Як гурӯҳи байналмилалии олимон таҳти роҳбарии мутахассисиони Британияи Кабир аз донишгоҳи Бристолск натиҷаи аввали пажӯҳиши худро дар бораи куҳнатарин экосистема дар Замин эълон карданд. Ин таҳқиқот замони пайдоиши ҳаёт дар Сайёраро мушаххастар мекунад.
Натиҷаи ин таҳқиқот дар маҷаллаи илмии Nature Ecology & Evolution (NEE) чоп шудааст.
Онҳо мегӯянд ҳама организми зиндаи имрӯз аз як ҷадди муштарак ба номи LUCA (Last Universal Common Ancestor) ё охирин аҷдоди умумии ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст.
LUCA манбаи эҳтимолии ҳама организмҳои ҳуҷайра буд, аз бактерияҳои протозой то секвоияҳои азим, инчунин одамон, ҳайвонот ва ғайра.
Дар таҳқиқоти нав, гурӯҳ ҳамаи генҳоро дар геномҳои намудҳои зинда муқоиса карда, мутатсияҳоро дар пайдарпаии онҳо аз аҷдоди умумӣ дар шакли LUCA ҳисоб кард.
Муҳаққиқон ба натиҷа арсиданд, ки ҳаёт дар рӯи Замин алакай 4,2 миллиард сол пеш нашъунамо ёфта буд, яъне тахминан баъди 400 миллион соли бунёди сайёра ва Манзумаи шамсӣ.
Ба гуфтаи олимон, LUCA як мавҷуди нисбатан мураккаб ва дорои системаи эминии печида буд. Мавҷудияти масуният аз он шаҳодат медиҳад, ки авлоди ҳаёти ҳуҷайравӣ дар рӯи замин маҷбур шуд, ки худро аз вирусҳо муҳофизат кунад. Ба ғайр аз он дар сайёра микробҳои метаноген ва дигар организмҳо зиндагй мекарданд.
Коршиносон таъкид карданд, ки суръати зуҳури экосистемҳо бар рӯи Замин нишон медиҳад, ки ҳаёт метавонад дар биосфераҳои мушобеҳи замин дар соири нукоти ҷаҳон рушд кунад.
Аз ин пештар донишмандон таҳқиқ карда буданд, ки пешгузаштагони ҳаёти ҳуҷайравӣ дар замин чӣ истеъмол мекарданд.
Таҳияи Б.Шафеъ
Манбаъ: Газета,ру