preloader

интизор шавед...

Инқироз дар таърихи олам

  • 21-сен-2024
  • 52 дидани саҳифа

Илми муосир баъди таҳқиқу пажӯҳишҳои пайгирона давраҳоеро мушаххас кардааст. Аз ҷумла:

- Рӯйдод ё ҳодисаи бузурги оксигенӣ, ки 2,45 миллиард сол пеш рух додаву қариб ҳамаи организмҳои анаэробӣ (микроб ё организмҳое, ки дар муҳити беоксиген инкишоф меёбанд) нобуд шуданд;

- Рӯйдоди инқирози ордовик-силириан (анг. Ordovician–Silurian extinction event-сеюмин инқирози бузурги рӯи замин), ки 440 миллион сол пеш рух дод ва беш аз 60% бемӯҳраҳои обӣ нобуд шуданд;

- Инқирози девониан, ки 364 ва ба гуфтаи дигар 372 миллион сол пеш ба амал омад ва шумори ҷонварҳои обзӣ то 50% кам шуд;

- Инқирози бузурги Перм (аҳди палеозой), ки 251,4миллион сол пештар рух дод ва ба ҳадде фарогир буд, ки 95% организми зинда нобуд шуд;

- Инқирози давраи Триас, ки 199,6миллион сол пеш рух дод ва ҳаддиақал ниме аз организмҳои зиндае, ки имрӯз дар Замин дида мешаванд, нобуд шуданд;

- Маргумири давраи Табошир, ки шаш миллион сол пеш шашумин ҳисса аз ҳар намуд, аз ҷумла динозаврҳоро нобуд сохт;

- Даврае, ки онро Нуқтаи гардиши бузург меноманд ва он 33,9миллион сол пеш иттифоқ уфтод ва таркиби олами ҳайвоноту набототи обу хушкиро тағйир дод. 

- Маргумири давраи чаҳорум, ки 130 ҳазор сол пеш оғоз шуд ва то кунун идома дорад. Инқирози ин давра бештар ба фаъолияти инсон бастагӣ дорад ва дар ин давра беш аз дигар намудҳо ҳайвоноти азимҷусса ҷабри бештар диданду ҳоло ҳам мебинанд.

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту