preloader

интизор шавед...

Ҳамоиш бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Институт

  • 19-июл-2024
  • 247 дидани саҳифа

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бахши ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 ҳамоиш баргузор шуд. Директори Институт, номзади имлҳои техникӣ Пӯлод Аминзода нишастро оғоз намуда, иброз дошт, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст. Чорабинии имрӯза аз сислсилаи чорабиниҳост, ки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология бахшида ба ин сол ба нақша гирифтааст.

Пӯлод Аминзода дар бораи зарурати элони “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, аз ҷумла гуфт, ки ҳадаф омӯзиши ҳуқуқ ва донистани ҳуқуқҳои худ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ буда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудааст. Асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун пойдор аст. Шахсе, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа кумак мекунад. 

Пӯлод Аминзода ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024-ро иқдоми наҷиб хонд ва гуфт ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад. Дониши ҳуқуқии шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст.  

Дар ҳамоиш Илҳом Баҳромов- ҳуқуқшиноси Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунби тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар бораи ҷузъиёти “Соли маърифати ҳуқуқӣ” муфассал суханронӣ кард ва иброз дошт, ки дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат ба муносибати ҷашни дар пеш истодаи 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми наҷибу беназир дар самти рушди устувори фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвари соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд дар самти ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ мебозад. Ин падида имкон фароҳам меорад, ки сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар боз ҳам боло бурда шавад, ки ҳадаф аз он таъмини волоияти қонун дар ҷомеа мебошад.

Зеро дар замони муосир як талаби асосӣ баҳри ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд ин пеш аз ҳама доштани сатҳи баланди маърифат ё худ фарҳанги ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад, ки ҳамзамон он дарки қонунҳо, қобилияти истифодабарӣ ва инчунин татбиқи боадолатро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа тақозо менамояд.

Мавсуф иброз дошт, ки доштани маърифати ҳуқуқӣ – ин далели риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Зеро одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ дар ҷомеа фаъолона иштирок менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Роҳбари давлат эълон намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳамаи моро водор менамояд, ки мунтазам аз пайи баландбардории савияи дониши ҳуқуқии худ бошем ва ин дар раванди иҷрои рисолати касбиамон ҳамаҷониба кумак хоҳад кард. Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон арзишҳои ҳуқуқи башарро ба асос гирифтааст. Аз ҷониби дигар, вобаста ба дигаргуниҳои куллии ҷомеа низоми ҳуқуқии Тоҷикистон хислатҳои сифатан нави худро пайдо кардааст.

Илҳом Баҳромов дар идомаи суханони худ афзуд: Маърифати ҳуқуқии ҷомеа аҳаммияти арзишии худро дорад, чунки он амнияту озодии шаҳрвандон ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро ба таври қонунӣ таъмин менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби дигар ба се омили асосӣ - сатҳи шуури ҳуқуқии аҳолӣ, сатҳи фаъолияти ҳуқуқӣ ва сатҳи санадҳои меъёрӣ марбут аст.

Мақсад аз эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории кишварамон, инчунин, эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон атрофи масоили ҳуқуқӣ табодули афкор сурат гирифт. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту