preloader

интизор шавед...

Истилоҳоти заминларза

  • 25-авг-2024
  • 195 дидани саҳифа

Заминларзашиносӣ низ чун ҳама илмҳои дигар истилоҳоти худро дорад, ки донистани он хуб аст. Даҳҳо истилоҳоти заминларзашиносӣ интизори шарҳу тафсир ба забони модарии моанд. Дар ин бахш талош мекунем баъзе аз онҳоро шарҳ диҳем.

Форшок (анг. Foreshock) - пешларза. Заминларзае, ки пеш аз заминларзаи шадидтари аслӣ рӯй медиҳад. Ин заминларза аз назари замонӣ ва маконӣ бо заминларзаи аслӣ анздик аст. Ташхиси ин ҳолат мушкилоти худро дорад. Фаҳмидани он ки ин пешларза буд ё заминларзаи аслӣ ё пасларза, танҳо баъди анҷоми силсилаи таконҳои пайвастаи замин дар маҳалли вуқуъ имконпазир аст. Маъмулан аввалин нишони харобиҳо дар ҳамин пешларза ба вуҷуд меоянд. Замон миёни як пешларза бо зилзилам аслӣ ҳеч меъёри дақиқи шинохташуда надорад. Яъне, донишмандон то кунун дақиқ нагуфтаанд, ки замон миёни пешларза ва заминҷунбии аслӣ чӣ миқдор аст. Барои мисол олимон мегӯянд, ки ҳатто заминларзаи Индонезия дар таърихи 2 ноябри соли 2002 пешларзае барои заминҷунбӣ ва сунамии уқёнуси Ҳинд (соли 2004) будааст. 

Фаъолнокии пешларза дар 40% заминларзаҳои миёна ва 70% зилзилаҳои бузург (бо қувваи 7,0 балл) мушоҳида шудааст. Ин гуна таконҳои замин бо қувваҳои гуногун дақиқаҳо, соатҳо, рӯзҳо пеш аз заминҷунбии аслӣ ба вуҷуд меояд. Аммо ҳолати дигар ҳам мушоҳида шудааст. Баъзе заминарзаҳои басо бузург аслан пешларза надоштанд. Мисоли ин зилзилаи Ассам дар соли 1950 мебошад, ки қувваи он 8,7 баллро ташкил дода буд.  

Афтершок (анг. Aftershock)– пасларза. Ин як заминларзаи хурдтар аст, ки пас аз зилзилаи бузурги қаблӣ дар ҳамон минтақа рух медиҳад. Агар як пасларза аз заминларзаи пеш аз худ бузургтар бошад, номи пасларза ба заминларзаи аслӣ тағйир мекунад ва заминларзаи аввалия пешларза ном мегирад. 

Пасларзаҳо заминларзаҳои хурдтари замин ҳастанд, ки бар асари ҷобаҷо шудан ва ҷо уфтодани пустаи Замин пас аз вуқуъи заминларза падид меоянд. Пасларзаҳо мумкин аст соатҳо, рӯзҳо ва ҳатто моҳҳо идома ёбанд. 

Пасларзаҳо метавонанд бисёр хатарнок бошанд, зеро онҳоро намешавад пешбинӣ кард. Онҳо метавонанд боиси фурӯ рехтани биноҳое бишаванд, ки дар ҷараёни заминларзаи аслӣ фурӯ нарехта буданд, вале сохтусозашон тағйир ёфта буд. 


Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту