preloader

интизор шавед...

ХЕЛЕ СОДА ДАР БОРАИ ДАРКИ ИЛМИИ ИНКИШОФИ ҲАЁТ ДАР РӮИ ЗАМИН. ДАВРАИ НАВИ ҲАЁТ (КАЙНОЗОЙ). ПАЙДОИШИ ОДАМ

  • 06-июл-2024
  • 117 дидани саҳифа

Давраи кайнозой, ки “ним соат пеш аз нимишабӣ (тибқи ҷадвали мо), 67 миллион сол пештар шуруъ шуд. Ва он асри парандагон, пистондорон, ҳашарот ва рустаниҳои гулдор буд. Ва ин давра ҳоло ҳам идома дорад.

Олимон онро ба давра: палеоген, неоген ва антропоген ҷудо мекунанд. Давраи охирини он ки замони тавлиди одам аст, 2 миллион сол пештар шуруъ шудааст (тибқи ҳисобҳои мо 50 сония пештар). Аммо вақти пайдоиши тамаддуни инсонӣ (агар синну солашро ба ҳисоб гирем, пас 10 ҳазор сол пеш) дар ҷадвали мо ҳамагӣ “чаҳоряк сония пештар аст”!

Скелети мастодонт

ПАЙДОИШИ ОДАМ

 Инсон дар бораи пайдоиши худ аз замонҳои хеле қадим, ҳатто аз замони пеш аз милод ба андешаву тафаккур дода шуд. Ҳар қабила тотеми (шабеҳ донистани қабилаҳо гузаштаи худ ба ин ё он ҳайвон) худ – ҳайвони муқаддасе, ки аз он пайдо шудааст. Инҳо метавонанд парандагон бошанд, гавазн, оҳу, хирс ва ғайраву ҳоказо. Имрӯз ҳам баъзе қабилаҳо дар ақсои олам тибқи ҳамин назария амал мекунанд ва ҳоло ҳам барои онҳо ҳайвоне ё парандае чун пешгузаштаи худ муқаддасу мукаррам аст. Яқинан, дар аввали пайдоиш ва оғози тамаддун инсон шабоҳати худ ба ин ё он ҳайвонро нанг намедонист ва ҳатто ифтихор аз он дошт.  

Аммо дар мамолики масеҳӣ то асри XIX ин гуна фарзияву тахминҳо аслан қобили қабул дониста намешуд. Он замон шахсоне, ки ҷасорат кунанд ва ғояи динии сохта шудани Одам аз ҷониби Парвардигор аз хок дар шашумин рӯзро инкор намоянд, амалан вуҷуд надоштанд. Мухолифон ва душмонони ғояи илмии таҳаввулот ҳатто таълимоти худро бо номи креатсионизм (Креатсионизм – аз анг. Creationism – офаринишгароӣ, хилқатгароӣ. Бовари мазҳабӣ аст, ки бар асоси он олам ва зиндагӣ тавассути мавҷуд ё мавҷудоти фаротабиӣ (умдатан бо номи Худо) ба вуҷуд омадааст) бунёд карданд, ки пояи аслии назарияи онҳоро таълимоти динии пайдоиши одам ташкил медод. Дар асри XIX назарияи комилан илмии худро ба вуҷуд овард. Яке аз биологҳои машҳури креатсионнист Жорд Кювйе буд. Ҳатто тибқи пурсишҳо қисмати бештари донишҷӯёни амрикоӣ ҳамоно аз ин ақида ҷонибдорӣ мекунанд, ки одамро Худованд офаридааст. Ва ин нуктае, ки дар китоби муқаддаси масеҳиён “Инҷил” ҷиддан таъкид шудааст.  

 Чарл Дарвин дар асари машҳураш “Пайдоиши намудҳо” ба масъалаи пайдоиши одам дахл кард ва ҳатто пешбинӣ намуд, ки ба назарияи ӯ низ ҳамалаи шадид сурат мегирад. Ва чунин ҳам чуд. Файласуф ва муаррих Томас Карлейл китоби Дарвинро “инҷили ифлос” номид. Танҳо баъди 12 сол Дарвин тавонист китоби алоҳида бо номи “Пайдоиши одам ва интихоби ҷинсӣ”-ро интишор диҳад.  

Илми муосир ба суоли пайдоиши одам чӣ посух дорад? Одам дорои ақл аст (Homo sapiens) ва он ба оилаи одамон, гурӯҳи маймунҳои одамсурат дохил мешавад. Аввалин афзалият наздик ба 70 миллион сол пеш ба вуҷуд омад ва нахустин маймуни одамсурат 34 миллион сол пеш пайдо шуда буд. 

Вақтҳои охир олимон усули комилан нави муайян намудани дараҷаи хешии ҳар организми зиндаро пешниҳод мекунанд. Онҳо ҳангунии якчанд сохтори ДНК-и ду мавҷудоти зиндаро бо ҳам муқоиса мекунанд (ба мақ.”Генетика ва маълумти генетикӣ” тав. кунед). Ҳамгунӣ ҳар қадар камтар бошад, хешӣ ҳамон андоза дур аст. ва ин равишро ба маймунҳои одамсурат низ санҷидаанд. Баъди санҷиш ба ин хулоса омадаанд, ки одам аз маймун ҳамагӣ 2,5% фарқ мекунад, каме аз ин бештар аз горилла ва аз маймунҳои поёнӣ беш аз 10%.  

Аммо ҳамаи ин ҳам ба он маъно нест, ки шимпанзе ва гориллаҳои имрӯза нусхаи аслии пешгузаштагони инсон бошанд.

Муқоисаи скелетҳое, ки дар бораи фарқият ва монандӣ дар сохти онҳо шаҳодат медиҳад. Аз чап ба рост: гиббон, орангутан, горилла, неандерталетс, одами муосир.

  Танҳо ин ки одам бо ин маймунҳо як гузашта дорад. Олимон онро дриопитекӣ (лафзи лотинӣ буда, “маймунҳои дарахтӣ” тарҷума мешавад. Навъе аз бузинаҳои одамшакли нобудшуда, ки дар ковишҳои бостоншиносӣ дар Африқои Шарқӣ ёфт шудаанд) меноманд, чун ин маймунҳо дар дарахтон мегаштанд. Соли 1956 дар Фаронса қисми скелети ҷадди шимпанзе, горилла ва инсонро ҷустанд.  

Дар замони зиндагии дриопитекҳо қисмати бештари хушкиро тағйири иқлим фаро гирифт: ҷангалзорони тропикӣ нобуд шуданд ва онҳо ба фазову макони бидуни беша табдил ёфтанд. Ин вазъ наметавонист ба тарзи ҳаёти ҳайвонот бетаъсир бошад. Иддае дур шуданд, гурӯҳе худро ба ҳаёти нав, муҳити бидуни ҷангалу дарахт мутобиқ карданд. Ҳаёт водор кард, ки дриопитҳо низ аз дарахт поён оянд ва заминӣ шаванд.  

Австралиопитекҳо (истилоҳи лотинӣ, «маймунҳои ҷанубӣ”), ки дар даштҳои Африқо ба сар мебурданд, ду қадами дигар аз ҳайвонӣ ба сӯйи инсонӣ гузоштанд. Аввалин “комёбии” онҳо рост рафтани онҳо буд, ки дар ин бора устухонҳои коси онҳо шаҳодат медиҳад. Рафтан бо ду пой барои инсон мушкилоти зиёд овард. Суръати ҳаракати вай суст шуд, таваллуд ба мушкилоти дигар мувоҷеҳ гашт. Вале ба назар мерасад бартарияти ин навъи ҳаракатро ҳам озмуданд. Чӣ бартарӣ дошт? Аввалан ду пойи пеш – дастон озод шуданд. Акнун метавонистанд бо онҳо санг, чӯб ва дигар силоҳҳоро барои дифоъ аз худ доранд. Чуноне маълум аст, силоҳро бисёре аз ҳайвонот ва парандагон метавонанд истифода кунанд (масалан, лошахӯрон тухми шутурмурғро бо санг мешикананд. Дар ин бора ба мақолаи “Парандаҳои ваҳшии рӯзгард” таваҷҷуҳ кунед). Аммо дар ҳаёти пешгузаштагони инсон силоҳ нақши бориз дошт.  

Австралопитекҳо дар ибтидо силоҳи худро такмил намедоданд, танҳо ҳар чизе ба дасташон меуфтод, аз он истифода мекарданд. Аз сангҳои гуногун, чӯбҳо, устухонҳо, шохи ғизолҳо ва ғайра истифода менамуданд. Ва ё онҳо инро ҳам омӯхтанд, ки метавонанд ғизолро аз пода ҷудо кунанд ва дар танҳоӣ бикушанд ва ё ҳайвони ваҳширо аз назди сайдар дур созанд ва он сайдро худ истифода баранд.  

“Комёбии дуюми” австралопитекҳо тадриҷан аз даст рафтани “пӯстинҳои серпашми” танаи онҳо буд.  

Аввалин косахонаи сари австралопитек соли 1924 дар Африқои Ҷанубӣ ёфт шуд, скелети нисбатан комил, ки тақрибан 40% устухонҳо ҳифзи шудаанд, соли 1974 дар Эфиопия пайдо гардид. Он ба зани ҷавони тақрибан 40-сола мансуб буд, ки 3 миллион сол пеш зистааст ва олимон ба вай “Люся” ном гузоштаанд.  

Таҳияи Б.Шафеъ

 (Давом дорад)

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту