preloader

интизор шавед...

Хеле сода дар бораи дарки илмии инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин. Давраи миёнаи ҳаёт (Мезозой)

  • 29-июн-2024
  • 168 дидани саҳифа

Давраи мезозой 230 миллион сол пеш оғоз шуд ва 163 миллион сол идома кард (яъне, аз соати даҳуними шаб то ёздаҳуними шаб тибқи ҷадвали мо). Он ба 3 давра: триас (35 миллион сол), юра ва ё давраи юра (58 миллион сол) ва табошир (70 миллион сол) ҷудо мешавад.

Дар баҳрҳо ҳанӯз дар давраи пермӣ ҳамаи трилобитҳо комилан нобуд шуданд. Вале ин хотимаи ҳаёт барои бемуҳраҳои обӣ набуд. Баръакс, ба ҷойи ҳар шакли мурда навъҳои нав ба дунё омад. Дар давраи мезозой уқёнусҳои Замин пур аз моллюскҳои белемнит (Белемнит ё белемнитидҳо. Лот.Belemnitida. Як гурӯҳ аз ҳайвонҳои бемуҳраи мунқаризшуда. Тибқи таҳқиқотҳои илмӣ ин ҷонварон аз давраи ангиштсанг то палеоген дар Замин зситаанд), шабеҳи калмарҳо ва аммонитҳо шуданд. Қутри масомаи баъзе аммонитҳо то ба 3 метр расид. Дар сайёраи мо ягон ҷонзоди дигар то ва баъди он ин гуна масомаи бузург надошт. Қутри садафи баъзе аммонитҳо (Аммонитҳо, лот. Ammonoiden. Аз ҷумлаи бемуҳраҳое, ки аз давраи девон то табошир зистаанд) ба 3 метр мерасид. 

Нақши ниёпаранда (археоптерикс).

Нонхӯраки қадима.

Нақши ҳашароти давраи ангиштсанг.

Дар бешазорони мезазой сӯзанбаргҳои монанд ба санавбарҳо ва сарвҳо ва сагоҳои имрӯза ҳоким буданд. Мо ба дидани ҳашаротҳои печида дар гулҳо одат кардаем. Аммо ин диданӣ танҳо дар давраи мезозой муяссар шуд, замоне буд, ки дар рӯйи Замин аввалин гул шукуфт. Дар давраи табошир (давраи сеюми мезозой) рустаниҳои гулдор аллакай ҷойи сӯзанбаргҳо ва саговникҳоро танг карданд.  

Эраи мезозой, бахусус давраи охири он юраро метавон давраи ҳокимияти хазандаҳо номид. Аммо ҳанӯз дар аввали давраи мезозой, вақте хазандагон нав ба ҳокимияти худ шуръ мекарданд, дар қатори онҳо ҳайвончаҳои хеле хурди пашминапӯши пистондор пайдо шуда буданд. Муддати 100 миллион сол онҳо номаълум дар канори динозаврҳо зиндагонӣ карданд, ботаҳаммул расидани соати худро интизор шуданд.  

Дар давраи Юра барои динозаврҳо дигар ҳарифони хунгарми онҳо-парандаҳои аввалин (археоптериксҳо) пайдо шуданд. Дар ибтидо онҳо умумиятҳои зиёде бо хазандагон доштанд: масалан, манаҳ, дандонҳои тези пӯшида. Дар давраи табошир аз онҳо парандагони воқеъӣ пайдо шуданд.  

Дар охири давраи табошир иқлими Замин сардтар шуд. Табиат ҳоло наметавонист ҳайвонотеро, ки беш аз даҳ кило вазн дошт, ғизо диҳад. (Дар ин миён назарияҳои дигари илмии марги динозаврҳо низ мавҷуданд). Маргумири сартосарии динозаврҳои азимҷусса (ки муддати як миллион сол ҳокими Замин буданд) шуруъ гардид. Акнун ҷойи холимондаи онҳоро метавонистанд парандагон ва дарандагон ишғол кунанд.

Нақши ихтиозавр.

Моллюскҳои қадима аз таърихи наздик ба 40 миллион сол пеш. 

Хазандагони болдор

Скелети игуанодон (ҷонвари гиёҳхӯр аз хонадони динозаврҳои парандашакл).  


Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

(идома дорад)

 

 


Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту