preloader

интизор шавед...

Семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 14-авг-2024
  • 185 дидани саҳифа

13-уми августи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Директори Институт Пӯлод Аминзода семинаро ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиён дар маърӯзаҳояшон барору комёбӣ таманно намуд.

Ҳадафи семинар арзёбии пешрафтҳои чашмгири кишвар дар замони Истиқлол, рушди илм, ободонии диёр, комёбиҳову дастовардҳои олимону пажӯҳишгарони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар 33 соли охир буд. 

Семинари мазкур дар се самт: геология, сохтмон ва сейсмология баргузор гардид.

Дар самти геология Баҳодурова О.Р, бо маърузаи худ дар мавзуъи “Оид ба зуҳуроти офитии бағуши болои (қаторкуҳи ҷанубии Ишкошим)” баромад намуд.

Дар самти сейсмология Шозиёев Ш.П дар мавзуъи “Сохтани барномаи инженерӣ барои таҳлили маълумотҳои сейсмо-геофизикии бо истифода аз Python” суханронӣ кард.

Дар самти сохтмони зилзилатобоварии иншшооти гидротехникӣ бошад, Ядгоров Я. Х., дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамоии баҳодиҳии фаврии ҳолати шиддатнокию деформатсионии сарбанди неругоҳи Норак ҳангоми заминҷунбӣ” баромад намуд.  

Иштирокчиёни семинар ба маърузакунадагон саволхо дода, ба саволхои худ ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтаан.

Дар фарҷоми семинар директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пӯлод Аминзода қайд намуд, ки  маърузаҳои имрӯза куллан қобили қабулу ҷолиб буданд. Вале хуб мешуд, ки дар семинарҳои оянда ҷавонон барои сайқал додани дониши худ кушиш кунанд, ки ба ғайр аз забони давлатӣ ва забони русӣ боз бо забони англисӣ низ баромад кунанд. Муаррифии дастовардҳои илми тоҷик бо забонҳои байналмилалӣ хеле муфид ва саривақтист.

Директори Институт дар хотима ба ҳамаи касоне, ки дар ин семинар ширкат карданд, суханрониву маърузаҳо доштанд, изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту