preloader

интизор шавед...

Дар бораи карйер чӣ медонем?

  • 21-июл-2024
  • 79 дидани саҳифа

Карйер (фаронс. carirere – кони санг), мавзеи бо усули кушод истихроҷ кардани сарватҳои табиӣ. Карйерро баъзан кон ҳам меноманд. Карйерҳоеро, ки аз онҳо масолеҳи бинокорӣ (санг, гач, гил, рег ва ғ.) мегиранд, кони санг, кони гач, кони гил мегӯянд.

Баъзе корхонаҳои кӯҳӣ ва амиқиҳои бузурги рӯи заминро низ, ки баъди истихроҷи сарватҳои табиӣ пайдо шудаанд, карйер меноманд. Нахустин карйерҳои бузурги истихроҷи сангҳои гуногун зимни бунёди аҳром ва маҷмӯи маъбадҳо дар Мисри Қадим пайдо шудаанд. Баъдтар дар давраи атиқа аз карйер санги мармар истихроҷ мекарданд. 

То ибтидои асри ХХ аз сабаби набудани мошину механизмҳои пуриқтидор ва таҷҳизоти нав истифодаи карйер маҳдуд буд. Аз соли 2000 дар ҷаҳон 95 дарсади ҷинсҳои кӯҳӣ, масолеҳи бинокорӣ, тақрибан 90 дарсади маъдани оҳан ва тақрибан 65 дарсади ангиштсанг дар карйер истихроҷ карда мешаванд. 

Карйерҳои муосир корхонаҳоеанд, ки ба дараҷаи баланд механиконида ва бо мошину механизмҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар карйер аз таҷҳизоти тарконанда (инфиҷорӣ) ва ғайритарконанда (аз ҷумла комбайни карйерӣ) истифода мебаранд. Дар ҳудуди Тоҷикистон таҳқиқоти геологӣ зиёда аз 400 кони сарватҳои табиӣ, аз ҷумла 50 кони намак (Хоҷамуъмин, Хоҷасартез, Тутбулоқ, Норак, Танобчӣ, Қамишқӯрғон, Шӯрбел ва ғ.), 36 кони ангишт (Фон-Яғноб, Анзоб, Зиддеҳ, Назарайлоқ, Миёнаду, Моғиён, Киштӯд-Заврон ва ғ.), дар ҳудуди қаторкӯҳи Қурама ва кӯҳи Мевағул захираи конҳои филиззоти ранга (мис, тилло, кадмий, галлий, германий) ва маъдани оҳан, дар қаторқӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва Қаротегин маъдани оҳан, симоб, қалъагӣ, сурма, волфрам, тилло, флюорит, шпати саҳроӣ, фосфорит, дар кӯҳҳои Бадахшон конҳои тилло, қалъагӣ, волфрам, мис, молибден, сурма, симоб, сурб, сангҳои қимматбаҳо (лаъл, лоҷвард), абрақ, булӯри кӯҳӣ, асбест, торфро ошкор кардааст, ки дар аксари онҳо сарватҳои табиӣ аз тарафи корхонаҳои кӯҳӣ бо усули кушод истихроҷ гардида, карйерро ба вуҷуд меоваранд. 

Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 530.

Муаллиф: Р. Муқимов

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту