preloader

интизор шавед...

Кормандони Институт суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шуниданд

  • 01-сен-2024
  • 192 дидани саҳифа

Субҳи имрӯз кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ҷамъ омаданд ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш шуниданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи мактабу маорифро батафсил таҳлил карданд, дар бораи рушди маориф тайи чанд соли охир сухан ронданд ва ҳамзамон ба камбудиву норасоиҳои соҳа таъкид карданд.  

Президенти Тоҷикистон бо як ҳисси дилсӯзиву муҳаббат ва андешидан ба ояндаи миллат иброз доштанд, ки “Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем.

Падару модарони азиз дар ёд дошта бошанд, ки баробари ба шавҳар додани духтар ва оиладор кардани писар масъулияти онҳо дар назди фарзанд ба охир намерасад. Мову шумо то рӯзе, ки дар қайди ҳаёт ҳастем, шарики тақдири фарзандонамон мебошем.

Пас, биёед, ба фарзандон, пеш аз ҳама, ба духтаронамон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонем, то онҳо дар зиндагии ояндаи худ – дар замонаи пешрафти илм, техникаву технологияҳои муосир ва асри зеҳни сунъӣ азият накашанд ва бори дӯши падару модар нашаванд”.

Пешвои миллат чун ҳамеша дар ин суханронии худ низ ба омӯзиши илму соҳибмаърифат шудани миллат таъкид карданд ва фармуданд: “Ҳоло, ки ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё шудаанд, падару модарон бояд фарзандони худро хононанд. Мо бояд ин корҳоро, ҳамчунин, ба он хотир анҷом диҳем, ки фарзандонамон оянда дар зиндагӣ муҳтоҷу саргардон нашаванд, фирефтаи ақидаҳои харобкорона ва ваъдаҳои дурӯғу ғаразноки гурӯҳҳои иртиҷоӣ нагарданд, ақаллан фарзандони худашонро дуруст таълиму тарбия дода тавонанд.

Бори дигар таъкид месозам, ки танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад. Бинобар ин, фарзандонро аз илму маориф дур насозед”.

Шунидану тамошои суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ба кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ як ҷаҳон таассурот ба ҷо гузошт.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту