Оби ширин чӣ барои нӯшидан ва чӣ барои шустушӯ дар зиндагии мо зарур аст ва нақши басо муҳиме дар ҳаёти ҳамарӯзии мо дорад. Донишмандон дар як пажӯҳиш ба тозагӣ дарёфтанд, ки оби ширин ба сурати оби борон барои аввалин бор ҳудуди 4 миллиард сол пеш боридааст, ҳудуди 500 миллион сол пеш аз замоне, ки тасаввур мекардем қатраҳои аввалин борон бар Замин расидааст. Пас дерзамоне аст, ки бар Замин борон меборад.
Муҳаққиқон сангҳои маъдании қадимии қабатҳои Заминро омӯхтанд ва бозёфтҳое ба даст оварданд, ки метавонанд ба одамон дар пайдо кардани ҷавобҳо дар бораи чӣ гуна пайдоиши ҳаёт дар Замин кӯмак расонанд.
ИН КАШФИЁТ ЧӢ ГУНА СУРАТ ГИРИФТ?
Бозёфтҳои пажӯҳишгарон бар асоси ташхиси кристаллҳои қадимӣ аз маҳалле бо номи Ҷек Ҳиллз дар иёлати Ғарби Австралия гирифта шудааст. Дар ин ҷо кӯҳантарин маводи мавҷуди қишри Замин ёфт шудааст.
Агар кураи Заминро монанди себ тасаввур кунем, пас қишри Замин монанди пӯсти ҳамин себ аст. Минтақаи Ҷек Ҳиллз дар Австралия, ки ҳоло як минтақаи хушк ва пургарду ғубор аст, ҷойест, ки шоҳиди аввалин борон бар Замин дониста шудааст.
Донишмандон миқдори оксигенро дар минерале бо номи зиркон (анг. Zircon) – ро андозагирӣ карданд. Ин моддаи маъданӣ дар баъзе сангҳои ташкилдиҳандаи замин ҳудуди тақрибан аз 3,2 то 4,2 миллиард сол пеш ба вуҷуд омадааст.
Муҳаққиқон далелҳое пайдо карданд, ки ҷинсҳои гарм ва гудохташуда, ки дар онҳо ин минералҳо ба вуҷуд омадаанд, бо обе, ки аз осмон рехтааст, тамос гирифтаанд.
Ҳомид Ҷамолуддин, геолог ва роҳбари пажӯҳишгоҳи Донишгоҳи Кёртини Австралия мегӯяд: "Далелҳои мавҷудияти оби тоза дар умқи Замин назарияи то кунун ҳокимро зери шубҳа мегузорад, ки Замин тақрибан чаҳор миллиард сол пеш пурра зери уқёнус пӯшида буд”.
Об дар сайёра бо раванди бухоршавӣ ва боришот дар системаи гардиши об дар замин, уқёнусҳо ва атмосфераи замин дар ҳоли тағйир ва табдил аст. Дар таърихи аввалияи Замин оби ширин вуҷуд доштаст ва оғози гардиши об он чизеро таъмин мекард, ки барои пайдо шудани аввалин нишонаҳои ҳаёт дар рӯи Замин зарур буд.
Ҳатто то ба имрӯз ҳам бо боварии том наметавон оғози гардиши об дар кураи Заминро илман шарҳ дод. Ба гуфтаи олимон, ба вуҷуд омадани қишри қораӣ (қабати ҷинсҳои магмавӣ, таҳшинӣ ва метаморфӣ), оби ширин ва оғози гардиши об пас аз камтар аз 600 миллион соли пайдоиши Замин шароити мусоид барои ҳаётро фароҳам овард. Доктор Ҳуго Олирович, яке аз пажӯҳишгарони ин пажӯҳиш дар Мактаби улуми замин ва геологияи Донишгоҳи Кёртин мегӯяд, ин кашфиёт барои дарки чигунагии пайдоиши Замин ва зиндагӣ дар он хеле муҳим аст.
Вай дар идома меафзояд: «Ин бозёфт на танҳо таърихи аввалияи Заминро барои мо рушан мекунад, балки нишон медиҳад манотиқ ва навоҳии васеъи хушкии рӯи Замин ҳамроҳ бо оби ширин заминаи муносиберо барои падидор шудани ҳаёт муҳити муносиб фароҳам меорад ва ин ҳам дар як муддати нисбатан кутох, такрибан 600 миллион сол баъд аз ташкил ёфтани сайёраи Замин.
Бозёфтҳо як қадами муҳим дар роҳи беҳтар фаҳмидани таърихи қадимии сайёра мебошанд ва дарҳоро ба кашфиётҳои оянда дар бораи пайдоиши ҳаёт дар Сайёра боз мекунад".
Таҳияи Б.Шафеъ
Манбаъ: ВВС