Гуногунии биологӣ дар маҷмӯъ ба маънои гуногунии ҳаёт аст. Дар натиҷаи таҳаввулоти миллиардҳо сол, наботот, ҳайвонот ва микроорганизмҳо таҳти таъсири омилҳои табиӣ ба вуҷуд омаданд. Дар солҳои охир инсоният ҳифзи табиатро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд, фаъолиятҳоеро анҷом доду медиҳад, ки ба харобии муҳити зисту табиат равона шудааст.
Гуногунии биологиро метавон дар се сатҳ баррасӣ кард:
- Гуногунии намудҳое, ки дар сайёра мавҷуданд, тақрибан 1,7 миллион намуд тавсиф шудаанд.
- Гуногунии экосистема. Организмҳои зинда худ аз худ вуҷуд надоранд, онҳо доимо бо муҳити атроф ва бо ҳам муносибат мекунанд. Рустаниҳои ботлоқӣ дар ҷангал намерӯянд ва ҳайвоноти ҷангал дар марғзорҳо наметавонанд ҳаёт ба сар баранд. Ҳамин тариқ, гуногунии системаҳои экологӣ гуногунии намудҳоро меафзояд.
- Гуногунии генетикӣ, ки фарқияти фардҳои дохилиро нишон медиҳад. Зарфияти генетикӣ агар бойтар бошад, тамоми намудҳо солимтар ва қобили зиндагӣ мешаванд. Мусаллам аст, ки намудҳои нодир ва гунаҳои зери таҳдиди нестшавӣ қарордошта, гуногунии заифи генетикӣ доранд, ки ҳангоми тағйир додани муҳити зисташон ба онҳо хатари бештар мерасонад.
Ҳамаи ин пайвастагиҳои мураккаби организмҳои алоҳида, популятсия ва намудҳои гуногун, ҳамкории онҳо бо муҳити зист ҳаёти сайёраро воқеан зинда ва рангин мегардонанд. Ҳифзи гуногунии биологӣ ба манфиати мост. Тамаддуни башарӣ аз рӯи захираҳои табиӣ сохта шудааст, ки онҳо ба мо «молҳо ва хидматҳо» -и беназири экосистемаро пешниҳод мекунанд.
Бо вуҷуди ҳама талошҳо барои барқарорсозии ҷангалҳо майдони умумии ҷангал дар сайёра асосан аз ҳисоби ҷангалҳои тропикӣ мунтазам кам мешавад. То 10% рифҳои марҷонӣ, обанборҳо бойтарини гуногунии биологиашон хароб карда шуданд. Сеяки боқимонда пас аз 10-20 сол ба нобудӣ мерасад. Ботлоқҳои соҳилӣ махсусан осебпазиранд ва нисфи онҳо нопадид шудаанд. Экосистемаҳои харобшуда наметавонанд сатҳи бозтавлиди фоидаро нигоҳ доранд. Тӯфон, обхезӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ талафоти азим меоранд, зеро табиат қудрати худтанзимкуниро аз даст додааст. Таҳдид ба гуногунии биологӣ ҳуввияти фарҳангии моро низ зери суол мебарад. Бисёре аз ҳайвонот, парандаҳо ва рустаниҳо бо ҳаёти халқҳои олам алоқаманданд, аз ин рӯ дар парчам ва нишони баъзе кишварҳои ҷаҳон ҳамчун рамзи давлатдорӣ қабул гардидаанд. Ҳифз ва барқарор кардани гуногунии биологӣ на танҳо масъалаи ахлоқ аст, балки калиди зинда мондани халқияту кишварҳо маҳсуб меёбад.
Зиёда аз 3 миллиард нафар одамон дар саросари ҷаҳон аз минтақаҳои баҳрӣ ва наздисоҳилӣ ба таъминоти моддӣ вобастагӣ доранд, дар ҳоле ки ҷангалҳо ва маҳсулоти ҷангал беш аз 1,6 миллиард одамро таъмин мекунанд. Таназзули муҳити зист ва аз даст додани гуногунии биологӣ ба некӯаҳволии зиёда аз 1 миллиард нафар одамон, ки дар минтақаҳои хушк ва нимхушк зиндагӣ мекунанд, таҳдид мекунад. Ба гуфтаи котиби иҷроияи Котиботи Конвенсияи гуногунии биологии Созмони Милали Муттаҳид: “Гуногунии биологӣ шарти зарурӣ барои фаъолияти мӯътадили экосистема мебошад, ки некуаҳволии инсон ба он вобаста аст - на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва ҳифзи решаҳои фарҳангии мо”.
Чӣ сабаби коҳиши гуногунии биологӣ шудааст?
- ҷангалзудоӣ, бурриши мақсаднок ва ғайримақсадноки дарахтон дар бешазорон, риоя нашудани талаботҳои асосӣ дар идораи чарогоҳҳо;
- истифодаи ғайримақсадноки захираҳои гуногунии биологӣ;
- табдили манзараҳои табиӣ ба объектҳои кишоварзӣ ва сохтмони роҳҳо, коргоҳҳо ва бунёди манзили зист дар муҳити табиати ваҳшӣ;
- афзоиши аҳолии сайёра ва нобудии экосистемаҳо;
Конвенсияи Гуногунии биологӣ, ки ҳамчун созишномаи байналмиллалӣ ба ҳисоб рафта, қариб дусад кишвари ҷаҳон ба узвияти он шомил ҳастанд, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 қабул шудааст.Ин Конвенсия аз 42 модда ва 2 замимаи иборат аз 17+6 модда буда, се ҳадафро пайгирӣ менамояд:
- Ноил шудан ба ҳифз ва беҳдошти гуногунии биологӣ.
- Истифодабарии устувори ҷузъиёти он (сарватҳои биологӣ).
- Ба даст овардани фоида аз коркард ва истифодаи сарватҳои генетикӣ (наслӣ) дар асоси принсипҳои одилона ва баробарӣ, аз ҷумла ба таври зарурӣ ба роҳ мондани дастрасиҳо ба сарватҳои генетикӣ.
Тавре аз ҳадафҳои Конвенсия бармеояд, ҳар як давлат аз рӯи уҳдадориҳои ба зимма доштааш бояд барои таъмини ҳифз ва беҳдошти сарватҳои гуногунии биологӣ дар макони зисташон саъю талош намояд. Ин маънои онро дорад, ки тамоми сарватҳои биологӣ моликияти давлатӣ буда, давлат бо механизмҳои қонунгузорӣ ҳифзи онҳоро дар шароити ваҳшӣ таъмин намуда, ҷузъҳои нодиртарини онҳоро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ медорад. Талаботи дигари Конвенсия дар он зоҳир меёбад, ки кишварҳои аъзо барои беҳдошт ва ҳифзи сарватҳои табиии давлатҳои дигари ҷаҳон, уҳдадоранд, зеро ба ашё, хӯрока, маводи сохтмонӣ, воситаҳо ва маводҳои доруворӣ, инчунин ба маводҳои генетикӣ, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзманд ҳастанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ конвенсияро ҳамчун созишномаи байналмиллалӣ эътироф намуда, аҳамияти баргаштнопазирии арзиши гуногунии биологӣ, ҳамчунин гуногунии экологӣ, генетикӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, тарбиявӣ, маданӣ,рекреатсионӣ ва эстетикии аҳамияти гуногунии биологӣ ва ҷузъҳои онро ҳамчун ягона сарчашмаи таъмингар ва ғанигардонандаи ҳавои атмосфера бо гази оксиген медонанд. Талаботи дигари Конвенсия аз он иборат аст, ки ҳама кишварҳои аъзо бо дарки моҳияти гуногунии биологӣ барои эволютсия ва нигоҳдории системаҳои биосферии нигаҳдорандаи ҳаёт, бояд нигоҳдории гуногунии биологиро ҳамчун вазифаи умумии тамоми башарият дар мадди назар дошта,ба он ҳамчун пояи зиндагӣ ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Тоҷикистон чун кишвари куҳистон дорои иқлими нисбатан гарму сарди куллан фарқкунанда, барои рушди гуногунии биологӣ хело осебпазир мебошад. Коста шудани гуногунии биологӣ ба вайрон шудани мувозинати экологиву иқтисодиву иҷтимоӣ оварда мерасонад, дар ҳоле, ки зиндагии зиёда аз 60 дарсади аҳолии куҳистон аз сифат ва рушди гуногунии биологӣ сахт вобастагӣ дорад. Ёдовар бояд шуд, ки масоҳати ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаро аз 0, 4 фоиз то 27 % васеъ намуд, ки ин яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо барои беҳдошт ва устувории мувозинати экологӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра пеши роҳи нобудшавии намудҳои нодир тавассути зиёд намудани иқтидори нозирони табиат дар мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷангал, ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда гирифта шуд. Баҳисобгирӣ ё гузаронидани мониторинги солҳои 2020 ва 2021 нишон дод, ки ба зиммаи дӯстдорони табиат ва ташкилотҳои маҳаллӣ вогузор шудани ҳифзи ҳайвоноти нодир, дар заминҳои шикоргоҳҳои табиӣ саршумори ҳайвоноти шикорӣ аз 3% то 7% зиёд гардида, шикори ғайриқонунӣ аз 5% то 7% кам шудааст.
Дар минтақаҳои сайёраи Замин баъди солҳои 1980 – 1990 ҳолатҳои буриши беҳадафи ҷангалзорҳо, хароб намудани чарогоҳҳо ва табдил додани онҳо ба биёбон боиси аз байнравии олами набототу ҳайвонот гардида, ба гардиши биологии дуоксиди карбон, метан, нитроген, хлор, сулфур, гидроген, оксиген, гидрогенсулфид тағйироти манфӣ ворид намуд.
Пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим, ба биёбоншавии заминҳо, обхезиҳои бесобиқа, сӯхторҳои васеъмиқёси ҷангалзорҳо мутаассифона бозгӯи ҳолати воқеъии зиндагии мост. Конвенсияи гуногунии биологӣ барои барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ имконият фароҳам меорад.
Бо истифода аз мақолаҳои маҷаллаи “Инсон ва табиат” (№ 9-10, (129) майи соли 2021) – нашрияи Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳия шуд.
Б.Шафеъ