preloader

интизор шавед...

Голфстрим чист ва кай аз чархиш бозмеистад?

  • 12-авг-2024
  • 135 дидани саҳифа

Голфстрим (анг. Gulf Stream) як ҷараёни уқёнусии гарм ва қавӣ аст, ки дар уқёнуси Антлантик ҷараён дорад ва ба ду бахш тақсим мешавад. Бахши шимолӣ ба шимоли Аврупо меравад ва бахши ҷанубӣ ба ғарби Африқо. Голфстрим ҳудуди 100 километр арз ва 800 то 1200 метр умқ дорад ва суръати об дар сатҳи он 2,5 метр сония аст. 

 Гардиши об дар уқёнуси Атлантик иқлими ин қисмати сайёраро муайян мекунад, аммо тағирёбии иқлими ҷаҳонӣ дар навбати худ ба суръати ҳаракати оби гарми рӯизаминӣ аз баҳри Кариб ба соҳилҳои Аврупо ва ҳаракати баръакси оби сарди зеризаминӣ таъсир мерасонад. 

Ба шарофати он дар шимолу ғарби Аврупо, пеш аз ҳама дар ҷазираҳои Британия иқлим назар ба ҳамон арзҳои қитъа мулоимтар аст. Дар Лондон, бар хилофи Берлин ва Киев, сардиҳои тӯлонӣ ва зимистонҳои пурбарф вуҷуд надоранд, майдонҳо ҳамеша сабзанд ва рустаниҳои тропикӣ худро чун дар ватану дар хонаву манзили худ ҳисс мекунанд.  

Солҳои охир олимон борҳо дар бораи он, ки Голфстрим рӯ ба заъф меорад, изҳори назар карда буданд. Бо вуҷуди ин, арзёбии коршиносони варзидаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар асри 21 фоҷеаи комил рух нахоҳад дод. 

Аз сӯи дигар уқёнуси гарм боиси об шудани яхҳо мегардад ва ин пеш аз ҳама ба обу ҳавои гарм вобаста мебошад. Масалан солҳои охир Шимолгон (Арктика) чор баробар бештару зудтар назар ба қисматҳои дигари сайёра гарм мешавад ва олимон борҳо гуфтаанд, ки ҳаддиақал то соли 2050 кулли яхи ин қора об мешавад. Аммо ҳоло донишмандон нақтаи назари дигарро иброз доштанд ва гуфтанд, ки пурра об шудани яхи Арктика эҳтимолан рух нахоҳад дод, зеро соли 2023 гармо то ба шимол нарасид. 

Бино ба маълумоти расонаикардаи National Snow and Ice Data Center (NSIDC, ИМА) миёнаи моҳи июл яхи Антарктида (Ҷанубгон) 1,3 миллион метри мукааб буд, ки назар ба солҳои 1981 то 2010 кам аст. 


Манбаъҳо: ВВС, Евронюс, ИТАР-ТАСС

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту