preloader

интизор шавед...

Аҳамияти офитҳо дар иқтисоди кишвар

  • 28-сен-2024
  • 125 дидани саҳифа

Аз ҷониби геологони Экспедитсияи геологӣ-иктишофии сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои серпентинит дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ, Қаромазор, Мурғоб, Ишкошим, Ванҷ ва Дарвоз ошкор кард шудаанд.

Тайи солҳои 2022-2023 бо ҳамкорӣ бо геологони Экспедитсияи геологӣ-иктишофии сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъи Бағуши болои қаторкӯҳи Ишкошим мо як санги карбонатитмонандро муайян намудем, ки бори нахуст ба қалам додем. Андозаҳои он ба тӯл то 25 м ва паҳнояш 4-5 м буд.

Минерали Офит яке аз навъҳои маъмули серпнтинит мебошад. Номи он аз калимаи лотинии серпенс-мор гирифта шудааст. Ранги санг ба ранги пӯсти мор монандӣ дорад. Офит маъдани мулоим  буда, ба осонӣ харошида мешавад  ва санги нозук аст. Дар офтоб ё дар муҳити чанголуд, он метавонад ҷолибияти худро гум кунад, аз ин рӯ маҳсулот бо ин санг муносибати эҳтиёткоронаро талаб мекунад. Офит  асосан аз минералҳоигурӯҳисерпентинваомехтаикарбонатҳоиборатаст, аммобаъзанбаонгранат (Беҷодагранат (аз лот. granatus), норсанг (форсӣ) —  оливин, пироксен, амфибол (аз юн.-қад. ἀμφίβολος), талк (анг. talc), инчунин минералҳоимаъданимагнетит, хромитва ғайрадохилмешаванд. Олимон қайд намудаанд, ки гуногунии рангҳоисабзазмавҷудиятиинё он омехтаҳоиминералӣ вобастааст. Масалан, ранги сафед аз мавҷудияти рагҳои шохаҳои калтсит ё доломит вобаста аст.

Серпентинит ба гурӯҳи сангҳои ороишу руйкашӣ дохил мешавад. Аз он маснуоти ҷавоҳирӣ  (шадда, нигин) сандуқча, ҷом, шамъадон, тахтасангҳои руйи миз ва воситаҳои ороиши иморатҳо тайёр мекунанд.

Офитро барои ҳаммом  низ истифода мебаранд. Санг зуд гарм мешавад ва оҳистабамуҳитиатроф ҳарорат медиҳад. Инчунин, афзалияти офит хосиятҳоиантисептикиионмебошад, киба безарар кардани об ва ҳавои ҳуҷраимконмедиҳад.

Тибқитаснифотизаргарӣ ва ороишӣ, офитсангиороишӣ низмебошад. Заргароназинсанг ҷавоҳиротмесозанд, киаксарвақтсангҳоро бо нефрит омехта мекунанд.

О. Баҳодурова,

Ф.Меҳробшоев,

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ


Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту