preloader

интизор шавед...

КАРСТ: Ҳодисае аз равандҳои тектоникӣ

  • 25-авг-2024
  • 180 дидани саҳифа

Карст, ҳодисаи карстӣ (аз номи пуштакўҳи оҳаксангии Карст дар Словения), маҷмўи ҳодисаест, ки дар натиҷаи об ҳал шудани ҷинсҳои кўҳӣ (оҳаксанг, доломит, бўр, гач, намаксанг) ба амал меояд. Карст аз таъсири якҷои фаъолияти обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ инкишоф меёбад. Карст асосан қад-қади таркишҳои тектоникӣ пайдо шуда, релефи ҳамвор ё андаке моил, мавҷудияти қабати ғафси сангҳои карстшаванда ва сатҳи пасти обҳои зеризаминӣ низ шартҳои муҳимми пайдоиши он мебошанд.

Карст дар натиҷаи ҳалшавӣ, суффозия ва эрозияи сангҳо ё дар натиҷаи дар як вақт зоҳир шудани ин омилҳо низ ба вуҷуд омада метавонад. Ҷинсҳои карбонатӣ аз таъсири кислотаи карбонати озод (CO32) ё кислотаҳои минералӣ ва органикӣ, ҷинсҳои сулфатӣ ва намаксанг бе ягон реаксия дар об ҳал мешаванд. 

Ҳодисаи карст шаклҳои махсуси релефро ба вуҷуд меоварад: дар рўи замин амиқиҳо, ҷўяк, ҷоҳ, ҳавза, наҳр, ҷариҳо ва дар зери замин ғор, мағора ва ковокиҳо. 

Карст дар Аврупои Ғарбӣ, Амрико, Австралия, Русия (Қрим, Қафқоз, Сибир) ва Осиёи Марказӣ васеъ паҳн шудааст. Он корҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, иншооти ҳидротехникӣ, хонаҳои бисёрошёна, НБО, обанбор ва истихроҷи сарватҳои зеризаминиро душвор мегардонад.

Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 566.

Муаллиф: Ф. Абдуллоев.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту