preloader

интизор шавед...

Донистаниҳо аз ЗАМИНЛАРЗА. Заминларзаҳои тектоникӣ ва техногенӣ

  • 06-июл-2024
  • 388 дидани саҳифа

Ин заминларзаҳо дар натиҷаи ҷойивазкунии порчаҳову тахтасангҳои кӯҳӣ ва ё дар натиҷаи бархурди платформаҳои уқёнусӣ ва қитъаҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳамчунин метавонанд бар асари фаъолияти инсон рух диҳанд. Масалан, дар минтақаҳои обанборҳои бузург фаъолнокии тектоникӣ қувват мегирад. Ин ба он алоқаманд аст, ки ҳаҷми обе, ки дар обанборҳо захира шудааст, бо вазни худ ба ҷинсҳои кӯҳӣ фишор меорад, ин фишор ҷойе қувват мегирад, ки он ҷо об аллакай буд ва оби таровида ҳадди шаффофияти ҷинсҳои кӯҳиро коҳиш медиҳад. Ин метавонад заминларзаро тезонад. 

Яке аз ин гуна заминларзаҳо, ки боиси талафоти зиёди одамон шуда буд, соли 1967 дар минтақаи сарбанди Койна (воқеъ дар Ҳинд) рух дод. Қувваи он дар марказаш 6,4 балл тибқи ҷадвали Рихтер буд. Ин заминларза боиси марги 177 нафар шуда буд.  

Ҳамин гуна такони замин ҳангоми истихроҷи нефт дар чашмаи нефтии Ромашкин (воқеъ дар Тотористон) бо қувваи 5 балл, дар Кузбас бо қувваи 8 балл низ рух дода буд.

Сангрезиш. Заминларзаҳо ҳамчунин метавонанд дар натиҷаи сангрезиш ва ярч ба вуҷуд оянд. Ин гуна заминларзаҳоро сангрезишӣ меноманд ва онҳо аз нигоҳи фарогирии майдон маҳдуд ва бо қувваи камтар ба вуқуъ мепайванданд.


ТАҲИЯИ Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту