preloader

интизор шавед...

Оё астероиди 2024 PT5 ба Замин хатар хоҳад дошт?

  • 28-сен-2024
  • 174 дидани саҳифа

Як сайёрак (астероид) бо қутри 10 метр аз масири хеле наздик (албатта, тибқи стандартҳои кайҳонӣ) ба сайёраи мо -Замин мегузарад. Вай ҳангоми наздик шудан ба Замин масири ҳаракати худро тағйир медиҳад ва муддате дар фазо чун як маҳвораи замин боқӣ мемонад. Ҳузури ин сайёрак  шояд муддати қариб ду моҳ, то охирҳои моҳи ноябр (тақрибан то рӯзи 25-ум) идома кунад.

Тахминан рӯзи 25-уми ноябр он дубора аз оғӯши сахти гравитатсияи Замин ҷудо мешавад ва роҳашро ба самте, ки аз сайёраи мо вобаста нест, идома медиҳад.

Мутаассифона, сокинони Замин бо чашмони одӣ наметавонанд ин сайёракро бубинанд, ҳарчанд он муддати ду моҳ меҳмони мост. Сабаб он аст, ки сайёрак ҳаҷман хеле хурд аст ва дар ин масофаи дур чашмони мо қобилияти дидани онро нахоҳанд дошт. Танҳо бо ёрии телескопҳои касбӣ метавон онро ба дурустӣ мушоҳида кард.

Ин астероид аз ҷониби ситорашиносон бо рамзи расмии  2024 PT5 ишора шудааст ва он аз камарбанди Арҷуно – як абри астреоидии ғулпайкар аз сангҳои байни сайёраӣ ва тахтасанҳое бо андозаҳои гуногун парвоз кард, ки мадори онҳо ба мадори Замин хеле  монанд аст.

Баъзан сайёракҳо ба Замин  то масофаи на бештар аз 5 миллион км наздик меоянд. 

Ин астероидро 7 августи соли равон системаи Terrestrial-Impact Last Alert System (ATLAS) мутааллиқ ба Идорати миллии ҳавошиносӣ ва омӯзиши фазои кайҳон (ИМА) мушоҳида шуда буд. Ба муҷарради шиносоӣ шудани он донишмандон фавран суръати ҳаракат ва самти ҳаракати онро мушаххас карданд ва хулосаҳои худро дар маҷаллаи машҳури илмии  Research Notes of the American Astronomical Society чоп карданд. Ва дар ҳисобукитоб олимон аслан хато накарда буданд. Ин сайёрак бо суръати начандон зиёд – 3,5 ҳазор км соат ҳаракат мекард.

Ҷеннифер Миллард, муҷрии подкасти астрономии Би-би-сӣ ба ин назар аст, ки "Он гардиши комил дар атрофи сайёраи мо нахоҳад кард. Танҳо ин ки мадори он каме тавассути сайёраи мо печ хӯрдааст. Аммо ин сайёрак ба масири худ идома медиҳад ва аз мадори сайёраи мо хориҷ мешавад ва ба сафари ҷолиби худ идома медиҳад".

ИН НА АВВАЛИН ҚАМАРИ ХУРДЕСТ ВА НА ОХИРИН

Чуноне ишора рафт, андозаи ин астероид ҳамагӣ 10 метр аст, ки комилан наметавон онро Моҳе номид, ки қутри он ҳудудан 3500 км аст. Ва гуфтем, ки он ба ҳадде хурд аст, ки на дурбин ва на телескопи кӯчаки дасти шумо наметавонад мушоҳида кунад. Ҷенефер Миллард мегӯяд телескопҳои бузурги илмӣ онро мебиннад ва ҳатман дар фазои маҷозӣ аксҳое аз он мунташир мешаванд.

Ин гуна қамарҳои хурдакак қаблан ҳам арзи вуҷуд карда буданд. Аммо ҳолатҳое ҳам буданд, ки онҳо аз назари ситорашиносон дур монданд, мушоҳида нашуданд. Баъзе аз астроидҳои мушоҳидашуда баъди нопадид шудан дубора ҳам пайдо гаштанд.

Аввалин бор астероиди 2022 NX1 соли 1981 ба сурати “қамари хурд” пайдо шуд ва соли 2022 ҳамин сайёрак дубора ба Замин наздик омад. Донишмандон шӯхиомез мегӯянд, ки аз ин рӯ, агар ин бор бароятон муяссар нашуд, ки астероиди 2024 PT5 -ро бубинед, пас нигарон набошед. Он метавонад дубора пайдо шавад. Тибқи пешгӯии ситорашиносон 2024 PT5  алакай соли 2055 мушоҳида хоҳад шуд.  

 

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту