
26 июни соли 1927 нимҷазираи Қрим шадидан такон хӯрд. Гуфтанист, ки Қрим аз қадим минтақаи зилзилахез аст ва таърихи ин кишвар заминларзаҳои зиёдеро ёд дорад. Аммо зилзилаи соли 1927 бесобиқа будааст.
Шиддати ин заминларза дар соҳили Ҷанубӣ 6 балл буд. Он вайрониҳову харобкориҳои зиёд надошт, вале аз он ки мардум сахт ба воҳима дода шуданд, теъдоде ба ҳалокат расиданд.
Аслан маркази он дар қаъри баҳр, ҷанубтар аз марказҳои аҳолинишини Форос ва Мшатка буд ва эҳтимолан то ба имтидоди соҳилҳо кашида шуд.
Аллакай дар вақти заминларза моҳигироне, ки 26 июн дар баҳр буданд, изтироби ғайриодӣ ҳисс карданд: дар ҳавои софу ором дар об лаппиши хурдеро мушоҳида намуданд, баҳр гӯё меҷӯшид. То заминларза он орому бесадо буд, вале ҳангоме, ки замин такон хӯрд, аз қаъри он садои сахте ба гӯш расид.
Дар ин заминларза чанд нафар захмӣ шуданд, вале талафоти ҷонӣ надошт.
Зилзилаи 12 сетябри соли 1927 бошад шадидтар буд ва дар он се нафар ҳалок шуданд, 65 нафар захмӣ. Он харобиҳои зиёде ба ҷой гузошт.