Ин фоҷеаи табиӣ дар шаҳри Тонгшони Чин (вилояти Ҳубей) 48 сол пеш, 28 июли соли 1976 рух дода буд. Замин ба шиддати 8,2 балл ҷунбид ва таҳлилгарон имрӯз ҳам онро пурфоҷеатарин рӯйдоди олам медонанд.
Ин зилзила ҷони 242 ҳазору 419 нафарро рабуд, аммо баъзе манбаъҳои шумори қурбониёнро то 800 ҳазор нафар гуфтаанд.
Ин заминларза ҳамчунин ба шаҳрҳои Пекин ва Тянсзин, ки дар масофаи 140 км ғарбтар ҷойгиранд, таъсир дошт ва вайрониҳо овард. Бар асари ин такони шадид наздик ба 5,3 миллион хонаҳо ё пурра ва ё қисман хароб шуданд. Ба ҳадде, ки дигар дар онҳо наметавонистанд зиндагӣ кунанд. Ба дунболи он чанд такони дигар ба қайд гирифта шуд, ки нерумандтарини он 7,1 балл буд ва қурбониёни он бештар аз такони аввал буданд. Як сабаби марги зиёди сокинон он буд, ки ларзиши аввал шабона, вақте аксари мардум дар хоб буданд, рух дод.
Дар маркази шаҳри Тонгшон як девори тӯлонии навишта исми ҳар қурбонии ин офат, лавҳаи бузург ва як маркази иттилоотии дигар низ сохта шудааст, ки аз ин фоҷеа ривоят мекунад. Ин ду ба сони як осорхонаанд, ки ҳар касе меҳмони ин шаҳр мешавад, аз он дидан мекунад ва бо таърихи фоҷеаву харобиҳои он аз наздик ошно мешавад.