preloader

интизор шавед...

Минералҳои Тоҷикистон. Аметист

  • 18-авг-2024
  • 185 дидани саҳифа

Аметист (аз юнонии бостон αμέθυστος, аз α- «не» + μέθυστος «бадмаст»), минерал, навъе аз кварс (SiO2). Бунафшранг ё бунафши сурхчатоб ва ё  бунафши осмонӣ. Дар рӯшноӣ рангашро тағйир медиҳад.  Вобаста ба кон рангаш дар рӯшноӣ устувор мебошад ё камранг мешавад. Агар то 250°С гарм кунанд, рангаш дигар мешавад.
Асосан дар пегматитҳои гранитӣ, рагҳои кварсӣ, ковокиҳои ҷинсҳои вулқонӣ вомехӯрад. Кристаллҳояш аз қабатҳои ҳамвориҳои призма ва ромбоэдр ташшаккул ёфтаанд. Аз ҳама намудҳои кварс аметист бештар рӯяҳои ромбоэдр дорад. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос – 7. Зичиаш 2630 – 2650 кг/м3. Нишондиҳандаи шикаст 1,543–1,554. 
Аметист дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон ёфт мешавад. Онро ҳатто мисриёни бостон медонистанд ва аз Миср тамаддунҳои эгей (номи умумӣ барои тамаддуноҳои асри биринҷ дар 3000-1000 сол пеш то солшумории мо дар ҷазираҳои баҳри Эгей, Крит ва Юнони қораӣ ва Осиёи Хурд) ва мисниҳо (тамаддуни қавмҳои муҳоҷири юнонӣ дар поёни асри биринҷ) содир мекарданд. 
Дар Руми Бостон онро “санги муборак” меномиданд ва ба ин назар буданд, ки ҳар касе дорои чунин санг бошад, соҳиби комёбиву муваффақият хоҳад буд, рӯзгори орому босубот насибаш мешавад ва бештар аз ҳама як воситаи хеле хуб зидди мастиву майзадагист. Ин ҳам дар ҳолест, ки хосияти зидди майхорагии он ҳамон замонҳо ҳам рад шуда буд.  
 Конҳои аметист дар Русия, Бразилия, Шри Ланка, Уругвай, Арманистон мавҷуданд. Дар Тоҷикистон кони аметисти Селбур машҳур аст, ки онро геологҳои тоҷик ҳанӯз соли 1966 кашф карда буданд. Ин кон дар ноҳияи Ҳисор дар байни ҷинсҳои карбонативу вулқонӣ ҷойгир шудааст. Бари раги  кварсу аметист то 3 м мебошад. Ҳоло аметисти Селбурро дар заргарӣ ва маснуъоти ороишӣ истифода мекунанд. 
Дар назди деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Дарбанд лонаҳои аметист  дар байни рагҳои кварс вомехӯрад. 
Конҳои аметист дар  Қаромазор, қаторкӯҳҳои Ҳисору Қаротегин дар чанд мавзеъи Помир низ ошкор карда шудаанд.  
Адабиёт:  Р. Баротов: Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон. Душанбе,с. 1986

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту