофитҳо) аз об ба хушкӣ мебароянд ва соҳилҳоро бо қолини сабзгуни худ, ки то 25 см қад доштанд, мепӯшонанд. Ба дунболи онҳо яке пас якдигар ҳайвонот (бисёрпойҳо, кирмҳо, тортанакҳо ва каждумҳо) ҳам аз об ба хушкӣ рӯ меоранд, олами набототу ҳайвоноти обӣ баъди ин тадриҷан хушкиро макону маъвои зист қарор медиҳанд. Онҳо ба нафас кашидан аз ҳаво тадриҷан одат мекунад.
Дар баҳрҳо триболитҳо аллакай каждумҳоеро, ки дарозиашон то 2 метр мерасид танг мекунанд. Дар муҳрадорон узви нави бадан-манаҳ, ки қаблан мавҷуд набуд, пайдо мешавад. Барои он ки сайдашон аз ҷоғ налағжад ва аз даст наравад, моҳиён ҳамзамон ҷуфти шинокунанда пайдо мекунанд ва он муҷиби зудҳаракатии онҳо дар об мешавад.
Давраи оянда — девон (давраи чорӯми эраи палеозой дар таърихи Замин)аст, ки 60 миллион сол давом мекунад. Дар ин давра плаунҳо (навъи алаф аз ҷинси бегулон), папоротникҳо, чилбуғумҳо, ушнаҳо ба соҳил мебароянд ва хокнишин мешаванд. Дар буттаҳои онҳо аввалин ҳашаротҳо менишинанд, зиндагии муштараки ҳашароту наботот оғоз мешавад.
Баъдан ба тадриҷ муҳрадорон ҳам аз об берун мешаванд ва рӯ ба хушкӣ меоранд. Ин раванд чӣ гуна ва чаро рӯй медиҳад? Иқлими давраи девон хушк буд ва ҳарорати ҳаво тӯли сол якбора тағйир меёфт. Бисёре аз махзанҳои об хушк мешуданд. Баъзе намуди моҳиён дар аввалин лаҳзаҳои хушкӣ ба лойқа фурӯ мерафтанд. Барои ин лозим меомад нафаскашӣ аз атмосфераро ҳам омӯзанд. Барои ояндаи таҳаввулот навъи баъзе аз моҳиён аз гурӯҳи панҷаболҳо (кистепёрҳо) умедворкунанда буд. Ҳамроҳ бо нафаскашии шушӣ онҳо узви шиноварии ҳаракатдиҳандаи мушакӣ доштанд, ки ба панҷа шабоҳат дошт. Бо ёрии он ба қаър шино мекарданд. Барои он ки дар макони обҳои хушкида намиранд, ин моҳиҳо ба сафари хушкӣ дар ҷустуҷӯи об мебаромаданд. Ва онҳо ба масофаҳои хеле дур ҳам сафар мекарданд, ба умеди онки об пайдо мекунанд ва ба зиндагии баъдии худ идома медиҳанд. Албатта, он моҳиҳое зинда мемонданд, ки дар хушкӣ хуб ҳаракат карда метавонистанд. Дуруст аст, ки шуши заъиф барои нафаскашӣ кофӣ набуд. Чӣ гуна метавонистанд онҳо нафас кашанд, дар ҳоле, ки ғалсама дар хушкӣ ба кор намерафт? Танҳо бо воситаи пӯст ин кор имконпазир буд. Аз ин рӯ, пулакчаҳои моҳӣ ҷойи худро тадриҷан ба пӯсти намдор дод.
Боқимондаи сангшудаи моллюск
Белемнит
Масомаи аммонитҳои мурда
Ҳамин тариқ дар давраи девон моҳиҳои панҷаболи кистепёрӣ тадриҷан маконҳои таваллуди худро тарк карданд ва ба зиндагонии заминиву обии ҳайвонот – стегосефалҳо оғоз бахшиданд.
Баъдан асри карбон оғоз мешавад, ки онро давраи ангиштсанг ҳам меноманд ва он 65 миллион сол идома доштааст. Бори аввал муҳити доманфарохи хушкӣ бо ҷангалзорони ботлоқӣ аз папоротникҳои дарахтшакл, чилбуғумҳо ва плаунҳо пӯшида шуд.
Ба плаунҳои начандон бузург дида дӯхта, мушкил аст бовар кард, ки пешгузаштагони онҳо (масалан, пулакчадорон) ва ё лепидодендронҳо) то 40 метр қад кашидаву 6 метр ғафсӣ доштаанд.
Аз пояҳои ба об уфтодаву тадриҷан ба ангиштсанг табдилшудаи онҳо ғарами ангиштсанг пайдо шуд. Гаронарзиштарин ангиштсанг (антрасит) аз ҷамъшавии спораҳои зиёд пайдо шуд, ки онҳоро дарахтони он замон ба қаъри об равон карда буданд.
Вақте аз наздик ва дақиқтар ангиштсангро месӯзонем, таъсири нурҳои офтобро ҳисс мекунем, ки на камтар аз се миллиард сол пеш ба Замин уфтодааст. Зери ин нурҳои наҷотбахши офтоби сӯзон гузаштагони дури мо гарм мешуданд, рустаниҳову ҳайвоноти заминиву обии давраи карбон нумуъ мекарданд, афзоиш меёфтанд.
Бори аввал ҳаёте, ки обу хушкиро аз худ кард, ба сӯйи як тӯфони дигар – ҳаво қадам гузошт. Аввалин бор ҳашаротҳо дар давраи ангиштсанг дар ҷангалзорон ба ҳаво хестанд. Баъзан онҳо ба андоза хеле бузург шуданд. Боли баъзе намуди сӯзанакҳо то ба 70 см расижд. Дар туттазорон ғайр аз тортанакҳо ва каждумҳо ҷонварони дигар, аз ҷумла нонхӯрак (ки андозаи ҷисмашон баробар ба кӯрмуши обӣ буд), вомехӯрданд.
Ҳаёт тадриҷан аз об ба хушкӣ баромад, заминро рустаниҳову ҳашароту ҳайвоноти гуногун фаро гирифтанд. Ҳамзамон ба ҳама хазандагон, папоротникҳои тухмдиҳанда, пешгузаштагони сӯзанбаргҳо зистан дар хушкӣ муяссар шуд. Дар рустаниҳо ба ҷойи спораҳо тухмӣ пайдо шуд, тухми хазандагон пӯст пайдо кард. Нутфа дар тухмӣ бо парда ва ғизо таъмин гардид. Аз тухми хазандагон акнун на кафлесаки беҳимоя, балки нусхаи хурди шабеҳи волидонашон берун меомад.
Ба хазандагон аллакай дигар пӯсти урён барои нафаскашӣ зарурат надошт, акнун танҳо шуш барои ин кор кофӣ буд.
Давраи охири ҳаёти замони қадим – перм муддати 55 миллион сол давом кард. Иқлим сардтар ва хушктар шуд. Бешаҳои пурнами папоротникҳо ва плаунҳо ғайб заданд. Ҷойи онҳоро сӯзанбаргҳо ишғол карданд ва доман паҳн карданд.
Дубаҳраҳоро бештар хазандагон танг карданд ва худро дар сайёра ҳоким сохтанд.
Таҳияи Б.Шафеъ
(Идома дорад)