
Расми Shutterstock/FOTODOM
Гурӯҳи байналмилалии олимон дар соҳили Бразилия як қабати ғайриоддӣ кашф карданд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он замоне ҷазираи тропикӣ буда, баъдан зери об ғарқ шуда буд. Дар ин бора ахиран argumenti.ru.хабар дод.
Як гурӯҳ донишмандон ва муҳаққиқону ковишгарон ва геологҳо аз Бразилия ва Британияи Кабир бо истифода аз як дастгоҳи бесарнишин қаъри баҳрро дар атрофи мавзеъи вулқонӣ бо номи Рио-Гранде таҳқиқ карданд. Онҳо сангҳо ва инчунин қабатҳои ғайриодии гили сурхро мушоҳида карданд, ки дар умқи қариб 650 метр хобида буд.
Донишмандон намунаҳои сангҳоро гирд оварданд ва таркиби онҳоро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки таркиби минералии гил танҳо тавассути обу ҳавои беруна дар гармӣ ва намии тропикӣ ба вуҷуд омада метавонад. Аз ин онҳо ба чунин натиҷа расиданд, ки як қисми қаъри баҳр, ки дар масофаи 1200 километр аз соҳили Бразилия воқеъ аст, замоне дар рӯи об ҷой гирифта буд.
“Тасаввур кунед, ки як ҷазираи тропикӣ дар зери мавҷҳо пинҳон шудааст ва бо мурури замон ях бастааст. Ин аст он чизе ки мо пайдо кардем," - шарҳ дод Брэмли Мертон, геологи баҳршинос аз Маркази миллии уқёнусии Саутгемптон.
Олимон бовар доранд, ки андозаи ҷазира баробар ба Исландияи муосир аст. Онҳо харитаи мавзеъро тартиб доданд, ки шомили як дараи нишебидори тақрибан 30 километр, террасҳои соҳилии мавҷбурида ва шаршараҳои зериобшуда мебошад.
Муҳаққиқон тавзеҳ доданд, ки ҷазираи ғарқшуда дар минтақаи фаъоли вулканӣ ҷойгир шудааст. Вулканизм ба он мусоидат кард, ки қитъаҳои бузурги замин аз баҳр баланд шуда, дубора дар зери об нопадид шуданд. Онҳо ҳисоб карданд, ки ин ҷазираи тропикӣ тақрибан 45 миллион сол пеш вуҷуд дошт.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соҳили Австралия замине шабеҳи Антарктидаи ғарқшуда пайдо шудааст. Замоне садҳо ҳазор нафар дар минтақаи ҳоло зери об монда зиндагӣ мекарданд.
Манбаъ: mir24.tv/news
Таҳияи Б.Шафеъ