preloader

интизор шавед...

ПАЖӮҲИШ: Заминларзаҳо метавонанд боиси пайдо шудани конҳои нави тилло шаванд

  • 09-сен-2024
  • 106 дидани саҳифа

Таҳқиқоти ахири донишмандон нишон додааст, ки заминларзаҳо метавонанд омили кашфи конҳои нави тилло дар Замин шаванд. Тибқи як пажӯҳиши нав, зарраҳои тилло дар натиҷаи заминҷунбӣ ба вуҷуд меоянд, ки кварсро ба андозаи кофӣ фишурда мекунанд, то майдонҳои электрикӣ, ба истилоҳ асари “пйезоэлектрикӣ” пайдо шавад.

Хусусан, фарзияи анъанавии ташаккулёбӣ, ки раванди гидротермалиро дар бар мегирад, барои шарҳ додани сарвати конҳои тилло ва андозаи таъсирбахше, ки баъзе нуқтаҳо ба он мерасад, нокифоя аст. Назарияи нав инчунин метавонад шарҳ диҳад, ки чаро аксари рагҳои тилло дар рагҳои кварс ёфт мешаванд.

Тилло метавонад ба таври табиӣ дар қишри Замин тавассути равандҳои гидротермалӣ, вақте ки моеъҳои гармии аз маъдан бой аз тарқишҳо ҷорӣ мешаванд, пайдо шаванд. Ин металли қиматбаҳо ҳангоми хунук шудани ин моеъҳо ва тағйироти кимиёвӣ ба вуҷуд меояд. Он аз дигар ҳалкунандаҳо ҷудо шуда, ба рагҳои квартс дохил мешавад. Пас аз он равандҳои геологӣ, аз қабили эрозия ва ҳаракатҳои тектоникӣ маъданро ба рӯи замин мебароранд.

Дар ҳамин ҳол Кристофер Войси, яке аз муаллифони ин пажӯҳиш аз Донишгоҳи Монаша (Австралия) гуфтааст, ки "ҳарчанд ин назария ба таври васеъ пазируфта мешавад, он ташаккули пораҳои бузурги тиллоро пурра шарҳ намедиҳад, бахусус азбаски консентратсияи тилло дар ин моеъҳо хеле паст аст". 

Тибқи маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council)ҳамасола тақрибан 3000 тонна ин метали қимматбаҳо тавлид мешавад, ки бештари он аз рагҳои квартс истихроҷ мешавад. Баъзе қитъаҳо метавонанд ба андозаи азим расанд ва вазнашон то даҳҳо килограммро ташкил диҳад. Бо вуҷуди ин, дар моеъҳое, ки аз рагҳои квартс ҷорӣ мешаванд, консентратсияи тилло аз як қисм дар як миллион зиёд нест. Агар тилло сирфан аз тариқи як раванди гидротермалӣ ба вуҷуд ояд, барои  ташкил ё пайдо кардани 10 килограмм тилло ба ҳаҷми муодили 5 ҳавзи шиноварии олимпӣ ниёз аст.

Хусусиятҳои электрикие, ки ба тилло иҷозаи анбошта шуданро медиҳад, ин квартс-яке аз муҳимтарин маводи пйезоэлектрикии табиат мебошад.  Войсей мегӯяд маводи маъдании зиёде аз ин навъ дар рӯи Замин вуҷуд надорад ва квартс маъмултарини ин моддаҳост. Ин навъи маъдан ҳангоми дучор шудан ба фишори механикӣ дарҳол заряди электрикӣ тавлид мекунад. Чӣ қадаре ки шиддат баланд бошад, ҳамон қадар заряд зиёд мешавад. Ин падидаро метавон, масалан, дар қувваи фриксионие, ки шарораи оташгирандаро ба вучуд меоварад, ё дар механизме, ки ба соатҳои квартсӣ қувва медиҳад, мушоҳида кард. Гумон меравад, ки ин падида метавонад сабаби пайдоиши "чароғҳои сейсмикӣ" - чароғҳои аҷиб ё дурахшҳое бошад, ки гоҳо ҳангоми заминларза дар осмон дидан мумкин аст.

Муҳаққиқон дар як пажӯҳиши нав пешниҳод мекунанд, ки ин падида низ метавонад барои ташаккули конҳои азими тилло низ шавад.

Гарчанде басомади мавҷҳои сейсмикй ба қувваи заминҷунбй ва таркиби ҷинсҳо ​​вобаста бошад ҳам, он метавонад аз 1 то 20 гертс бошад. Ин басомади кофӣ барои деформатсияи квартс ва эҷоди шиддати пйезоэлектрикӣ мебошад.

Аз тарафи дигар, гарчанде квартс маводи изолятсионист, тилло барандаи аъло аст. Мавҷудияти ядроҳои тиллосоз дар минерал метавонад ҳамчун катализатор барои пайдоиши бештари тилло хидмат кунад.

Барои санчидани фарзияи худ муҳаққиқон таҷрибае анҷом доданд, ки дар он даҳҳо порчаи квартси софи табиӣ ба моеъе, ки аз зарраҳои тилло сер шудааст, фурӯ нишонданд. Онҳо бо истифода аз муҳаррики махсус сохташуда дар давоми як соат дар ҳар як сония 20 зарба зада, шиддати пйезоэлектрики аз 0,4 то 1,4 волтро ба вучуд оварданд. Ҳадаф такрори шароитҳое буд, ки квартс ҳангоми заминҷунбӣ аз сар мегузаронад. Бо арзёбии суръати пайдоиши тилло бо истифода аз микроскопи электронии сканерӣ (SEM), коршиносон муайян карданд, ки қабатҳои квартсӣ, ки ба ларза афтида буданд, донаҳои тиллоро ба андозаи як микрометр ба вуҷуд меоранд, дар ҳоле ки дар гурӯҳҳои назоратӣ пайдоиши тилло мушоҳида нашудааст. "Натиҷаҳо аҷиб буданд" гуфт Энди Томкинс аз Донишгоҳи Монаш, ҳаммуаллифи таҳқиқот. «Квартс на танҳо тиллоро дар рӯи он ба таври электрохимиявӣ ҷойгир кард, балки ноназаррачаҳои тиллоро ташкил ва ҷамъ овард», - шарҳ дод ӯ.

НОНАЗАРРА ЧИСТ? Шарҳи кутоҳеро дар ин маврид ҷоиз донистем. Ноназарра ин маъмулан ба унвони заррае аз моддаест, ки  қутре байни 1 то 100 нонуметр (nm) дорад.  Ин истилоҳ гоҳе барои зарроти бузургтар то 500 нонуметр ё лундаҳое, ки камтар аз 100 нонуметр ҳастанд, низ истифода мешавад. Дар поинтарин маҳдуда зарроти филизии хурдтар аз 1 нонуметр маъмулан дар ивази хушаҳои атомӣ номида мешаванд.

КВАРТС: «АККУМУЛЯТОРИ ТАБИӢ БО ТИЛЛО ҲАМЧУН ЭЛЕКТРОД»

Дар марҳилаи дуюми таҷриба ҳамон протокол такрор карда шуд, аммо ин дафъа дар плитаҳои квартсӣ, ки аллакай бо зарраҳои тиллоӣ ҷойгир карда шудаанд. Пас аз ангезиш заррачаҳои тилло назар ба таҷрибаи аввал ҳатто бештар борид ва асосан дар донаҳои пӯшонидашуда ҷамъ шуданд. Ин фарзияро дастгирӣ мекунад, ки тиллое, ки дар квартс мавҷуд аст, аз сабаби гузариши аълои худ ҳамчун катализатор барои ташаккули қитъаоти бузург амал мекунад.

"Аслан, квартс ҳамчун батареяи табиӣ бо тилло ҳамчун электрод амал мекунад ва бо ҳар як ҳодисаи сейсмикӣ тадриҷан тилло бештар захира менамояд" гуфт Войси.

 Ба гуфтаи коршиносон, ин натиҷаҳо метавонанд шарҳ диҳанд, ки чаро қитъаоти калон асосан дар рагҳои квартсӣ дар конҳое пайдо шудаанд, ки қаблан заминларза рух дода буд. Шароити таҷриба нишон медиҳад, ки барои ба вуҷуд овардани қитаъоти вазнашон даҳҳо килограмм замони тӯлонӣ лозим аст. Аммо, вақте ки аз рӯи ҷадвали геологӣ дида мешавад, ин раванд нисбатан зуд ба амал меояд.


Манбаъ: Новая наука. new-science.ru

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту